Каромат Шарипов маҳдудияти кор барои муҳоҷиронро таҳқир хонд

Каромат Шарипов, раҳбари Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” тасмими мақомоти вилояти Новосибирскро барои шаҳрвандони Тоҷикистон таҳқир хондааст.
Владимир Горедский, губернатори вилояти Новосибирск ахиран қароре тасвиб кард, ки бар асоси он муҳоҷирини меҳнатӣ аз ҳаққи фаъолият аз рӯйи як қатор ихтисосҳо маҳрум мешаванд. Аз ҷумла кор дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи кӯдакон, боғча, мактабҳо, соҳаи хӯроки кӯдакон ва истеҳсоли ғизоҳои кӯдаконаву маҳсулоти парҳезӣ барои муҳоҷирон мамнӯъ шуда, хориҷиён ҳаққи кор дар нақлиёти мусофиркашонӣ – таксиву автобус ва дигар навъи нақлиёти мусофиркашонро надоранд. Бар илова муҳоҷирон дигар наметавонанд ба ҳайси котиб, муҳаррир, тарҷумон, муҳосиб ва корманди соҳаи молия кор кунанд. Кордеҳон муваззаф шудаанд, ки баъди се моҳи қуваи қонун гирифтани қарор аз хадамоти муҳоҷирон дар соҳаҳои зикршуда худдорӣ намоянд.
Каромат Шарипов дар суҳбат ба РИА Новости гуфтааст, “ин як навъи таҳқир аст”. Ба гуфтаи ӯ, охирҳои соли равон муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро рӯзи сиёҳ дар пеш аст: “Дар сурати мавҷуд будани тамоми ҳуҷҷатҳо низ онҳоро гуруҳ гуруҳ депорт мекунанд”.
Шарипов гуфтааст, тасмими мақомоти Новосибирск ба худи минтақа ҳам таъсири манфӣ мерасонад: “Ман тақрибан медонам, ки наздики 80 дарсади муҳоҷирони меҳнатии ин минтақа тоҷикон ҳастанд. Онҳоро бо кӣ иваз мекунанд? Кор кардан лозим аст-ку?”
Аммо ӯ гуфтааст, аз қарори губернатор на ба мақомоти Русия ва на ба мақомоти Тоҷикистон шикоят намебарад, зеро “садҳо муроҷиатнома бидуни ҷавоб мондаанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |