Балҷувон: Талош барои афзоиши саршумори қутосҳо
Дар ноҳияи Балҷувон давоми се сол теъдоди қутосҳо аз 27 ба 50 сар расонда шудааст. Дар ҳоле, ки ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон муваффақ нашуданд, ин намуди ҳайвонро ҳифз кунанд.
Ҳомид Давлатов, раиси хоҷагии деҳқонии “Гулсар”, ки ба парвариши қутос машғул аст, мегӯяд, Балҷувон ягона ноҳияи Хатлон аст, ки қутосҳо ба шароити он мутобиқ шаданд: “Барои парвариши қутос мавзеи Санги сабзи Сари Хосорро мувофиқ донистем, ки дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад”.
Дар гузашта дар ноҳияи Ховалинг ҳам таҷрибаи парвариши қутос ба роҳ монда шуд, аммо ҳамаи онҳо нобуд шуданд. Ҳасан Ҷангиев, раиси ҷамоати Сари Хосор мегӯяд, дар Балҷувон низ парвариши он ба осонӣ даст надод: “Соли 2007 ҳамаи қутосҳои оварда нобуд шуданд. Соли 2013 дубора қутосҳо оварда шуданд ва бо талошҳои мутахассисони Вазорати кишоварзӣ на танҳо тавонистем, ки онҳоро ҳифз кунем, балки саршуморашонро зиёд намудем”.
Ба гуфтаи ӯ, тайи се сол теъдоди онҳо аз 27 ба 50 расонда шуд.
“Қутос аз говҳои маҳаллӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Он камхӯрок буда, равғаннокии шираш 50 дарсад бештар аст. Колориянокии гӯшташ ҳам хеле зиёд мебошад. Оянда ният дорем бозори ноҳияро бо гӯшт, шир ва пусти қутосҳо ғанӣ гардонем”,-афзуд Ҳомид Давлатов.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |