Шарҳи Фурқати Саид дар бораи қатли ваҳшиёнаи хусуру хушдоманаш
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар қатли хусур ва хушдомани солхӯрдаи Фурқати Саид, роҳбари ансамбли “Шашмақом” як сокини шаҳри Душанберо муттаҳам кардааст.
Умарҷон Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 5-уми сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, куштори хусури 86-сола ва хушдомани 77-солаи ҳунарманди маъруф бегоҳи 4-уми сентябр дар манзили зисташон дар маҳаллаи 46-и Душанбе рух додааст: “Айни ҳол дар ин ҷиноят, як сокини шаҳри Душанбе муттаҳам дониста мешавад”.
Манбаъ афзуд, ки феълан тафтишот идома дорад ва ҷузъиёти бештар баъдан ироа хоҳад шуд.
Фурқати Саид бо тасдиқи ин фоҷеа ба “Озодагон” гуфт, “вақте вориди хонаи марҳумон шуда будем, ҳама ҷо тагу рӯ шудагӣ буд. Ҳама ҷоро кофтаанд. Маълум, ки барои чизе даромадаанд. Дар бораи боздоштшуда хабар надорам. Мақомот ба таҳқиқи ин ҳодиса машғуланд”.
Ин ҳунарманд афзуд, ки ҷанозаи марҳумон феълан ба деҳаи Хоҷамбиёи боло оварда шудааст ва дар ин ҷо маросими видоъ бо онҳо дар назар аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Июн 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |