Бахшҳо

Поёни умри диктатори дувуми Осиёи Марказӣ (АКС)

Иршод Сулаймонӣ

Ахиран ҳукми муқадамотии таърих дар баробари Ислом Каримов содир шуд, ки аз ин ба баъд сарнавишти Узбакистон бидуни ӯ рақам хоҳад хӯрд.


Ислом Каримов баъди Сафармурод Ниёзов дувумин раҳбар-диктатор аз кишварҳои Осиёи Марказӣ буд, ки қабзаи қудрат дар даст ҷон дод. Ӯ мисли дигар ҳамтоёнаш аз коммунистҳои дирӯзу демократҳои имрӯз маҳсуб меёфт ва инҳисори ҳокимияти сиёсиро бо марг раҳо кард.

Каримов, ки дар 51-солагӣ дар раъси қудрати Узбакистон, кишвари истротежики Осиёи Марказӣ қарор гирифта буд, дар 78-солагӣ, дар ҳоле ки 6 соли дигар аз даврони раисҷумҳурияш боқӣ монда буд, аз қудрат рафт.

Ӯ ки замоне гуфта буд, “дар рагҳои ман хуни тоҷикӣ ҷорист” ва “тоҷику узбак як миллате ҳастанд, ки ба ду забон гап мезананд”, дӯсти хубе барои тоҷикон набуд.

Ҷомеаи бедори дунё вайро аз диктатори бераҳме беш намедонист.

Ӯйе, ки дар ин 26 сол номаш муродифи Узбакистон буд ва ин кишвар бар асоси хоставу ғурураш “пеш мерафт”, акнун дар Самарқанд хок мешавад.

Уйе, ки акнун баъзе доираҳо мегӯянд, “охирин ҳукуматдори Узбакистон буд, ки дар замони ҳукуматаш мардум дар оромиву амният зиндагӣ карда буданд”.

ДИКТАТОРИ БОЗИНГАР

Поёни умри диктатори дувуми Осиёи Марказӣ (АКС)


Ислом Каримов чунин пиндор дошт, ки маҳз ӯ кафили сулҳу амният дар Узбакистон аст (ин пиндорро Нурсултон Назарбоев ва дигар раҳбарони минтақа низ доранд). Ин пиндори ғалатро Каримов бар мардуми кишвар таҳмил карда буд ва аз ин роҳ қудрати худро тамдид мекард. Ӯ модели авторитарии ҳукуматдориро интихоб кард ва тамоми имконоти аҳзобро аз роҳи қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ бибаст. Бо ин роҳ тавонист вуҷуди худро дар ҳарими қудрат барои солҳои тӯлонӣ таъмин кунад ва амнияти кишварашро низ аз роҳҳои сунъӣ нигаҳ бидорад. Ҳарчанд Каримов кишварашро аз сар задани ҷанги шаҳрвандӣ эмин нигаҳ дошт ва инро бузургтарин хидмати ӯ барои Узбакистон медонанд, вале амният дар ин кишвар ниҳодина нашуд ва акнун бо рафтанаш пешгӯйиҳои манфӣ дар мавриди суботи Узбакистон карда мешавад.

Ҳарчанд Каримов қудрати Узбакистонро дар инҳисори худ қарор дода буд, аммо барои беҳтар шудани зиндагии мардуми кишвараш талошҳои ҷиддие накард. Ҳанӯз дар соли 1991 Шуҳрат Нусратов аз тамоюлоти Ислом Каримов ба сӯйи диктотура ҳушдор дода буд. Ин ҳушдор дар як ҷаласаи парлумон, як рӯз пеш аз эълони истиқлоли Узбакистон садо дод ва баъдан таҳаққуқ пайдо кард.

Ҷонибдоронаш мегӯянд, ки Каримов бо модели иқтисодии хоси Узбакистон бар асоси панҷ усул кишварро сохт: ғайриидеологӣ кардани иқтисод, волоияти қонун, ислоҳоти марҳала ба марҳала, идораи муназзами давлатдорӣ дар марҳалаи гузор ва сиёсати қавии иҷтимоӣ. Аммо агар нек бингарем ин усулҳо ҳамеша бар асоси хостаҳо ва манофеи ҳокимияти сиёсӣ дар Узбакистон татбиқ шудаанд. Узбакистон як кишвари комилан иедологӣ буд, хусусан дар баробари тоҷикони ин сарзамин ҷабри бисёре аз ҷониби Каримов шуд. Вақте Узбакистон бо доштани панҷ ҳазор маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон яке аз кишварҳои саркӯбгар шинохта мешавад, дар бораи кадом волоияти қонун дар замони ҳукумати Каримов мешавад суҳбат кард?!

