Бахшҳо
12 авг 2016 16:41Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Шарҳи мақомот дар бораи марги Рамазон: 2 нафар боздошт шуданд

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот марги Рамазон Забиров, сарбози қисми ҳарбии 2857-и ниҳоди мазкурро шарҳ додааст.

Тавре аз қушунҳои сарҳадӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Забиров Рамазон, сокини ноҳияи Ҳисор баҳори соли равон ба хидмат ҷалб шуда, дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд адои хизмат мекардаст.

Қушунҳои сарҳадӣ иддаоро, ки гӯиё мақомот аз шарҳи қазия худдорӣ мекунанду ҷасадро бидуни шарҳи сабаби марг ба наздиконаш супоридаанд, беасос хонданд.

Ин ниҳод дар шарҳи қазия овардааст, ки субҳи 5 августи соли 2016 ҳангоми бархестани ҳайати шахсӣ аз хоб, маълум мегардад, ки сарбози қаторӣ Забиров Рамазон Зокирович нафас намекашад: “Маълум карда шуд, ки сарбоз вафот кардааст. Худи ҳамон рӯз барои таҳқиқи фавти Забиров комиссияи махсус бо сарварии Прокурори ҳарбии гарнизони Суғд дар ҳайати 8 нафар ташкил шуд”.

Қушунҳои сарҳадӣ таъкид карданд, ки феълан ду сарбози қисми ҳарбии 2857 ҳамчун гумонбар дар марги Забиров боздошт шудаанд: “Агар сабаби марги Забиров дар пайи лату куби ин ду сарбоз тасдиқ шавад, нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз мегардад. Ҳоло қазоват кардан дар бораи марги Рамазон Забиров барвақт аст ва бояд то муайян шудани хулосаи ташхисгарон мунтазир монд”.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон инчунин афзуданд, ки барои интиқоли ҷасади сарбоз ба Ҳисор гурӯҳи корӣ бо сарварии фармондеҳи қисми ҳарбии 2857 ташкил карда шуда ба деҳаи Туда, ҷамоати деҳоти Мирзо-Ризои шаҳри Ҳисор сафарбар гардидаанд: “Ҳангоми супоридани ҷасад ба Забировҳо, командири қисми ҳарбии 2857, муовини Раиси ҳукумати иҷроияи давлатии шаҳри Ҳисор, комиссари ҳарбии шаҳр, раиси ҷамоати деҳот, имомхатиби масҷиди ҷомеаи деҳа ва хешовандони сарбоз иштирок доштанд”.

Мақмоти марзбонӣ илова намуданд, ки тибқи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон, барои фавти сарбоз рӯзҳои наздик ба падару модари ӯ маблағи пулии муайяншуда дода мешавад: “Таҳқиқи ин қазия зери назорати шахсии фармондеҳи қушунҳои сарҳадӣ қарор дорад”.


Акс аз "Озодӣ"
Мӯҳр
2200 СОМОНИ медиханду реклама низ мекунанд дар хама сомонахо. Шумо писари ин бечораро ки шах карда ба аскари рафон кардан кани зинда кунед? Ана барои чи бачахо аз аскари мегурезанд. Гап дар сари он ки чунин бардак дар аскари хасту вазири мудофиа аз кор намеравад.

мухочир
То он вакте ,ки барои марги хар як сарбоз 100000сомони ба назидконаш дода нашавад ,ин кушторхо давом кардан мегирад. Хозир мумкин 1000сомон медиханд тамом!!!(агар 100000сомони давлат дихад 1-бор дуюмбор харгиз сарбозро зада намекушанд)

мусофир
ХУДО ГИРАД ХАМИН ПУЛУ. МОЛИ ДУНЁРА ....О ХАЙФИ ХАМИН ЧАВОНИ ГУРАМАРГ...ОХИР ХАМИН ЧАСТХОИ ХИЗМАТИ РОХБАР ДОРАД ЧАРО ХУНКНАЗАРИ МЕКУНАНД НИСБАТИ САРБОЗОНИ ЧАВОН . ки дар дил сад орзуву хавас дошт ....КУЧО ШУД ОДАМУ ОДАМГАРИ РАФИКОНИ АЗИЗ ВА ХАМВАТАНОНИ АЗИЗ...АЗ ХАМИН ХИСОБ БАРАКАТА ХУДОВАН АЗ МОВУ ШУМО БАРДОШТААСТ....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)