Бахшҳо

А.Давлатов: Одаме, ки ба неруи худ боварӣ дорад, агар душманашро афтонд, ӯро лагадкӯб намекунад

Додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти ахири хабариаш гуфт, ҷонибдори эҳёи ҳукми қатл аст. Зимнан, “Озодагон” аз соҳибназарону коршиносон пурсид: ЭҲЁИ ҲУКМИ ҚАТЛ ДАР ИН ШАБУ РӮЗ ЧӢ ЗАРУРАТ ДОРАД ВА БА МО ЧӢ МЕДИҲАД?

Шокирҷон ҲАКИМОВ, ҳуқуқшинос
Дар шароити Тоҷикистон ягон зарурат барои эҳёи ҳукми қатл нест. Коррупсия, набудани адолати судӣ, сатҳи пасти дониши судяҳо, маҳалгароӣ, дахолати ғайриқонунии омилҳои гуногун ба судяҳо ва хатоиҳо зимни баррасии парвандаҳо дар мурофиаи судӣ боиси он мешаванд, ки аз ҳукми қатл сӯиистифода шавад. Иваз кардани ҳукми қатл ба ҳабси абад имкон медиҳад, ҳангоми зарурат ва ошкор шудани хатои судя, он ислоҳ карда шавад.

Шуҳрат ЛАТИФОВ, коршинос
Дар мавриди ҳукми қатл баҳсҳо зиёданд. Дар Амрико бо вуҷуди маркази демократияи ҷаҳон будан ҳукми қатл пойбарҷост. Дар Аврупо, ки яке аз шартҳои асосии шомил будан ба Иттиҳоди Аврупо набудани ҳукми қатл аст, сол аз сол тарафдорони ҳукми қатл зиёд гашта истодааст. Ба ин масъала аз ду дид бояд назар кард. Якум аз нигоҳи ҳуқуқи башар, дуввум аз нигоҳи ҷабрдидаи ҷиноятҳои вазнин. Аз нигоҳи ҳуқуқи башар зид, лек аз нигоҳи ҷабрдидаҳои ҷиноятҳои вазнин тарафдорам. Ман шахсан тарафдори ҳукми қатл мебошам, зеро соли 1993 бародарамро аз даст додаам.

Абдуманон ШЕРАЛИЕВ, таҳлилгар
Дар асл зиди ҳукми қатл нестам, чун шариъат барои бархе аз гуноҳҳо ин намуди ҷазоро таъйин кардааст. Аммо барои имрӯзи Тоҷикистон на танҳо зидди ҷорӣ шудани ҳукми қатл ҳастам, балки таррафдори манъи ҳукми беш аз 5 соли зиндонам. Чун аксари онҳое, ки дар Тоҷикистон равонаи зиндон мегарданд, бегуноҳанд. Ба хотири ин аксарият, нисбати гуруҳи кӯчаке, ки воқеъан гунаҳкоранд, мешавад чашм пӯшид. Албатта хуб мебуд ҳукми қатл танҳо нисбати додситону қозиҳое, ки аз мансаб сӯиистифода мекунанд, ҷорӣ шавад, аммо метарсам, ки танҳо чанд додситону қозии содиқ бо сабаби напайвастанаш ба артиши фасод эъдом мешавад.

Абдумалик ҚОДИРОВ, коршинос
Фикр накунам, ки Додситони кулл бо ҷонибдориаш аз ҳукми қатл мавқеи расмии кишварро изҳор карда бошад. Тоҷикистон давлати дунявӣ аст ва ҷонибдории худ аз манъи ҳукми қатлро кайҳо баён кардааст. Ман аслан ҷонибдори ҳукми қатл нестам ва ҳеч гоҳ нахоҳам буд. Ҳукми эъдом нишонаи зурии ақл нест, он танҳо аз зӯрии бозу далолат мекунад. Танҳо онҳое ба ин кор даст мезананд, ки дигар наметавонанд аз роҳҳои мутамаддини пешгирии ҷиноят кор бигиранд. Баъдан, ҳукми қатл ва ё эъдом аз ҷазоҳоест, ки дар сурати амалӣ гаштанаш, ислоҳ намешавад. Яъне, эъдомшударо бозпас ба ҳаёт баргардонидан мумкин нест. Яъне, эълони чунин ҷазо аз судя масъулияти ниҳоят баландро талаб мекунад, ки мутаассифона мо онро дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон дида наметавонем. Бо ин ҳама ҳукмҳои тӯлонии зиндон, ки судяҳои мо имрӯз ба қавле “пачка-пачка” мебароранд, ман тасаввур карда наметавонам, ки агар чунин ҳукм раво бошад, аҳволи “гунаҳкорони сиёсӣ”-и мо чӣ мешуда бошад. Охир мо фарҳанги таҳаммули дигарандешӣ надорему гумон мекунем, ки “хар ки бо мо нест, душмани мост” ва “душманро бояд нест кард”. Аз ин рӯ, фикр мекунам ҳукми қатл барои ҷомеаи мо зарурате надорад. Ҷони одам бозича нест, ки, агар шикастӣ, рафта аз ҳар мағоза онро харида тавонӣ.