Ислом Каримов ҳанӯз қабл аз ҳаводиси Андиҷон шомили 10 бадтарин диктатори дунё қарор гирифта буд. Дар рейтинги маҷаллаи амрикоии “Рarade” дар соли соли 2003 ӯ зинаи 9-умро ишғол мекард. Каримов аз аввалин роҳбарони Шӯравии собиқ буд, ки кори худро бо демократия ҳанӯз баъди нахустин интихоботи президентӣ ҳал кард ва тамоми ҳизбҳои мухолиф, расона ва созмонҳои онҳоро маҳор намуда, назорати комиле бар Узбакистон пайдо кард. Ин буд, ки ҳукумати шахсии худро созмон дод ва соҳиби мутлақи Узбакистон гардид. Кореро, ки Ислом Каримов барои саркӯб кардани мухолифини худ анҷом дод, акнун тоза дар дигар кишварҳои Осиёи Миёна роҳ андохтаанд. Ӯ мухолифини худро бо гуноҳи исломии радикал ва экстремист ба зиндон андохт. Аз ҷумла бародарони Муҳаммад Солеҳ, рақиби соли 1991-и худро бо гуноҳи ҳамкорӣ бо Тоҳир Юлдошев ба зиндон кашонд.


Хидмати бузургтарини Каримов ин буд, ки тавонист аз шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвараш пешгирӣ кунад. Дигар аз шоистагии Каримов шояд ин бошад, ки тавонист бо қудратҳо бозиҳоро дуруст ба роҳ андозад. Шояд на ба шахси Каримов, балки ба мавқеи ҷуғрофиёии Узбакистон бештар дахл дошта бошад. Як воқеият бебаҳс буд, ки ҳеч кишвари минтақа наметавонист бидуни дахолати қудратҳо пеш биравад. Сабаби аслии ин воқеият дар он аст, ки давлатҳои минтақа аслан таҷриба ва фарҳанги муносиботи дарозмуддати байнидавлатиро надоранд ва иштироки бозингарони хориҷӣ дар ҳалли қазияҳои онҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Мисоли равшан, рақобат дар дохили Шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ буд, ки кишварҳо барои назди "бародари бузург" худро ширин намудан, "думҷунбонӣ" менамуданд ва барои нуфузи худро таъмин намудан аз Марказ имтиёзталабӣ мекарданд.

Дар дунё кам кишварҳое мавҷуданд, ки аз дар мантақаи қарордошта имконоти хуби ҷуғрофӣ, сиёсӣ ва диниро дошта бошанд. Агар аз як тараф омили ҷуғрофиёиву сиёсӣ барои Каримов дар бозӣ бо қудратҳо “бонус” медод, вале аз сӯйи дигар марказҳои бузурги диниву тамаддуние ба мисли Самарқанду Бухоро, ки дар сарнавишти мардуми минтақа, хусусан, мо тоҷикон нақши барозандае доранд, барои Узбакистон душворӣ пеш оварданд. Рисолати ин гаҳвораҳои тамаддунӣ, ки дар тӯли таърих марказҳои сиёсиву динӣ буданд, барои Узбакистон гарон уфтод ва бо идеологияи каримовӣ мухолифат доштанд.

Русҳо дар оғози ҳукумати Шӯравӣ Узбакистонро ба гунаи давлате сохтанд, ки ба манзалаи як “пулт” бошад, то аз тариқи он бишавад тамоми минтақаи Осиёи Марказиро идора кард. Ин буд, ки дар ИҶШС Тошканд “нофи Осиёи Миёна” буд ва агар роҳбари Иттиҳод ба минтақа меомад сарони тамоми кишварҳо дар Тошканд ҷамъ мешуданд ва ба сарнавишти минтақа дар ин кишвар рақам зада мешуд. Ин мавқеи геоистротежикро дар ҳукумати Каримов хуб медонистанд. Ин буд, ки мубориза барои ба даст овардани Узбакистон танҳо таҳти нуфуз доштани ин кишвар нест, балки соҳибӣ кардан бар тамоми минтақаи Осиёи Миёна мебошад. Ва барои ҳар қудрати бозингаре Узбакистон ҳамчун калид барои вориди тамоми Осиёи Миёна шудан хидмат мекунад, мисле, ки ҳамин аҳамиятро Украина барои тамоми минтақаи Баҳри Сиёҳу Балкан ва Гурҷистон барои Моварои Қафқоз дорад. Қудратҳои бозингар медонистанд, ки бе доштани равобити хуб бо Узбакистон номумкин аст, ки дар минтақа нуфуз дошта бошанд ва барои ҳамин ба “диктотураи сиёсӣ”-и Каримов дар тӯли ин солҳо давлатҳои ғарб чашм пӯшиданд. Ҳато баъди ҳаводиси Андиҷон ИМА ва муттафиқинаш дар Иттиҳоди Аврупо ҳамагӣ бо гузашти се сол таҳримоти худро бекор карданд.

ШАХСИЯТИ СИЁСИИ КАРИМОВ

Поёни умри диктатори дувуми Осиёи Марказӣ (АКС)


Ислом Каримов баъди қизияи пурсарусадои пахта дар замони роҳбарии Рашидов, ки замони наве барои вориди ҳукумат шудани чеҳраи тоза гардид, мақоми вазириро ба даст овард. Каримов дар замони раисии Кумитаи ҳизб дар Қашқадарё худро як мансабдори бисёр шоиста муаррифӣ кард, ки аз мақомаш сӯиистифода намекунад. Ин буд, ки ӯ аз ин мақом рост бар курсии нафари аввали Узбакистон дар КМ ҲК Узбакистон такя зад. Аввалин президент аз кишварҳои Осиёи Миёна буд, ки истиқлоли давлати худро эълон кард.

Каримов дар кишваре президент интихоб шуд, ки иртиботи қабилавӣ нақши муассиру бузурге дар сарнавишти давлат дорад ва ҳамин иртиботи қабилавиро давом дод. Зеро шакли дигар имкон надошт. Узбакҳо то замони ҳадяи давлат аз тарафи болшевикҳо ҳеч таҷриба ва суннати давлатдорӣ надоштанд ва муносибатҳояшон дар шакли қабила пеш мерафт. Онҳо, ки марҳилаи ба миллат табдил шуданро аз роҳҳои машруъ ва муҷоз нагузаштаанд ҳамин хусусиятро ба ҳарими қудрат оварданд ва аслан нуфузи қудрат бар пояи тавофуқи қабилаҳои таъсиргузор таъмин мешавад ва агар манифтаи қабилаҳо халалдор гардад, амнияти Узбакистон зери суол қарор мегирад.

Ӯ тамоми имконоти мумкину номумкини маъмурӣ ва роҳҳои қонуниву ғайриқонунӣ истифода кард, то шахсияти мифологии худро дар Узбакистон бисозад. Қудратро ба тавре сохт, ки агар аз ҳарими он биравад суботи кишвар халадор мешуд. Ин афсонаро дар Узбакистон ҳақиқат пиндоштанд. Албатта, ин роҳи шахсиятсозии Каримовро баъдан роҳбарони Осиёи Миёна Назарбоев, Ниёзов ва баъдан Раҳмон истифода карданд. “Инфексия”-и тамдиди қудрат ҳам ба кишварҳои дигари минтақа аз Каримов сироят шуд ва ӯ моҳиронаву соҳирона қудрати худро тамдид кард. Ҳатто ба Путин тавсия дод, ки аз таҷрибаи ӯ кор бигирад.

Тоҳир Юлдошев, раҳбари фақиди “Ҳаракати исломии Узбакистон” шояд ягона шахсе дар Узбакистон бошад, ки Каримовро ба зону нишонд ва маҷбур кард, бигӯяд, “ҷумҳурии исломӣ месозад”. Каримов ҳеч вақт натавонист ба зону нишастани худро дар пеши Тоҳир Юлдошев фаромӯш кунад. Баъди ин ҳодиса Каримов муносибати худро бо гуруҳҳои исломӣ комилан дигар кард ва бо бадтарин шеваҳо чеҳраҳои исломиро саркӯб намуд.

