Бахшҳо

Супоришҳои Э.Раҳмон ба аъзои ҳукумат: Аз беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ то тарғиби васеи либосҳои адрасу атлас (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи як қатор қонунҳоро мақул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ пешниҳод кардааст.

Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, дар маҷлис, ки имрӯз, 22 август баргузор шуд, аз ҷумла лоиҳаи қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз, қонун “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба қонунҳо “Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ”, “Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок”, қонун “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонун “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ шуданд: “Ҳамчунин лоиҳаи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳуди “Хенан Чжун-Я Гурӯҳи Холдингӣ”-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли амиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” пешниҳод шуд”.

Ба иттилои манбаъ, дар кори маҷлиси навбатии Ҳукумат лоиҳаи қарорҳои ҳукумат “Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат оид ба номивазкунии баъзе маҳалҳои аҳолинишин”, “Дар бораи Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019”, “Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаҳои тайёрии варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои иловапулӣ дар соҳаи варзиш”, “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Тартиби пардохти нафақа ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлат мебошанд”, “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда”, “Дар бораи таъсис додани Комиссияи давлатии қабул барои ба истифода супоридани қитъаи Шоҳон – Зиғари (марҳилаи 3) роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб” ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра лоиҳаи дигар қарорҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуданд.

Дафтари матбуоти Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, Президент ба аъзои Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарони тамоми сохтору идораҳои назди Ҳукумат ва дигар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ барои иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии масъалаҳои дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишуда ва дигар масъалаҳои муҳиму рӯзамараи ҷомеа, “аз ҷумла омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовори ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат, таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои соҳаҳои роҳу нақлиёт, саноат ва кишоварзӣ, гузаронидани ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар саросари ҷумҳурӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, намоиши қолинҳои дастбоф, тарғиби васеи либосҳои миллии адрасу атлас ва фуруши онҳо, омодагии тамоми муассисаҳои таълимии кишвар ба рӯзи дониш, равшаннамоии хиёбонҳо, кӯчаҳои марказӣ ва боғу гулгаштҳои шаҳру ноҳияҳо ва баланд бардоштани маданияти шаҳрвандӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд”.

Супоришҳои Э.Раҳмон ба аъзои ҳукумат: Аз беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ то тарғиби васеи либосҳои адрасу атлас (АКС)

Супоришҳои Э.Раҳмон ба аъзои ҳукумат: Аз беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ то тарғиби васеи либосҳои адрасу атлас (АКС)

Супоришҳои Э.Раҳмон ба аъзои ҳукумат: Аз беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ то тарғиби васеи либосҳои адрасу атлас (АКС)

Супоришҳои Э.Раҳмон ба аъзои ҳукумат: Аз беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ то тарғиби васеи либосҳои адрасу атлас (АКС)
Мӯҳр
мехмон
Мани мухочири мехнати ба ин аксхои толори пурхашамати хукумат ва шахсони либоси озода ба бар менигараму худро тасалло медихам :----Эй мухочир! Ин одамон албатта барои бехбудии чомеаи мо чамъ омадаанд ва ба наздики мо аз мухочират бармегардему дар Ватани худ зиндаги мекунем !!!!"
,, Нияти нек ними давлат" -- гуфтаанд.

н
мехмон,

Бародар,

Сер кай парвои гуруснаро дорад.

Бузак намур,ки бахор меояд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)