Бахшҳо

Низорамоҳ Гадоева: Вақте руҳияи занони деҳқонро мешикананд, додамонро ба кӣ гӯем?

Як зани 54-сола аз шаҳри Кӯлоб мегӯяд, мақомот мехоҳанд боғи ӯро тахриб намуда, заминашро ба нобиноён тақсим кунанд.

Низорамоҳ Гадоева дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, 5 сол қабл дар масоҳати як гектар замине, ки соли 2010 дар пайи сели шадид хароб шуда буд, боғ бунёд кард, аммо ҳоло натиҷаи заҳмати чандсолаашро барбод доданиянд. Ӯ мегӯяд, ин замин соли 2011 бо қарори раиси вақти шаҳри Кӯлоб дар ихтиёри хоҷагии деҳқонии “Низора” гузошта шуд: “Дастури Ҷаноби Олӣ буд, ки чунин заминҳоро аз нав барқарор карда, боғ бунёд намоед. Ман ҳам аз дигар ноҳияҳо дарахтони мевадиҳанда оварда, шинондам. Ҳоло дар боғи ман 380 дарахти себ, анор, олуча, зардолу ва ғайра ҳаст”.

Хонум Гадоева афзуд, ду сол қабл дар Рӯзи таҷлил аз ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Данғара дар назди Президент баромад кард ва дар бораи бунёди боғ баъди даъватҳои ӯ гуфт: “Аммо кормандони ҷамоати деҳоти Кӯлоб меҳнати маро нодида гирифта, мехоҳанд боғро вайрон кунанд”.

Ин зани 54-сола меафзояд, муроҷиатҳои пайдарпай ба идораҳои замин ва ҳифзи муҳити зисти шаҳрӣ ва вилоятӣ бенатиҷа будаанд: “Вақте руҳияи мо занони деҳқонро мешикананд, меҳнати моро қадр намекунанд, ободии моро вайрон мекунанд, дигар додамонро ба кӣ гӯем?”

Хуршед Ашурмадов,
раиси ҷамоати деҳоти Кӯлоб ба “Озодагон” гуфт, мувофиқи нақшаи фонди манзил онҳо маҷбуранд, заминҳои хоҷагии “Дарё” ва як қисмати боғи Низорамоҳ Гадоеваро барои нобиноён тақсим кунанд: “Дар ин бора қарори раиси шаҳри Кӯлоб содир шудааст”.
Мӯҳр
Хамин раисони чамоъатхо дар кишвар аз чолпустарин хушомадгуйхо..аст.
Тамоми ин раисони чамоъат мардуми камбизоатро тахти фишору хилаву найранг карор медиханд!!! Зури ин муздурако ё рохбарашон хамон раиси шахру-нохияхост!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)