Бахшҳо

Масъули вазорати тандурустӣ “сир”-и лоғарии кӯдаконро ифшо кард

Шералӣ Раҳматуллоев, сардори раёсати хизматрасонӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сатҳи пасти синамаконӣ дар ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ карда, мегӯяд, ҳамагӣ 34 дарсади кӯдакон танҳо аз шири модар ғизо мегиранд, ки ин нишондиҳанда пастарин мебошад.

Ҷаноби Раҳматуллоев душанбеи 8 август дар нишасти созмонёфтае бахшида ба даҳаи дастгирии синамаконӣ, ки ҳамасола аввали моҳи август таҷлил мешавад, иброз дошт, аксари модарони тоҷик ширеро, ки “солҳои сол дар амборҳои дигар давлатҳо хоб аст ва маълум нест дар кадом ҳолат қарор дорад, гирифта ба тифлонашон медиҳанд”. Ӯ дар идома бо таасуф гуфт, “асрҳои аср дар мо синамаконӣ мушкилӣ набуд, имрӯз мо омада занро маҷбур менамоем, ки кӯдакатро бо шири худат калон кун”.

Аммо ин масъули вазорати тандурустӣ гуфт, бо шири модар таъмин намудани кӯдак танҳо мушкили Тоҷикистон набуда, дар тамоми ҷаҳон мавҷуд аст. Вай афзуд, тадқиқотҳои солҳои охир нишон медиҳад, ки дар даҳсолаҳои охир нишондоди танҳо аз шири модар ғизо гирифтани тифлон дар як сатҳ -- то 40 фоиз қарор дошта, пешравӣ дида намешавад.

Ҷаноби Раҳматуллоев омили асосии фавти зиёд, лоғарӣ, зуд-зуд касал шудани кӯдаконро ба норасоии шири холиси модар рабт дода мегӯяд: “Солҳои баъдиҷангӣ дар кишвар ин ҳолат набуд, 80 фисади занҳо ба кӯдаконашон шири холис медоданд, барои ҳамин кӯдакони лоғару хароб то солҳои 2000-ум кам ба назар мерасид”.

Шералӣ Раҳматуллоев аз таблиғи сартосарии ғизоҳои омехта дар ҷумҳурӣ нигаронӣ карда гуфт, солона дар ҷаҳон барои хариди он 54 миллиард доллар сарф мешавад, ки 41 миллион доллари он ба Тоҷикистон рост меояд: “Хушбахтона дар Тоҷикистон истеҳсол намекунанад, вагарна ягон зан ба фикрам шири сина намедиҳад, ҳама ба ҳамон шири хушк мегузаранд”.

Сардори раёсати хизматрасонӣ ба модару кӯдак ва танзими оила таъкид намуд, ки Худованд дар сураи “Бақара” ҳам овардааст, ки зан вазифадор аст кӯдаки навзодро 24 моҳ бо шири холис таъмин намояд. Раҳматуллоев мегӯяд, кӯдаконе ки бо шири модар калон мешаванд, қобилияти зеҳнияшон 2,5 маротиба аз онҳое, ки маводи омехта истеъмол кардаанд, бештар мебошад. Ӯ аз кулли модарон даъват кард, аз додани ғизоҳои омехта ба кӯдакон даст кашида, танҳо шири холиси худро бидиҳанд: “Ягон чиз дар дунё шири модарро иваз намекунад”.
Мӯҳр
Саид, Точикистон
Охир садкашон бшам занакхои хозира каду басташа нигох карда фигурам вайрон нашавад гуфта, кудакро аз 6 мохаги чудо мекунанд, холо он ки бояд 2,5 ва 3 сол кудак танхо гизои асосиаш шири модар бошад. Пас аз кучо ин кудакоро логар наномид. Озодагон садкат шавам чопаш кун.....

КУДАК ХАМУ ШИРИ МОДАРА НАХУРА ЧИ КОР КУНЕМ???? АЧАБ ПРОФЕССОРХОИ БЕСАВОД ДОРЕМ МО!

Тоҷдор
э вой э вой!!!!!!!!!!!!!
ин забон ин миллат ва ин майҳан соҳиб дошта бошад?!
наход сардори як шуъба ба ин ҳад забонро таҳқир кунад
ба ҷои ин калимаи нозебо (синамаконӣ ) метавонист гуяд истифода аз шири модар ё ширдиҳии модар
ин шахсро бояд раёсати нав ташкил карда раиси умури синамаконии ҷумҳурӣ ном диҳем
кумитаи забон марҳамат баҷои ҷаримаи рузноманигорон ба ин шармандагиҳо посух деҳ!

Бемористон
Охир занхои бечора аз сабаи нарасидани витамину маводи гизои дар баданашону мушкилоти иктисоди не нони дуруст ёфта хуранду не гушту ширу тухм аз кучо шир дода метавонанд. Сабаби хамаи ин касалии модарон аст не инки онхо ба кудаконашон шир надиханд. Агар ин бечорахо шир дошта бошанду касали набошанд ки девона аст ки рафта дар 70 сомон ширии кок харад барои як хафтаи кудакаш

Нои
Масъулини гиромӣ,
Хондани додаҳоро дуруст ёд гиред.
Омори ЮНИСЕФ мегӯяд, ки дар Тоҷикистон 34% кӯдакони то 6 моҳа ТАНҲО АЗ ШИРИ МОДАР ғизо мегиранд, яъне ғайр аз шири модар дигар чизе намехуранд. Давоми ҷадвалро нигоҳ кунед, баъд чӣ мешавад:
Аз 12 то 15 моҳагӣ - 77% кӯдакон дар Тоҷикистон сина мемаканд.
Дар 2 солагӣ - 50%.

Ба ҳисоби умумӣ, ин нишондиҳанда баде нест.
Ҷадвал ин ҷост: https://data.unicef.org/IYCF_July_2016_6588fe.xlsx?file=IYCF_July_2016_65.xlsx&ty

pe=topics

8
иброз дошт, аксари модарони тоҷик ширеро, ки “солҳои сол дар амборҳои дигар давлатҳо хоб аст ва маълум нест дар кадом ҳолат қарор дорад, гирифта ба тифлонашон медиҳанд”.Пас маълум мешавад ки мо махсулотхои пасмонда мехурдем да ачабо?

Dev
Зане ки рузи дароз дар офтоби тафсон , дар замин кор мекунаду гизои хуб надорад , зиндагии хуб надорад чи гуна метавонад пуршир бошад? Ку хукумате,ки модар, занро мухофизат кунад?
ХУкумат, президент бояд ба занхо имтиёзо бидиханд, чун зан ин модар аст .вакте зан худшиноси мекунад аз у албатта фарзанди чусту чолок, хушёру худмесохта ба дунё меояд.Ун зане ки бахои худашро дармеёбад у ба хамун кудакаш худшиноси меомузад. Хусусан ба занхои точик( факат занхо,хукумат аз мардакхо метарсад) ичозаи митингкуниро диханд, занхо метавонанд ба хама мушкилию ба хама тема дахолат кунанд, гуянд, етироз кунанд ,вале ба сиёсат дахолат накунанд ва макомот чун чентелмен ба занхои точикашон,ба занхои давлаташон хизмат кунанд, ери расонанд. Ман фикр мекунам ин ба рафтору кирдори модари точик як кадами чиддие мешад ва дар оянда куллан зани точикро аз мазлумию бечорахоли мерахонад.

мехмон
Имруз аз норасоии гизо дар Точикистон тамоми мачаллаву васоити ахбори чахони менависанд. Шумо шир надодани занхоро ифшо мекунеду бекорию норасоии гизоро намебинед!!!Гуё ин масъаларо чахони карда ифшо намудаед ва ин тачрибаю пешниходи Шумо ягон сирри махсус дошта бошад.
Оё солхои 1970-84- по дар ёд доред? Fамхории хукумати шуравии русхо нисбат ба кудаку модар он замон ба дарачаи аъло буд!!

Ачина
Dev,
Дев ! !митингкуниву гирдихамои факат ба занакхои калушшаппаку туфлизанакхо ичозат дода шудааст.Ин хел дигар нагу,ки ина даьвати оммави меган,мекапан дар куза чоят мекунанд,бо пробка мезанан дар дахони куза,ки набарои!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)