Ислом Каримов аз оғози қудрат мехост кишварашро пештози Осиёи Миёнв бигардонад ва худро ҳокими ин минтақа бидонад. Ин буд, ки моҳирона бо қудратҳои ҷаҳонӣ аз ҷумла Русияву ИМА бозӣ мекард ва замонҳои муносибе ба бағали гарми Маскаву Вошингтон медаромад, ки аз раҳмати сиёсии онон тавзуни қудратҳоро бар сари кишвараш нигоҳ медошт. Борҳо ба созмонҳои таҳти нуфузи Русия, аз ҷумла СПАД ва ЕврАзЭс дохил шудану хориҷ шудани Узбакистонро ба ҳамин маҳорати бозингарии сиёсии Каримов рабт медиҳанд. Ҳимояти ошкорои ӯ аз ИМА дар ҷанги Афғонистон дар соли 2001 ва додани пойгоҳи ҳарбӣ ба Олмон ва ИМА аз ҷасоратҳои билоивази Каримов дониста мешавад.

Каримов бо аксарияти раҳбарони давлатҳои минтақа зиддиятҳои шахсии худро дошт ва аз назари коршиносон маҳз ин гуна муносибат роҳи ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказиро халалдор намуда буд. Аскар Акаев, президенти собиқи Қирғизистон дар як мусоҳибааш бо Аркадий Дубнов гуфтааст, ӯ бо Каримов муносибати хуби хубе дошт: “Ман ҳамеша бо Ислом-ака муносибати хуб доштам. Ин ман будам, ки бо арзонтарин қиммат 21 доллар барои ҳар куб гази Узбакистонро мехаридам. Ислом-ака аз ҳама қиммат газашро ба Эмомалӣ Раҳмон мефурӯхт”.


Ҳарчанд Аскар Акаев нархи Ислом Каримовро барои Эмомалӣ Раҳмон намегӯяд, вале таъкид мекунад, ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон муносибати хубе надошт. Дар ҳамин мусоҳиба Акаев эътироф карда, ки муносибати бад бо Кариимов бар зарари кишварҳои минтақа тамом мешавад.

Каримов бо Назарбоев ҳарчанд зиддиятҳои шахсии шадид надошт, вале фурсатҷӯйиҳои Қазоқистонро барои ба даст овардани авлавият дар минтақа хуш надошт. Каримов орзу дошт, рӯзе худро ҳокими мутлақи Осиёи Миёна бибинад ва маҳз аз ҳамин зовия бо Назарбоев муносибат мекард, зеро Назарбоев ҳам ин орзуро то ҳол дар сар мепарварад.

Ба иқрори Аскар Акаев, Каримов президенти собиқи Туркманистонро бисёр бад медид ва ҳатто ӯву Назарбоев Ниёзовро мавриди истеҳзо қарор медоданд ва бо танз ӯро “Супермурат” ном мебурданд.

Ислом Каримов ба ҳадде бар ҳукумат ва назорати кишвараш тасаллут дошт, ки Каримов ва Узбакистон вожаҳои ҳаммаъно буданд ва тамоми сохтори давлат таҳти фишори шахси аввал қарор дошт. Диктотураи сиёсиро Каримов аз тариқи захираҳои бузурги табиӣ, аз қабили нафту газ нигаҳ медошт.

Тамоми роҳҳои тронзитии кишварҳои Осиёи Миёна ба ҳамдигар аз тариқи Узбакистон буд ва ин амр имкон медод, устувории иқтисодии ҳар кишвари минтақа аз Узбакистон вобаста бошад. Каримов ин сиёсатро ба таври бисёр дағал бо ҳамсояҳояш мебозид ва дар ин росто ҳеч созишномаву санади байналмилалиеро риоят намекард. Аз лиҳози истротежӣ Узбакистон тавре сохта шудааст, ки барои ҳамкориҳои судманди худи давлатҳои минтақа дар замони соҳибихтиёрӣ сарчашмаи асосии мухолифат ва мамониятҳо мебошад.

