Бахшҳо

Боз як муҳоҷири тоҷик маблағи ёфтаашро баргардонд

Як муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Екатеринбург маблағ ва санадҳои як зани маҳаллиро пайдо карда, ба соҳибаш баргардондааст. Ӯ ҳамчунин аз гирифтани маблағ ва туҳфа даст кашидааст.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон Рустам ном дошта, ба торнамои “URA.Ru” гуфтааст, сумкаи занонаро аз дохили аробачаи холие дар истгоҳи мошинҳои порки “Радуга” пайдо кард: “Аввал фикр кардам, ки онро ба мағоза медиҳам, аммо дар интернет дида будам, ки нафаре мегуфт, маблағи ёфтаашро ба маъмурияти мағозае супурд, аммо намедонад, ки он ба соҳибаш баргардонда шуд ё на. Аз ин рӯ гуфтам, худам онро ба соҳибаш бармегардонам".

Ба гуфтаи Рустам, ӯ аз дохили сумка як телефон пайдо кард: “Онҷо навишта шуда буд, ки “Юля дочка”. Ба он рақам занг задам ва омада сумкаро гирифтанд”.

Ба иттилои манбаъ, дохили сумка санад ва беш аз 100 ҳазор рубл будааст: “Мехост, ки ба ман пул диҳад, аммо гуфтам, лозим нест. Шукри Худо ҳама чӣ дорам. Танҳо ҳамчун инсон хостам он чи пайдо кардам ба шумо баргардонам. Номи ман Рустам аст ва тоҷик ҳастам. Дигар чизе лозим нест”.

Ба иттилои сомонаи “URA.Ru” Рустам 15 сол буда, ки дар Урал зиндагӣ мекунад ва асосан ба корҳои сохтмон машғул аст: “Маро волидонам чунин тарбия кардаанд. Ман чизи пайдокардаро баргардондам ва худро хушбахт эҳсос мекунам, ки ба касе ёрӣ додам”.

Ин бори аввал нест, ки исми муҳоҷирони тоҷик барои баргардондани маблағҳои ҳангуфти ёфтаашон расонаӣ мешавад. Соли гузашта Равшан Файзалов ном шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ҳайси ронандаи мусофиркаш кор мекард, 850 ҳазору 200 рубли фаромушшудаи як мусофири худро ба соҳибаш баргардонд. Ҳамон сол Забеҳуллоҳ Шафеъзода, ки дар Маскав ронандаи таксӣ аст, ҳамёни пур аз корти бонкӣ ва пули ёфтаашро ба соҳибаш дод. Моҳи феврали имсол бошад, Шерзод Насруллоев корманди фурӯшгоҳи “Реал гипермаркет” дар Маскав сумкаеро бо 520000 рубли русӣ пайдо карда, ба соҳибаш баргардонд.
.
Мӯҳр
Канд зан бародар Рустам. Шумо рустамона химат нишон додед. Худо ба шумо албат рахмат мекунад. Бигзор ин руссхои худком донанд, ки дар дили кучаки точики, ки онхо "Чурка" меноманаш, чи богарихо хаст. Асосаш ин эмон ва надоштани хиси хасисию баднафси, балки безори аз чизи дунё. Точикро чунин мисли шумо точашро метавонед дар хорич баргардонед ва пас омада дар ватан точро ба сари мардуми азизамон мегузоред. Холо точ намондааст танхо чик......

Антипономорев
Инро ба Пономореву хаммаслаконаш бояд нишон дод ва гуфт ки дигар замони тахкири як миллат гузаштааст

Ислом
Мусулмонхои Русия мусулмонтар будаан. Агар дар Точикистон як сомонй ёбанд, аз барои Худо ба касе намедиханд...

Левен
Бар Падару Модарат Рахмат!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)