Бахшҳо
24 авг 2016 10:35Тоҷикистон / Сиёсат

Додситони кулл: Қонуни афв нисбати афроди дар ҷустуҷӯбуда ҳам татбиқ мешавад

Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, қонуни афв нисбати афроде, ки дар ҷустуҷӯ қарор доранд, бе даъвати онҳо татбиқ мешавад. Ин нуктаро Юсуф Раҳмон имрӯз, 24 август аснои муаррифии лоиҳаи қонун “Дар бораи афв” дар Маҷлиси намояндагон иброз дошт. Аммо ӯ гуфт, ин ба афроде, ки бо иттиҳоми анҷоми ҷиноятҳои махсусан вазнин дар ҷустуҷӯ ҳастанд, дахл надорад.

Ба гуфтаи ӯ, муқарароти татбиқи қонуни афв нисбати афроди дар ҷустуҷӯ қарордошта тибқи дастур ва ҳидояти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар ба хотири пешгириии амалҳои корупсиёнӣ аз ҷониби мақомоти таҳқиқ, тафтиш, суд ва кормандони муассисаҳои адои ҷазо равона шудааст. Вай ин муқараротро яке аз хусусиятҳои хоси қонуни нави афв арзёбӣ намуда, гуфт, он дар моддаи 12 дарҷ гардидааст, ки бе даъват ва бе розигии ашхоси дар ҷустуҷӯ қарордошта, татбиқ хоҳад шуд.

Додситони кулл иброз дошт, татбиқи афви мазкур доғи судиро аз афроди аз ҷавобгарӣ озодшуда, намебардорад. Ӯ ҳамчунин илова намуд, шахсони мувофиқи қонуни мазкур афвшуда аз ҷазои иловагӣ озод намешаванд.

Юсуф Раҳмон афзуд, дар тарҳи қонун, ки 12 ҳазор нафарро фаро мегирад, ба занону ноболиғон диққати махсус дода шудааст. Бахтовар Сафарзода, вакили Маҷлиси намояндагон гуфт, татбиқи лоиҳа аз буҷеи кишвар маблағи иловагиро талаб намекунад.

Иззатулло Шарипов, сардори Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия мегӯяд, барои татбиқи лоиҳа омодагии хуб дидаанд ва талош мекунанд, дар ҷараёни амалӣ шудани он қонуншиканӣ нашавад.

Лоиҳаи қонун “Дар бораи афв” 17 август аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои баррасӣ ба палатаи поёнии парлумон пешниҳод шуда буд.
Мӯҳр
Номдор
акаи Изатулло бехтарин кадр аст хар чи гуяд мекунад Худо нигохбонаш бошад

Ятим
канд занед генерали хакики мо бо шумо, худо нигахбонат шавад.

Ятим
канд занед генерали хакики мо бо шумо, худо нигахбонат шавад.

Шумо шахсони дар чустучу бударо авф мекунед пас онхо зарари расондаашонро ба мардум чуброн намекунанд? Ин чи маъни дорад? Магар шахсони калобе, ки маблагхои мардумро бо хар гуна восита азони худ кардану дар гурез шудан, оё авф мешаванд? Аз зарардидагон пурсидед? Агар чунин бошад мачбур бо кувваи зури ва занозани адлро чори кунем. Пас бади ин моро низ авф кунед мухтарам додситон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)