Тавсифи истротежии Узбакистонро назарияпардози маъруфи амрикоӣ Бжезинский ин тур карда буд, ки Узбакистон кишвари марказӣ ва меҳвари Осиёи Марказӣ аст ва барои танг намудани мавқеи Русия аз ин минтақа бояд аввал Русияро аз Узбакистон берун овард. Каримов шахсияти сунъии худро бар асоси ҳамин истротежӣ сохта буд.

АНДИҶОН КАРИМОВРО ЧЕҲРАИ ХУНХОР МУАРРИФӢ КАРД

Ҳаводиси соли 2005 чеҳраи диктотурии Каримовро барои олам бармало кард. Ҳарчанд, ки дунё амалкардаи Каримовро дар баробари эътирозгарони Андиҷон маҳкум мекард, кишварҳои ҳамсояаш дар баробари ин ҳаводис оддитарин вокуниш нишон надоданд. Русия ва Чин ин кори Каримовро барои нигоҳ доштани амнияти давлат дуруст ҳисоб карданд. Ҳукумати Ислом Каримов ҳаводиси Андиҷонро кушиши табадулоти давлатӣ ва барҳам задани низоми сиёсӣ хонда буд, вале муътаризонро пулис ва артиши ин кишвар бо бераҳмии хос зери тиру оташ гирифтанд, ки бар асоси иттилоияи расмии ҳукумат дар ин ҳаводис 187, вале бар асоси омори ғайрирасмӣ бештар аз 1000 нафар кушта шуда буд. Ғарб баъди ин ҳаводис муносибат бо Узбакистонро дигар кард ва Тошканд таҳти баъзе аз таҳримоти Иттиҳоди Аврупо ва ИМА қарор гирифт.

Дар соли 2005, Каримов баъди ҳаводиси Андиҷон ғарбро ба боди интиқоди шадид гирифт ва сафорати Амрикову як қатор созмонҳои дигарро дар сармоягузории ин ҳаводис муҷрим донист. Ин буд, ки Каримов пойгоҳи ҳарбии ИМА-ро дар қаламрави худ баст ва ба оғуши Маскав рафта, созишномаеро имзо кард, ки бар асоси ин метавонистанд дар ҳолатҳои лозим ба якдигар кумакҳои низомӣ бикунанд. Баъди ҳаводиси Андиҷон Каримов ба Русия ваъда супурд, ки баъзе аз ширкатҳои истротежики хусусинашударо дар ихтиёраш мегузорад.

“Шкура”-и Каримовро аз паёмадҳои ҳаводиси Андиҷон, ки ӯ дар моҳи рамазон эътирозгаронро дар шаби тор тирборон карду ҳеч созмони мудофеи ҳуқуқи инсон ва байналмилалиро барои тафтиши қазия роҳ надод, мавқеи геополитикии Узбакистон барои қудратҳо наҷот дод.

КАРИМОВ ВА ТОҶИКОН

Каримов бисёр хуб медонист, ки дар Осиёи Миёна ҳамеша ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки тоҷикони Узбакистону Тоҷикистон ба ҳам биёянд ва як кишвари муқтадире ташкил кунанд. Ин буд ки сиёсати бисёр саркубгароёнаеро дар баробари тоҷикон роҳ андохт ва бо доштани “хуни тоҷикӣ дар рагҳои худ” тоҷиконро маҷбур ба ин кард, ки дар санадҳои шахсият худро узбак бинависанд. Мактабҳои тоҷикиро ба таври хеле бераҳмона баст ва теъдоди хеле ночизи онҳоро боқӣ гузошт. Самарқанду Бухоро ва дигар шаҳрҳои таърихӣ, ки сарзаминҳои аслии тоҷикон мебошанд, барои тоҷикон дар ҳукумати Каримов арзиши худро гум карданд.

Каримов, ки яке аз тарроҳони Фронти халқӣ ва шахсиятҳои ба сари қудрат оварандаи Эмомалӣ Раҳмон дониста мешуд, баъдтар дар пайи зиддиятҳои шахсии ин ду раҳбар, ба яке аз душманони ғайрирасмии Тоҷикистон табдил шуд. Соли 2010 профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров ҳисобу китоб карда буд, ки бар асари роҳбандиву монеагузориҳои Узбакистон, дар 20 соли ахир ба Тоҷикистон шаш миллиард доллар зарар ворид шудааст ва Тоҷикистон бояд аз Шӯрои амнияти СММ товони зарарро тақозо кунад.