Абдулло ДАВЛАТОВ, раиси Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия
Қатл ба касе чизе надодааст, ки ба мо (манзурам Тоҷикистон) диҳад. Ин ҷавоб ба қисми дуввуми саволатон. Пеш аз посух ба қисми аввали саволатон қайд кунам, ки дар замони ҷанг мегӯянд: "агар душманро наппарондӣ, ӯ туро мепарронад". Худи ҳамин фаҳмиш гувоҳи он аст, ки як нафар нафари дигарро аз тарс ба қатл мерасонад. Маълум аст: одаме, ки ба неруи худ боварӣ дорад, агар душманашро афтонд, ӯро лагадкӯб намекунад. Чаро ки боварӣ дорад: бархесту хашм кард, дубора меафтонадаш. Танҳо нафарони заъифе, ки аз тавони худ дилпур нестанд, ҳарифи афтидаро лагадкӯб мекунанд ва ё мекушанд. Аз ин ҷост, ки дар замони ҷанг аввал мардонеро ба қатл мерасонанд, ки тавони ақлӣ ва ё неруи ҷисмонӣ доранд. Хулоса, чи дар сатҳи хусумати инфиродӣ ва чи дар сатҳи давлатӣ, ба қатл расонидани инсон - ин нишонаи нотавонӣ аст. Давлат бояд пешгирӣ кунад, то ҷиноят кам шавад, на ин ки зулмро беандоза кунаду ҷиноятзо бошад ва баъд ҷинояткардаро эъдом кунад. То ҷое ман иттилоъ дорам, дар Тоҷикистон рӯзафзун ҷинояткорӣ ва худкӯшӣ зиёд мешавад. Яъне, бояд сабаби чунин вазъ таҳқиқ гардад ва аз ин фоҷиа пешгирӣ карда шавад. На ин ки аз принсипи кории Сталини хунхор "Одам нест - мушкилӣ нест" истифода кунанд.

Мирғиёс АҲРОРОВ, ҳуқуқшиноси Созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Красноярски Русия
Тавре маълум аст, Тоҷикистон яке аз он давлатҳое мебошад, ки соли 2004 ба ҳукми қатл моротория эълон кард ва онро баъдан ба ҳукми якумра, яъне алтернативаи ҳукми қатл иваз намуд, ки барои категорияҳон ҷиноятҳои махсусан вазнин пешбинӣ гардидааст. Аммо Тоҷикистон узви Конвенсияи байналмилалӣ зидди "эъломияи манъи иҷрои ҳукми қатл" мебошад. Ба ақидаи ман зарурати эҳёи ҳукми қатл дар Тоҷикистон барои бархеҳо айни муддаост, шояд мехоҳанд бо ҷорӣ кардани ин ҳукми сангини ғайридемократӣ аз мухолифин, равшанфикрони гапнодаро халос шаванд, дар дигар ҳолат ман зарурати эҳёи ин ҳукмро намебинам. Имрӯзҳо пӯшида нест, ки дар Тоҷикистон маҳбусони сиёсӣ хеле зиёданд. Нафарони зиёде ҳастанд, ки бо парвандаҳои фармоишиву сохтакоронаву аҳмақона бе мавҷудияти далелҳои кофӣ дар кунҷи зиндон умр ба сар мебаранд. Шояд мехоҳанд бо эҳёи ин ҳукм мухолифину равшанфиконро тарсонанд. Давлате, ки сохташ дар ҳақиқат демократии ҳуқуқбунёд бошад, наметавонад бе мухолифин ва бе мунаққид, бе равшанфикр арзи вуҷуд дошта бошад.
Мӯҳр
Чага
Ман тарафдори хукми катл хастам. Зеро ки агар кас донад, ки барои куштан ё гунохи сахти дигар хукми катл намегирад, боз ягон чиноят содир мекунад ё ки хар касро куштан мегирад.

