Бахшҳо

Вокуниши “Тоҷиксодиротбонк” ба қазияи “латукӯб”-и Оев

Дафтари матбуоти “Тоҷиксодиротбонк” бо нашри як изҳорот суханони Абдулмӯъмин Оевро беасос хонда, эълон доштааст, “аз ҷониби кормандони Мудирияти муваққатӣ нисбат ба Оев А. ягон фишори ҷисмонӣ истифода нагардидааст”.

Абдулмӯъмин Оев, сардори хадамоти ҳифзи меҳнат, мудофиаи гражданӣ ва назорати бехатарӣ аз сӯхтори “Тоҷиксодиротбонк” қаблан гуфта буд, рӯзи 8 августи соли равон Мирҳаёт Ёқубов, раҳбари муваққатии бонк ӯро дар ҳузури дигар кормандон буғӣ кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти “Тоҷикисодиротонк”, ҷаноби Оев аз соли 2008 ба ин сӯ дар бонк фаъолият намуда, масъулияти таъмини пешгирии сӯхтор дар иншооти мазкурро ба уҳда доштааст. Ба навиштаи манбаъ, “ба зиммаи ӯ инчунин назорати сенсорҳои зиддисухторӣ, ки пешгирии сӯхторро таъмин менамоянд, вогузор карда шудааст”.

“Муайян карда шуд, ки сенсорҳои зиддисухторӣ аз руи таъиноташон амалӣ нагашта, дар яке аз онҳо камераи банаворгирӣ ва сабти овоз насб карда шуда, ба дигар мақсадҳои номаълум барои ба навор гирифтан ва гуш кардани кормандон ва мизоҷони Бонк истифода карда шудаанд, ки ин амал хилофи талаботи қонунгузорӣ мебошад”,- менависад дафтари матбуотии “Тоҷиксодиротбонк”.

Манбаъ меафзояд, “мудирияти муваққатии дар бонки мазкур таъиншуда ҷиҳати пешгирии чунин омилҳои ғайриқонунӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ба ин амал дахлдошта тасмим гирифтааст, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намояд”.

Ин дар ҳолест, ки Абдулмӯъмин Оев дар як суҳбати видеоӣ бо "Озодагон" таъкид намуд, насби таҷҳизоти сабти овоз ва навор ба вазифаи хизматии ӯ шомил намешавад.
Мӯҳр
Махфират
Аз мардум паноҳ карда мешаваду аз Худо не. Ина фаромуш накунанд ононе, ки шарфи одами дигарро паст мезананд. Худо дер мезанаду сахт мезанад.

Sayid
Izhoroti rasmi: Nomburda latukub nashudaast, az oshiyonai duvvum aftodaast....

ватандуст
эй мадуми нофахм дар ватани мо пулдор мекшат бо гунахкот мена

чабрдидаи бечора дар бало монд акнун барои барангехтани кинаву адовати мили ва тероризм мешина замона амихелай

Сафедкуни саршуд

Иван
Бечора мардака капаш дуд кард. Хози бо маълум меша ки раиси банк не - и мардак раиси банка шатташап кардаст.

Домулло Зиё
Э Худооее, инаш ин хел мегуяд,ваяш ун хел мегуяд! Ба ки бовар кунем-а???

Чамшед.Дангара.
Кормандони сомонаи "Озодагон"намешавад намешавад,ки дар ин казия як тадкикоти журналисти анчом дихад? Фикр мекунам як кори хубе мешавад.То ки ,ки рост мегуяд,команди ё намояндаи ин бонк!?

Холи биистен,Абдулмуъминро дар хамдасти бо хочи Халим муттахам мекунанд.

Муҳоҷир
Ҳозир дар Тоҷикистон аз ҳама статяи вазнин, статяи "салафӣ" аст. Агар маъқул нашудӣ, тамғаи салафӣ дар байни қошонат мехурӣ ва бо ҳамин кори хирс тамом. Абдулмӯъмин Оев ё аз шикояташ даст мекашад, ё "салафӣ мешавад". Дигар роҳу интихоб надорад.

Дигар мардум на ба ҳукумат бовар мекунанду на ба бонкҳо. Чанд рӯз пеш дар Душанбе зиёда аз 4000 доллари ба заҳмат ҷамъ кардаи як зани бечораро дар бонк дуздиданд. Ин кори худи кормандони бонк аст. Бардуруғ зани бечораро гунаҳгор медонанд ки беэҳтиёти кардааст. Карта аз дасти соҳибаш чихел дигарон пули ӯро мегиранд? Аз Худо битарсед кормандони бонк, ҳаққи мардум хонахоятонро хароб мекунад. Иншоаллоҳ Худованд қассоси ин мазлумонро аз шумо мегирад. Шумо агар аз ин ҷабрдидахо зӯр бошед аз Худо зӯр нестед. Иншоаллоҳ оҳи кӯдакони ятим шуморо ба балою мусибат гирифтор мекунад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)