Муносиботи бади ду раҳбар ба зиндагӣ ва иҷтимои Тоҷикистон таъсири манфӣ расонд ва Тоҷикистон амалан дар муҳосираи иқтисодии давлати Каримов қарор гирифт. Акнун бо рафтани Каримов, умед бастан ба хубтар шудани муносибот пайдо шудааст, ки ин ҳунар ва маҳоратҳои сиёсӣ ва равобити байналмилалро аз раҳбарони Тоҷикистон талаб мекунад.

Фоҷиаи тоҷикон ва муносибати ӯ бо Тоҷикистон баҳси бисёр печида аст, ки мавридаш инҷо нест, вале нуқтаи таммати ин баҳс ин аст, ки Каримов дӯсти хубе барои тоҷикон набуд.

ХОНАВОДА ДОҒИ СИЁҲИ ҲУКУМАТИ КАРИМОВ

Поёни умри диктатори дувуми Осиёи Марказӣ (АКС)

Каримовро агарчӣ дар сохтани Узбакистон як диктотури муваффақ медонистанд, вале ба назар мерасад дар масоили хонаводагӣ чандон муваффақ набуд. Яке аз авомиле, ки дар ин авохир боиси кам шудани маъруфияти шахсияти сиёсии Каримов шуда буд, нафси бади Гулнорабонуи духтараш ва мухолифатҳои ӯ бо хоҳару модараш ва дигар шахсиятҳои калидии низом дар Узбакистон буд.

Шарҳи ҳоли Каримовро огоҳони умур бисёр печида медонанд. Каримов соли 1938 дар Самарқанд таваллуд шудааст. Баъзеҳо падараш ва баъзеҳо модарашро тоҷик мешуморанд. Худи ӯ ҳам замоне (1994) гуфта буд, “дар рагҳои ман хуни тоҷикӣ ҷорист”. Ҳамчунин ишораҳо ба ин ки ӯ аз падари яҳудитабор таваллуд шудааст, вуҷуд дорад.

Ислом Каримов ду бор издивоҷ кардааст. Аз ҳамсари дувумаш Татаяна Акбаровна Каримова, ки гуфта мешавад, аз узбакҳои тотортабор аст, ду фарзанд: Гулнора (таваллуди соли 1972) ва Лола Каримова-Тиллоева (таваллуди соли 1978) дорад. Вале огоҳон мегӯянд, Каримов бо хонаводааш, манзур бародарону хоҳарон ва хешу табораш чандон муносибати хубе надошт.

Гулнора Каримоваро ҳукуматҳои Ғарб ва расонаҳои кишварҳои хориҷӣ яке аз пояҳои муқтадири фасод дар Узбакистон медонистанд, ки аз ҳар ширкати дахил дар иқтисоди Узбакистон “доля”-и худро меситонид. Соли 2014 Вазорати адляи ИМА Гулнораро дар фасоди густарда шарик донист. Аз ҷумла қазияи МТС, Випелком ва ширкатҳои дигари ӯ, хусусан қазияи “Зерамакс” хеле расонаӣ буд, ки гуфта мешавад ҳаминҳо боиси кам кардани нуфузи ӯ дар саҳнаи иқтисоду сиёсати Узбакистон гардид ва саранҷом ду сол аст, ки дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Ва акнун, ки падараш даргузашт то ҳол ҳеч вокунише аз ӯ дар барбари марги падар нашр нашуда, дар ҳоле, ки Лолаи хоҳараш аз номи хонаводаи онҳо аз вазъи саломатӣ ва билохира марги падар хабар дод. Зиддиятҳои бисёр шадид дар дохили хонаводаи Каримов боиси таъсиргузориҳо дар сиёсати Узбакистон гардид. Гулнора дар бадбахтиҳои ду соли ахири худ хоҳару модараш ва раиси 72-солаи ниҳоди амниятии Узбакистон Рустам Иноятовро гунаҳкор медонад. Ҳоло баъди марги Каримов моҷарои хонаводагии ӯ метавонад яке аз амрҳое шавад, ки ба интиқоли қудрат ва сарнавишти ҳокимияти сиёсӣ дар Узбакистон беътасир нахоҳад буд.

