Бахшҳо

Истеъфои бозигари пешини яккачини Тоҷикистон аз мақомаш дар “Локомотив”

Игор Черевченко, сармураббии тими “Локомотив”-и Москва ва собиқ футболбози дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз мақомаш истеъфо додааст. Дар ин бора шабакаи телевизионии “Дожд” бо такя ба манобеаш аз маъмурияти даста иттилоъ додааст.

Манбаъ мегӯяд, истеъфои сармураббӣ дар ҳолест, ки “Локомотив” дар марҳалаи дуюми пример лигаи Русия бозии дуюмашро бо дастаи “Том” мусовӣ -- 2:2 анҷом дод. Раиси шӯрои директорони “Локомотив” дар суҳбат бо “Р-Спорт” тасмими Черевченкоро аз рӯи эҳсос хонда гуфтааст, “Черевченко мехоҳад аз мақомаш равад, аммо клуб бо ӯ дар бораи истоданаш дар даста гуфтугӯ карда истодааст. Бо вуҷуди ин, агар ӯ клубро тарк кунад, “Локомотив” аз ин қарор ғамгин хоҳад шуд”.

Қаблан хабаргузории “ТАСС” дар бораи баргузории шӯрои директорони “Локомотив” рӯзи 10 август иттилоъ дода буд, ки дар он масъалаи истеъфои президенти клуб Олга Смородск баррасӣ мешавад. Черевченко аз моҳи июни 2015 ба ҳайси сармураббии “Локомотив” фаъолият мекард. Ӯ дар ин мақом Леонид Кучукро иваз намуда буд. “Локомотив” таҳти роҳбарии Черевченко моҳи майи соли гузашта Ҷоми Русияро соҳиб гашт.

Игор Черевченко 42 сол дошта, писари Геннадий Черевченко, аз бозингарони маъруфи дастаи “Помир”-и Душанбе аст, ки то кӯч бастани хонаводааш аз кишвар дар солҳои 1993-1994 дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекард.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)