Бахшҳо

Раиси “Тоҷинвест” дар мавриди изҳороти Оҷонсии зидди фасод

Некрӯй Забиров, раиси Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷинвест" изҳороти Оҷонсии зидди фасодро, ки гӯиё дар корхонаи тобеяш 127,1 ҳазор сомонӣ зарари молиявиро ошкор шудааст, нодуруст хонд.

Некрӯй Забиров, имрӯз, 4-уми август дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, 127 ҳазор сомоние, ки Оҷонсии зидди фасод дар бораи он иттилоъ додааст, зарари молиявӣ нест: “127 ҳазор сомонӣ, ин аз даромади корхона 10% гирифта шудааст. Тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон 10% аз фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомӣ пардохт карда мешаванд”.

Забиров гуфт, корхонааш барои пардохти ин маблағ то 1 июл муҳлат дошт: “Тафтишот моҳи май баргузор гардид ва гарчанде мо муҳлат доштем, барои пардохти ин маблағ мо иҷозат додем. Тибқи санади Оҷонсии мубориза бо коррупсия, маблағро мо пардохт кардем, яъне ин зарари молиявӣ нест, пардохт аз даромад аст”.

Қодири Қосим, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ин робита илова намуд, ки “дар корхонаи «Тоҷинвест» пардохт аз даромад сари вақт ҷудо карда нашуд ва ин масъала баъди тафтиш ҷо ба ҷо гардид”.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон хабар дода буд, ки зарари молиявӣ дар Дастгоҳи марказии Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба маблағи 46,8 ҳазор сомонӣ ва дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» ба маблағи 127,1 ҳазор сомонӣ муайян гардидааст.

Оҷонсии зидди фасод ҳамчунин аз фурӯши ғайриқонунии моли давлат дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар дода, аз ҷумла бинои нозироти андози ноҳияи Ванҷро мисол овард, ки ба ивази 14,3 ҳазор сомонӣ бо нақзи меъёрҳои қонунгузории кишвар фурӯхта шудааст.

Қодири Қосим дар шарҳи ин изҳороти Оҷонсии зидди фасод камбудиҳои ошкоршуда дар Дастгоҳи Кумитаро тасдиқ намуда, афзуд, ки маблағи ошкоршуда пурра ба буҷет пардохт гардидааст. Ӯ гуфт, онҳо чанде пеш дар мушовараи Кумита ин масъаларо ҳаматарафа баррасӣ намуда, шахсоне, ки ба чунин камбудиҳо роҳ додаанд, муҷозоти интизомӣ гирифтаанд: “Дар ин самт корҳоро бояд тарзе ба роҳ монем, ки оянда чунин камбудиҳо бартараф гардида, дигар такрор нашванд”.

Қодири Қосим дар мавриди фурӯши собиқ бинои нозироти андози ноҳияи Ванҷ гуфт, ин бино соли 1950 сохта шуда, фарсуда шудааст ва фуруши он дар доираи қонун сурат гирифтааст. Номбурда гуфт, ду сол пеш бо дастури ҳукумат бинои нави Кумитаи андози Ванҷ сохта шуд ва бинои собиқи онро баъди муроҷиати Кумитаи андоз дар доираи қонун ба савдо гузоштаанд: “Деворҳои собиқ бинои нозироти андоз ҳамааш афтодаанд ва ҳамон идора худаш ҳам вуҷуд надорад. Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мактуб ба Кумитаи сармоягузорӣ муроҷиат карданд ва дар асоси қонунҳои амалкунанда мо идораро ба фурӯш баровардем ва як миқдори маблағ ба буҷети давлат дохил шуд”.
Мӯҳр
Дар чои шумо бошам бо агентии зидди фасод бахс намекардам, зеро агар чукурдар кобанд вазьияти хаматон бад мешавад.

Арбоб меданад бо хар боб.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)