ба Шуҳрат ЛАТИФОВ ва тамоми тарафдорони ҳукми қатл! муҳтарам Шуҳрат ЛАТИФОВ шумо танҳо нестен ки бародаратонро дар соли 1993 аз даст дода бошед агар манзуратон ин ки бародаратон дар ҷанги шаҳрванди кушта шуда бошад ҳатман у ҳам касеро кушта аст. дуюм инки ҳатман ин гапро у додситони кул аз ихтиёри худ нагуфта аст ин гап мисли ҳамон замзамаҳое аст ки чанд моҳ пеш баъзеҳо замзама мекардан ки ба сарқонун тағиру иловаҳо ворид карда шавад тағиротҳое мисли ба 30 поён овардани синни номзад ба мақоми призденти барои рустамҷон ки ин замзама ба ҳақиқат пайваст ва ҳамчунин пешниҳоди мақоми пешвои миллат додан ба эмомали раҳмон. ҳатман ин зам замаи додситони кул пушташ чунин барнома барои эъдом кардани мухолифини сиёсии режими имрузаи кишвар ва ҳамчунин аз байн бурдани исломгароҳо аз байн бурдани рақибон имрузу ояндаи ҳокимони сари қудрат аст ва ман зидди эъдом ҳастам ғайр аз ин агар ин қонун қабул шавад шимолиҳо ки ҷанубиҳро одам намешуморанд ва кулобиҳо ғармиҳову мардуми собиқ вилояти қурғонтеппаро то ҳади тавон ҳукми қатл медиҳанд ин ҳақиқате аст ки инкораш карда намешавад. озодагон матлаби навиштаамро бидуни таҳрир чоп кун агар тарафдори андешаи озод ҳасти. раҳмат!

Ман хамчун шахрванди ЧТ ба суханони одилонаи устоди мух,тарам Абдумалик К,одиров х,амфикрам.

мехмон
Ба Абдулло Давлатов гуфтаниям ки Шумо дар сиёсат нисбати тачрибаи Сталин дур хастед ё таваллуд нашудаед. Шумо худатонро раиси точикони Россия худатон интихоб кардаед ва ягон зарра патриотизм дар вучудатон нест!!!

Чонибдори хукми катл хаст.Барои чи, мефахмонам барои он касоне, ки аз сиёсат, криминалогия ва хукук(конун) бехабаранд. Аз нуктаи назари хукук(конун) хеч кас бегунох ба хукми катл махкум намешавад. Зеро хукми катлро на як судяи ба фикри Шумо бесавод, камтачриба, моили омилхои коррупсиони ё дар асоси супориш мебарорад. Аммо ин тавр нест. Чараёни баровардани хукми катл ва ичрои хукми катл мураккаб аст. Хукми катлро на факат судя мебарорад, балки дар чараёни баровардан ва ичрои он хамаи рохбарони олиии сиёси, аз чумла Президенти мамлакат, Раиси Суди Оли, Прокурори генерали, Ваколатдор оид ба хукуки инсон, Вазири амният, Вазирии корхои дохили ва дигар шахсони олии хокимияти давлати иштирок мекунанд. Чазои катл танхо барои одамкуши, тачовус ба номус ва терроризм татбик мешавад. Чи магар ноодаме ноболигро тачовус набуда, ба катл расонад, боз авф шавад? Агар ин чинояткор одам мебуд ноболигро тачовус карда мекушт. Чи магар ин чинояткор хукуки куштани одами дигарро дошт? Ин хел одамхо аз нуктаи назари криминалогия ислох ва тарбия намешаванд. Инхо табиатан хамин хеланд. Аз нуктаи назари сиёсат агар гирем ягон мухолиф ё опозицанер одамкуши, тачовус ба номус ё чинояти террористи накунад, ба хукми катл махкум намешавад. Хар як мухолиф ё опозицанер вазифадор аст дар доираи конун амал намояд. Чи магар опазиционер ярок гираду одамони бегунохро бо максади тарсонидани хукумат ба катл расонад, боз авф шавад? Ин хел одамро аз чамият нест кардан даркор!! Хар як опозиционер барои кирдорхои зиддиконунияш 100-хо маротиба аз чониби хукумат огох карда мешавад ва ба у рохи рост нишон дода мешавад..у рохи рост рафтанро интихоб накарда, боз чинояти махсуса вазнин содир мекунад, ки боиси кушта шудани микдори зиёди одамони бегунох мегард. Пас бо ин чинояткор чи бояд кард. Ягона рох ин хукми катл аст!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)