Бахшҳо

Олими австралиягӣ “асрор”-и сементбарории чиниҳоро дар Тоҷикистон ифшо кард

Ширкатҳои истеҳсоли сементи Чин ба хотири камдаромад шудани ин навъи саноат дар ин кишвар имкониятҳои навро дар кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон меҷӯянд.

Ин нуктаро Дирк ван дер Клей, пажуҳишгари Донишгоҳи миллии Австралия дар умури сиёсати Чин дар Осиёи Миёна дар як мақолаи худ навиштааст. Ӯ гуфтааст, сармоягузорони Чин саноати истеҳсоли сементи Тоҷикистонро дучори тағйири куллӣ карданд: “Корхонаҳои чинӣ истеҳсоли сементи Тоҷикистонро дар миёни солҳои 2013-2015 панҷ баробар бештар карданд”.

Муаллифи матлаб ба таҳлили интиқоли корхонаҳои истеҳсоли сементи Чин ба Осиёи Миёна пардохта, навиштааст, ки дар Чин ширкатҳои истеҳсоли семент даврони сахтеро паси сар мекунанд: “Даромади онҳо коҳиш ёфтааст. Корхонаҳое, ки ба олудашавии ҳаво мусоидат мекунанд, маҷбур ба басташавӣ ё пардохти ҳазинаи зарар ба табиат мешаванд. Истеҳсоли семент яке аз саноатҳои олудакунандаи муҳити зист буда, мунҷар ба буҳрони тандурустӣ мешавад”.

Пажуҳишгари Донишгоҳи миллии Австралия бо ишора ба ин навиштааст: “Истеҳсолкунандаҳои чинӣ дунболи бозорҳое ҳастанд, ки онҷо нархи семент гарон ва рақобат заиф мебошад. Тоҷикистон барои теъдоде аз сармоягузорҳои Чин бозори муносиб аст. Аммо, бозори кучаки дохилӣ, фасоди ҳукмфармо ва рақобати дар ҳоли афзоиши корхонаҳои чинӣ дар Осиёи Миёна фурсатҳоро барои тавсеаи бештар маҳдуд мекунад. Саноати сементи Тоҷикистон пас аз фурӯпошии шӯравӣ дучори рукуд шуд. Миллионҳо тоннаро аз Покистон, Эрон ва Қазоқистон ворид мекард”.

Ба навиштаи Дирк ван дер Клей ҳукумати Чин дар доираи тарҳи камарбанди иқтисодии “Роҳи абрешим” корхонаҳои истеҳсоли сементро дар берун, аз ҷумла дар кишварҳои масири “Роҳи абрешим” дастгирӣ мекунад: “Осиёи Миёна яке аз минтақаҳое мебошад, ки метавонад барои расидан ба бозорҳои Аврупо ва Ховари Миёна роҳ кушояд. Аммо, арзёбӣ кардани таъсири тарҳи “Як камарбанд як роҳ” ба сармоягузорҳои Чин дар Тоҷикистон душвор аст. Теъдоди каме аз сармоягузорҳои Чин барои корхонаҳои истеҳсоли семент шартнома имзо карданд ва чанде аз онҳо воқеан корхона бунёд карданд. “Хуаксин семент” соли 2011 барои сохтани корхонаи истеҳсоли семент (1.2 тон дар як сол) шартнома имзо кард. Корхонаи дуввуми ин ширкат моҳи марти соли 2016 дар шимоли кишвар ифтитоҳ шуд ва яке дигар қарор аст дар шаҳри Данғара кушода шавад. Як тарҳи сармоягузории дигар байни “Zhejiang” ва “Тоҷик семент” баста шудааст”.

Дар мақолаи Дирк инчунин гуфта шудааст: “Корхонаҳои чинӣ ангиштро барои истеҳсоли семант ангиштро ҳамчун маводи сӯхт истифода мебаранд. Ин корхонаҳо иддао доранд, ки технологияи навтаринро барои ҳифзи муҳити зист истифода мебаранд. Ва ин маълум аст, ки онҳо дар қиёс бо корхонаҳои собиқи сементи Тоҷикистон технологияи тозатар доранд. Бо вуҷуди ин иҷрои муқаррароти муҳити зисти Тоҷикистон суст аст ва маҳдудиятҳои давлат тасдиқ кардани инро душвор мекунад”.

Ба навиштаи муаллиф корхонаҳои нав судовар мебошанд. Ӯ аз нақли мудири кулли ширкти “Хуаксин” навиштааст, тарҳи ӯ тӯли як сол самарабахш шудааст: “Нархи семент дар Тоҷикистон назар ба Чин ва Осиёи ҷануби шарқӣ гаронтар астанд. Илова бар ин бештари сармоягузорони сементи Чин дар Тоҷикистон аз имтиёзоти андоз бархӯрдоранд”.

Пажуҳишгари австралиягӣ илова намудааст, ки ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳо камтар мавриди хусумат қарор мегиранд: “Дар Қирғизистон ва Қазоқистон эътирозҳо алайҳи ширкатҳои чинӣ мутаносибан ҷоуфтода аст. Ин чиз дар Тоҷикистон шояд ба далели идораи сатҳи баландтари автократӣ камтар бошад”.

Аммо нигаронии қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки ширкатҳои чинӣ тоҷикҳоро ба кор кам мегиранд: “Ширкати “Хуаксин” гуфт буд, ки дар корхонаи якуми худ 1 ҳазор ҷойи корӣ эҷод мекунад. Аз боздидҳое, ки ба тарҳҳое саноатии Чин доштам ҳам коргарони маҳаллӣ ва ҳам чиниро медидам. Ин якҷоягӣ аз ширкатҳо вобаста аст, аммо тоҷикҳо бештар ба корҳои ғайриихтисосӣ кор мекунанд. Муҳандисон ва кормандони бомаҳораташ чиниҳо мебошанд. Ба таври истино ҷустуҷӯ дар шабакаи “LinkedIn” нишон медиҳад, ки бештари кормандони аршад ва мудирони ширкати “Huawei” тоҷикҳоянд. Албатта, коргарони бемаҳорати чиниро низ дар Тоҷикистон дучор шудан имкон дорад”.

Ба мушоҳидаи ин пажуҳишгар Тоҷикистон дар ҳоли таҷриба кардани сохтусози биноҳо аз ҳисоби пули муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия аст. Новобаста аз ин бозори кучаки Тоҷикистон барои Хуаксин ва истеҳсолкунандаҳои дохилии Чин роҳҳал нест. Муаллиф навиштааст, ки ягона роҳ барои ширкатҳои чинӣ ин содир кардани маҳсулот ба кишварҳои дигар мебошад: “Корхонаҳои чинии истеҳсоли семент дар Тоҷикистон маҳсулоти худро ба таври озмоишӣ ба Афғонистон, Қирғизистон ва Узбакистон содир кардаанд. Ҳукумати Тоҷикистон талош дорад то соли 2020 ба содиркунандаи семент табдил шавад”.

Аммо, ба гуфтаи Дирк ван дер Клей, инҷо маҳдудиятҳое ҷой доранд. Ширкатҳои чинӣ сохтани корхонаҳо сементро дар минтақа зиёд ва рақобатро бештар мекунанд. Ванг Шиминг аз ширкати Хуаксин талош мекунад аз рақобати корхонаҳои сементи Тоҷикистон ва Чин ҷилавгирӣ кунад: “Баъдан фасод монеи сармоягузорҳои чинӣ дар Тоҷикистон мешавад. Мусоҳибаҳои сармоягузорҳои чинӣ нишон медиҳанд, ки онҳо дар корҳои тиҷоратии рузмарраи худ дучори фасод мешаванд. Илова бар ин лозим аст, ки дар Тоҷикистон бояд аз пуштибонӣ бархӯрдор бошӣ ё ҳозири аз бозор берун мондан бош. Мувофиқи эълони ширкати “Шанфенг Семент” пас аз он, ки санади лозимро аз ҳукумати Тоҷикистон гирифта натавонистааст, маҷбур ба қатъ кардани тарҳи семент бо шарики маҳаллии худ шудааст”.

Муаллиф дар хулосаи матлабаш навиштааст: “Ноустувории иқтисодӣ ҳамчун як мушкил боқӣ мемонад. Пулҳои интиқолӣ аз Русия дар солҳои ахир коҳиш ёфтанд. Ин боиси кам шудани талабот ба семент мешавад. Ҳамчунин ба поину боло рафтани қурби сомонӣ мусоидат мекунад. Ин мушкилиҳо маънии онро доранд, ки бештари тарҳҳои фоидаовари Тоҷикистон метавонанд гирифта шаванд. Аммо, семент ба ҳайси як саноати дар ҳоли равнақ боқӣ мемонад”.
Мӯҳр
Хитоихо дар кору ободиву дар вакти ваъдаашон додаги ичро мекунанд.Хитоихо хазорон бор бехтар аз Русия аст.Русхо ваъда медиханду ичро намекунанд вакт мегузаронанд дуруг мегуянд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)