Бахшҳо
15 авг 2016 08:36Тоҷикистон / Сиёсат

Зикри насаби як шаҳрванди Тоҷикистон дар парвандаи пурсарусадои Бобак Занҷонӣ

Додситони умумӣ ва инқилоби Теҳрон дар робита ба парвандаи Бобак Занҷонӣ, миллиардери маҳкумшудаи эронӣ насаби як шаҳрванди Тоҷикистонро ҳам зикр кардааст.

Аббос Ҷаъфарии Давлатободӣ
дар ҳафтумин нишасти додситони умумӣ ва инқилоби Теҳрон аснои суҳбат дар мавриди Занҷонӣ аз “Рустамов”, як шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ном бурдааст. Дар пайи ин хабар расонаҳои эронӣ Рустамовро “шарики ношинохтаи Занҷонӣ дар Тоҷикистон” гуфтаанд. Ба ин тартиб, додситони Теҳрон бо ишора ба ин ки Рустамов бахши бузурге аз амволи Бобак Занҷониро дар тасарруф дорад, гуфтааст, ҳамкории лозимро бо додситонии Теҳрон дар бозгашти амвол ба Вазорати нафт накардааст ва эълом дошта, ки дар сурати супурдани васиқа Бобак Занҷонӣ бояд озод шавад. Аббос Ҷаъфарӣ дар ин робита гуфтааст: “Аҷабан, ки имрӯз бархе афрод, ки тарафи парванда нестанд, барои дастгоҳи қазоӣ шарт ва шурут мегузоранд, ки агар мо васиқа супурдем, мутаҳҳам бояд озод шавад”.

Пойгоҳи хабарии “Офтоб”, ки Рустамовро шарики Бобак Занҷонӣ дар Тоҷикистон донистааст, менависад, аввалин бор номи ӯ 11 октябри соли 2015 дар дувоздаҳумин ҷаласаи додгоҳӣ бурда шуд. Ин расона аз қавли Муртазо Тураг, муовини додситони Теҳрон навиштааст, “оқои Занҷонӣ эълом карда буд бо шахсе ба номи Рустамов мулоқот кунад, то масири пардохти бидеҳиро ба ӯ биомӯзад. Ин дархост фароҳам шуд, аммо боз ҳам аз бозгашти пул хабаре набуд. Дар торихи 3 август 2014 мукотибае бо вакили мадании худ дар Туркия анҷом дод ва эълом кард бо таваҷҷуҳ ба ин ки қарор аст 2,2 миллиард евро ба василаи Рустам ва аз тариқи бонки “Kunlun”-и Чин ворез шавад, шумораи ҳисобҳоеро ба вай эълом кунед, то ин кор сурат гирад. Дар торихи 5 августи соли 2014 ҷонишини ӯ ин дастурро иҷро кард ва бо вуҷуди анҷоми корҳо ҳанӯз аз пул хабаре нест”.

Ба навиштаи манбаъ, пас аз ин номи ин шарики хориҷӣ аз забони вакили ширкати нафт шунида шуд ва ӯ гуфтааст: “Шунидаем яке аз шуракои тоҷикистонии Бобак Занҷонӣ ба номи Рустам гуфта, ҳозир аст аз тариқи бонки “Kunlun” замонатноме содир кунад, ки баъд аз як сол метавон онро ба даст овард. Албатта, Рустам барои судури ин замонатнома шарт ҳам гузошта буд: “Рустам, шарики тоҷикистонии Бобак Занҷонӣ эълом карда, ки ҳозир аст замонатномаи Бобак барои пардохти бидеҳии шарикаш содир кунад, аммо бо ин шарт, ки ба маҳзи имзои замонатнома, Занҷонӣ аз зиндон озод шавад”.

Хабаргузории “Офтоб” инчунин навиштааст: “Дар ҳамин гиру дор вакили мудофеи Бобак Занҷонӣ бо интиқод аз расонаӣ шудани омодагии шарики тоҷикистонии мувакилаш мабнӣ бар судури замонатномаи бонкӣ ва озодии Занҷонӣ ба маҳзи судури замонатнома иддао кард, ки ин мавзӯъ маҳрамона буд ва дар тамоми музокироту нишасту гуфтугӯву мукотибот бар ҷанбаи маҳрамона будани қазия таъкиди фаровон шуда буд. Ба вижа ин ки бонкҳое, ки қарор аст дар ин кор ҳамкорӣ кунанд ва шарикони Занҷонӣ мулоҳизоти хоси сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятии худро доранд. Мутаассифона, дар торихи 24 июл 2011 мудири ҳуқуқии ширкати нафт бо хабаргузории “Шоно” мусоҳиба кард ва аз чанд кишвар ном бурд, мабнӣ бар ин, ки бо бархе бонкҳои фалон кишвар мукотиба шудааст. Фардои он рӯз хабарнигорон аз масъулони он бонки хориҷӣ суол мекунанд, ки оё Занҷонӣ дар инҷо пул дорад ё хайр? Онҳо ҳам дар маъзурият қарор мегиранд ва ин эъҷоди мушкил мекунад”.

Бобак Занҷонӣ, аз сармоядорони эронӣ аст, ки ширкатҳои “Kont group Tajikistan”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” дар Тоҷикистон ба ӯ нисбат дода мешавад. Ӯ 30 декабри соли 2013 дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Моҳи марти соли 2016 расонаҳои эронӣ аз қавли сухангӯи Қувваи қазоии Эрон навиштанд, ки додгоҳи ибтидоӣ Бобак Занҷониро ба марг маҳкум кардааст. Аммо 9 март Мустафо Пирмуҳаммадзода, вазири адлияи Эрон гуфт, агар Занҷонӣ бо мақомоти додгоҳӣ ҳамкорӣ кунад, ҳукмаш бозбинӣ хоҳад шуд.
Мӯҳр
Орифбой
Рустам ин писари Оймахмадов буда, дар асл сармояи Занчониро у сохиби менамояд...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)