ШУМО БИГӮЕД, ба садо, ишваю ноз ва маҳорати раққосии Зарнигор чӣ назар доред (ВИДЕО)
Бархе корбарони “Озодагон” дар навиштани шарҳҳо маҳорати хос доранд. Навиштаи онҳо ҳатман таваҷҷуҳи хонандаҳои дигарро ба худ мекашад ва атрофи он вокунишҳо ба вуҷуд меоянд. Баъзан, комментнависон паҳлуҳои дигари мавзӯи баррасишударо ба баҳс мегиранд ва матлабро ба гунае комил мегардонанд. Зиёд мешавад, ки корбарон муаллифони матлаби “Озодагон”-ро интиқод мекунанд ва ба фаъолияти торнамо эрод мегиранд. Зери 27008 матлаби “Озодагон” то имрӯз 70549 шарҳ навишта шудааст...
Бо назардошти ин ҳама, фикр кардем, агар тарҳе роҳандозӣ шуда, танҳо худи корбарон назару андешаи худро бигӯянд, беҳтар бошад. Ба ин тарҳ “Шумо бигӯед” ном гузоштем ва ҳоло аввалин нашри он бо пешниҳоди як клип вориди майдони баҳс хоҳад шуд. Дар мавриди садои овозхон, мусиқӣ, ҳунари коргардон ва умуман ҳарчии вобаста ба ин клип андешаи худро бинависед. Аммо шарҳҳо бояд орӣ аз таҳқиру ҳақорат бошанд. Муваффақ бошед!
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |