Бахшҳо

Масъули Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятӣ: М.Ҳайит шиканҷа нашудааст

Муовини сардори Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия мегӯяд, Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон шиканҷа нашуда, саломатиаш хуб аст.

Илҳом Маҳмудов имрӯз, 19 август дар як суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, овозаҳо атрофи вазъи саломатии Маҳмадалӣ Ҳайит асос надоранд. Ба гуфтаи ӯ, шароити маҳбасхонаҳо хуб буда, зиндониён ба ғизо ва либос дастрасӣ доранд: “Ягон мушкиле нест, ҳамин овозаи росту дурӯғро мегиранд, паҳн мекунанд. Ҳамааш тенҷ аст, ман ҳайрон мешавам ба ҳамин хел гапҳо”.

Ахиран, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои марбут ба Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ хабарҳое паҳн шуд, ки Маҳмадалӣ Ҳайит мавриди шиканҷа қарор гирифта, саломатиаш вахим аст. Наздикони Маҳмадалӣ Ҳайит дар суҳбат ба “Озодагон” гуфтанд, 7 моҳ мешавад бо ӯ дидор надоштаанд: “Танҳо ҳаминро медонем, ки дар маҳбаси Вазорати адлия нигоҳдорӣ мешавад”.

Моҳи июни соли 2016 Додгоҳи олии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ҳайитро ба ҳабси абад маҳкум кард.
Мӯҳр
Ахмад
Магар чи кор кардааст ва чурмаш чи аст ки бояд хукми абад барояш тианд. Ягон касро задааст е ягон касро куштааст. Чаро масалахоро шафоф ба мардум намегуянд? Е дар хнит азо ва корманд будан чурм аст? Давлатмандон чаро дар омаи мардум равшан андози кунанд ва чаро инхо дар чои дигар судашон меравад ва чаро барои инхо махбасхонаи чудогона сохтаед ва дар зиндонхои малум будаи кишвар турмаи 1 ва 7 е евон нестанд?

Эбо!!!!!!!! тухмата бин. Ман шохид, ки хамин одам бо як дасташ дасти дигарашро шикаст. Баданашро ба девол зад то ки моро тухмат кунад.
Мо гуфтемку "Шароити маҳбасхонаҳо хуб буда, зиндониён ба ғизо ва либос дастрасӣ доранд" боз ният дорем имруз пагох зиндониёнро бо интернет, кати хоби дунафара,телевизион ва шароити худи баробар ба мехмонхонаи 5 ситорадор таъмин намоем.

Ҷӯраи хокпанох
Э биёед бас кунед дар чашми мардум хок поширо)))))
Дурӯғгуиро то кай давом медиҳед
Аз мардум шарм намекунед о ақаллан аз Худованд шарм кунед

агар саломатиааш хубу солех бошад чаро уро ба наздиконаш нишон намедихед? барои исботи суханхоятон бояд уро бо нашри видеои нишон медодед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)