Сарвазири Туркия: Ислом Каримов даргузашт (АКС)

Хабаргузори муътабари Reuters бо такя ба се манбаи худ аз даргузашти Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон хабар дод. Як дипломат ба ин пойгоҳи хабарӣ гуфтааст, “бале, ӯ мурд”.
Биналӣ Йилдирим, сарвазири Туркия дар Анҷумани ҳизби адолат ва тарақиёт, ки тавассути телевизион ба таври зинда пахш мешуд, аз марги Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон хабар дод. Йилдирим дар ин Анҷуман гуфт: “Президенти Узбакистон Ислом Каримов даргузашт. Бигзор Худо ӯро биёмурзад. Аз номи Ҷумҳурии Туркия ба мардуми Узбакистон изҳори ҳамдардии амиқ мекунам”.
Аз ин пештар кобинаи вазирони Узбакистон аз шадид шудани вазъи Ислом Каримов иттилоъ дода буд. Gazeta.uz навишт, дар иттилоияи кобинаи вазирон дар робита ба вазъи Каримов аз ҷумла омадааст: “Ҳамватанони гиромӣ, бо андуҳи гарон аз қалб хабар медиҳем, ки дар шаборӯзи гузашта дар вазъи саломатии президентамон тағйироти манфӣ рух дод. Ба қавли табибон он ҳамчун вазъи шадид баҳогузорӣ мешавад”.
Кабинаи вазирон ин хабаро субҳ дар ҳоле нашр кардааст, ки бархе аз расонаҳо, аз ҷумла пойгоҳи хабарии “Фарғона.ру” ва бахши узбакии радиои “Озодӣ” шоми дирӯз аз омодагиҳо ба ҷанозаи Ислом Каримов дар Самарқанд хабар доданд. Хабаргузории “Ройтерз” бо такя ба манобеи худ навиштааст, интизор меравад ҷанозаи Ислом Каримов рӯзи 3 сентябр эълон карда шавад.
Ба навиштаи расонаҳо Шавкат Мирзиёев, сарвазири ин кишвар дар рӯзи панҷшанбе вориди Самарқанд шудааст ва омодагиҳои лозимро барои ҷанозаи Ислом Каримов мегирад.
Дирӯз шабакаи ТВ "Центр"-и Русия иттилоъ дод, ки гуруҳи вижае аз табибони саршиноси Институти ҷарроҳии асаби Бурденкои Маскав барои табобати Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон ба ин кишвар сафар кардаанд. Сафари ин ҳайати табибони барҷастаи Русия дар ҳолест, ки дар рӯзҳои аввали бемории Ислом Каримов Лео Бокерия ҷарроҳи қалб ва аз пизишкони саршиноси ин ришта дар Русия барои муроқибат аз Ислом Каримов ба Узбакистон омада буд.
Ислом Каримов 78 сол дорад ва аз соли 1989 зимоми раҳбарии Узбакистон, кишвари истротежики Осиёи Марказиро дар ихтиёр дорад. 29 август ҳукумати Узбакистон аз беморӣ ва бистарӣ шудани Каримов дар бемористон иттилоъ дода буд.
Духтари Ислом Каримов, Лола Каримова-Тиллоева, ки яке аз меросбарони эҳтимолии ҳукумати падараш дониста мешавад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишта буд, падараш ба хунрезии мағзӣ гирифтор шудааст ва табибон вазъи саломатии ӯро муътадили вазнин медонанд. Дар пайи ин иттилоъ пойгоҳи хабарии “Фарғона” рӯзи дигар иттилоъ нашр намуд, ки Ислом Каримов даргузашт.
Баъдтар расонаҳои русӣ бо нақл аз манобеи худ дар ҳукумати Узбакистон ин иттилоъро бепоя хонданд. Аммо ҳукумати ин кишвар ва дафтари матбуоти Ислом Каримов то кунун ҳозир нашудаанд гузориши расмӣ дар бораи вазъи саломатии ӯро нашр кунанд ва ё вазъи феълии ӯро ба расона шарҳ бидиҳанд.
Аксҳои торнамои "Фарғона", ки мегӯяд, дар Самарқанд ба ҷанозаи Ислом Каримов омодагӣ гирифта мешавад
Аксҳои "Озодлик", ки аз ҳашари умумӣ дар робита ба марги Каримов хабар медиҳад
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |