Бахшҳо

Ҳуқуқшинос: Муаттара Ҷӯраева шонси ба озодӣ баромаданро дорад

Ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, қонуни нави афв нисбати Муаттара Ҷӯраева, собиқ наттоқи телевизиони Тоҷикистон, ки соли гузашта бо иттиҳоми қаллобӣ равонаи зиндон гардид, татбиқ мешавад.

Файзинисо Воҳидова дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, агар хонум Ҷӯраева ҳанӯз ҳам зарари моддиро барқарор накарда бошад, тибқи қонуни афв аз се як ҳиссаи муҳлати адо нагардидаи ҷазояш кам мешавад: “Дар чунин ҳолат, яъне баъди татбиқи афв ӯ шонси озод шуданро пайдо мекунад”.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 17 марти соли 2015 Муаттара Ҷӯраеваро дар қаллобӣ муҷрим шинохт ва 9 сол аз озодӣ маҳрум кард. Он замон додраси парванда гуфт, бар пояи қонуни афви соли 2014 аз се як ҳиссаи ҳукми Ҷӯраева кам шуда, бо назардошти шаш моҳи ҳабси пешакӣ 5,5 сол равонаи зиндон мегардад. Додраси парванда инчунин илова намуда буд, баъди адои ҷазо Муаттара Ҷӯраева давоми се сол аз ҳаққи машғул шудан ба соҳибкорӣ маҳрум хоҳад шуд.

Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон 13 октябри соли 2014 Муаттара Ҷӯраеваро ба иттиҳоми “қаллобӣ” боздошт карда гуфт, аз чанд нафар маблағ гирифта, барнагардондааст. Аммо Ҷӯраева ҳангоми ироаи сухани ниҳоияш дар додгоҳ изҳор дошт, қаллобӣ накарда, маблағҳоро ҳамчун қарз гирифтаасту қарздиҳандаҳо онро ихтиёрӣ додаанд: “Агар каме сабр мекарданд, ман он қарзҳоро бармегардондам. Ҳеч гоҳ нияти қаллобӣ надоштам”.
Мӯҳр
Ачаб конуну ачаб замоне шидай!!! На одамкуш хаки махбас шудан дорад на мошенник ва на хулигану рохзан!!! Ман зиди-онам,ки муаттара озод шавад. Бигузор чавоб дихад назди конун . То хол надидаем ки як одами чоркас мешинохтаги ба чинояткорихояш чавоб дода бошад-гайри ашхоси сиёси!!! Хама ё беморан ё гуё чуброн кардаанд ё чиноят накардаанд!!! Ин конуни авф бояд-ба онхое,бошад,ки аз сабаби нофахми даст ба ягон чинояти сабук задабошад!!!наинки барои онхое,ки ними мардума фиребкарда-пулхояшонро гиранд , горату гайриконуни фурухшанд-моликияти давлатро фурушанд!!! У озод мешавад-аммо ки чуброн мекунад ин зарари расонидаи чураэваро ???

Афсус озодагон гапи тугуриро чоп намекунед. Мардума гул назанед. Оё хаст сомонае ки дар Точикистон гапи хака чоп кунад? Дар сомонахои русси хакората чоп мекунанд чаро дар мо танкиди бе хакората чоп намекунанд? Оё шумо мехохед бо чунин тарз ислохе дар чамъият кунед? Пас агар номатонро озодагону озоди мондаед, пас чоп кунед агар хуни точиконаатон намонад дашномхоро чоп кунед. Хушомадгу набошед. Ман мехохам чунин афрод то замоне, ки зараро баркарор накунад авф нашавад, чунки конуни авф чунин мегуяд. Шумо чоп кунед, ки Муатара зарарро баркарор карду авф шуд. Хамаро бо як чашм нигох кунед ин номарди мешавад ки гапи дуруста чоп накунеду чи хеле ки ба нафъи шумост онро чоп кунед.........!

майкл джексон
Муатара мухарики дили ман аст наход уро махкам кунед

Душанбинец. Ту Чи ба Озодагон претензий мекуни. Ин конун и авфи президент. Президент хост ба муносибати Истиклолият гунохи чинояткоронро бахшид бпхшиши гунох Бехтарин хислатхои инсони. Дуруст конуни авф гуфтааст ки агар зарарро баркарор кунад Пурра чавоб диханд агар накарда бошад Аз се як хиссашро Кам кунад. Муаттара Чураева як Бор авфи соли 2014, ки Аз се як хиссаи чазояшро Кам карданд ин дафьа низ хамин хел Кам мекунанд. Адвокат дуруст шарх додааст баъди ду Бор амнистия кардану кариб ду сол шиштанаш дар зиндон шанси озод шуданаш хаст Яъне Шояд баъди Чанд мох озод шавад.

майкл джексон,
Аа !! Ана нав-маълум-шид-барои-чи вактхои- охир-дар-кучахои-шахр-дуд-карда-мегарди!!!-са
бабаш-мухарикат-халос-шидабудаст-дар-махба

раис
нафахмидем тамоман ки ин журналист ба чи гунох дар зиндонай...
каллоби ба назарам чарима дорад на зиндон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)