Бахшҳо

Палатаи ҳисоб ошкор сохт, ки “мурдаҳо”-и куҷо нафақаи бештар гирифтаанд

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон аз ошкор шудани ҳолатҳои пардохти нафақа баъди марги бознишастаҳо хабар медиҳад. Бино ба иттилои ин ниҳод, чунин ҳолатҳо зимни санҷишҳо дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҳукуматҳои маҳаллӣ бар асоси як ҷаласаи васеи Шӯрои амният ошкор гардидааст.

Манбаъ меафзояд, дар бештари ҳолат масъулини Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва Раёсату шӯъбаҳои он дар шаҳру навоҳӣ аз ҳисоби ёрдампулиҳо барои гӯру чӯби нафақагирони фавтида, бозпас нагардондани маблағи чунин афрод, дар суратҳисоби нафақагирони фавтида нигоҳ доштани маблағ, пардохти нафақа баъди марг, аз меъёрҳои муқаррашуда ва барзиёд пардохт намудани нафақа хисороти ҳангуфте ба буҷа расонидаанд.

Палатаи ҳисоб мегӯяд, давоми шаш моҳи соли равон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон дар маҷмӯъ 374 ҳазор сомонӣ ба номи нафақагирони фавтида сабт шудааст: “Аз ҷумла ба нафақагирони фавтида, ки беасос ҳамчун оилаҳои камбизоат эътироф гардидаанд, ҷуброн намудани истифодаи қувваи барқро ба 689 нафар дар ҳаҷми 69,0 ҳазор сомонӣ, пардохти беасоси кӯмакпулӣ барои дафни 309 нафар 247,2 ҳазор сомонӣ, пардохти нафақапулӣ баъд аз вафоти 68 нафақагир 26,7 ҳазор сомонӣ ва дар суратҳисоби 96 нафар нафақагири фавтида нигоҳ доштани маблағи 31,1 ҳазор сомонӣ ошкор гардид”.

Ба иттилои манбаъ, дар шаҳри Ҳисор бошад, Бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар 8 ҷамоати деҳот беасос 81 оиларо ҳамчун камбизоат пазируфта, ба онҳо кӯмаки унвонии иҷтимоӣ дар ҳаҷми 22,6 ҳазор сомонӣ ва кӯмакпулӣ барои дафн 64,8 ҳазор сомонӣ пардохт кардааст. Ҳамчунин ин ниҳод ошкор кардааст, ки ҳолатҳои ғайриқонунии таъин ва пардохти нафақа дар шаҳри Турсунзода дар 6 ҳолат ба маблағи 14,4 ҳазор сомонӣ, шаҳри Ваҳдат дар 8 ҳолат ба маблағи 3,9 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Вахш дар 12 ҳолат ба маблағи 6,7 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар 32 ҳолат ба маблағи 25,8 ҳазор сомонӣ, инчунин дар суратҳисоби нафақагирони фавтидаи шаҳри Турсунзода беасос нигоҳ доштани маблағи 234,4 ҳазор сомонӣ, шаҳри Ваҳдат 44,4 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Вахш 22,3 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба маблағи 14,5 ҳазор сомонӣ будааст.

Палатаи ҳисоб мегӯяд, аз ҳисоби риоя нагардидани тартиби муқарраршуда ва ҳамоҳангсозии корҳо байни Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва “Амонатбонк” дар 92 ҳолат ба аъзои оилаҳои нафақагири фавтида нафақа 25,9 ҳазор сомонӣ пардохт гардида, дар суратҳисоби 85 нафақагири фавтида 23,7 ҳазор сомонӣ нигоҳ дошта шудааст.

Ин ниҳод дар Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Истаравшани вилояти Суғд зарари молиявиро ба маблағи 51,6 ҳазор сомонӣ муайян намудааст ки асосан аз ҳисоби нисбати меъёрҳои муқарраршуда барзиёд таъин ва пардохт кардани нафақапулӣ, саривақт ба буҷетҳои дахлдор бозпас нагардонидани маблағи нафақагирони фавтида ва бақияи кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)