УЗБАКИСТОН БИДУНИ ЮРТАБОШӢ

Ҳарчанд Узбакистони бидуни Каримов дар тасаввури мадоҳҳону лангандбардороне, ки дар бораи ӯ ҷилд-ҷилд китоб ва шеъру достон менавиштанд, намеғунҷид, вале ин ба як амри бебаҳс табдил шуд. Акнун баъди се рӯзи мотам, дигар ҳама ба поёни “афсонаи Каримов ва амнияти Узбакистон” бовар мекунанд.

Каримов Узбакистонро як кишвари сарбаста карда буд, ҳарчанд дар китобаш “Узбакистон дар роҳи навсозӣ ва пешрафти худ” соли 1992, ҳадафи олии кишварашро чунин эълом мекард: “...сохтани як давлати муқтадири демократии ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо иқтисоди бозории устувор ва сиёсати бози хориҷӣ”. Аммо Узбакистон ҳеч гоҳе кишвари боз набуд ва бозии қудрат ба таври бисёр номашруъ ва пуштипарда мерафт.

Сиёсати дохилии Узбакистон имрӯз аз рақобати қабилаҳои сарватманд ва гуруҳи мансабдорон таркиб ёфтааст ва сарнавишти минбаъдаи ин кишвар ҳам ба тавофуқи ин ду гуруҳ марбут аст. Ҳанӯз замони оғоз шудани моҷарои Гулнора Каримова шурӯи тақсимоти қудрат дар Узбакистон дониста мешуд ва он аз мушкилоти ҷиддӣ дар дохили низом паём медод. Зери ҳаводиси Афғонистон ва Шарқи Миёна марги Каримовро коршиносон на танҳо “ятим” мондани 30 миллион аҳолии Узбакистон донистаанд, балки гуфтаанд, агар тағйири қудрат сурат бигирад, ин кор ба амнияти Узбакистон ва ҳамин тур тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хатар дорад. Бале, агар қабилаҳои нуфуздор дар Узбакистон ба тавофуқ нарасанд ва интиқоли қудрат ба як чеҳраи тавофуқӣ сурат нагирад, имкони тағйири манфӣ кардани вазъи амниятии ин кишвар вуҷуд дорад.
Мӯҳр
Фирдавс
Неки сиёх кардани инсонба хун надоштаи ака... то инруза кучо буди ин гапхора гап зани... ман ку тарафдори И Каримов хам набошам лек хаминро гуфтариям президент ки зираку сиёсат надошта бошад дар давлат аз кучо тинчию ороми карда метавонад... хамон созмонхои хукуку озодии инсон ки аз хоричан аз кучо дар хубии давлати бегонахан.. мехохен озод монанд дароен бо гапхои холи даруни давлатхо шуриш андозен?? чихеле бошад шукронаи тинчию оромии имруза... як давлатои ирок суря инак боз навбати туркия сархад ба сархад вирусша гузарондесан... шумо хамина мехохен ки президентхои осиеи миена озод гузоран то ба имруз осиеи мина низ бирасад ???

Домулло Зиё
Як чизро диккат дихед, ки Ислом Каримов мухлати президентиаш ба охир нарасида,фавтид.
Бигзор ислохот мекунед,тагиру иловахо мекунед, сарконунро чаппаву роста мекунед, мухлати президентиро то асри 22 тамдид мекунед,дониста бошед, ки кафолати зинда мондан нест то охири мухлат! МАРГ мухлати президентии шуморо интизор шуда намешинад!
Ибрат гиред диктаторхои дигар!

Одил
Офарин дуруст . Худо илми Шуморо зиед гардонад бародар

Иттиходи точикон
Ягона чизи хуб ё навиштаи нагзе ки аз Иршод Сулаймони хондам хамин маколаи тахлилии болои буд бакияш е буи мазхаб дошт ва е буи содагии кухистони

Фюрер
Офарин, некем ячи тахлил кардай даааа....

даргузашти Ислом Каримовро талафоти азим барои ҳукумат ва ҳалқи ӯзбек, ҳамзамон кулли мамолики дӯсти ин кишвари ҳамсоя арзёбӣ намуданд. Ин бахои Пешвои миллат аст. Акаи Иршод. Нукта.......

Тахлили нихоят хуб. Доимо дар панохи АЛЛОХ боши бародар.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)