Бахшҳо

Пурсиши “Озодагон”: Рафтани Ислом Каримов чӣ таъсире ба минтақа ва Тоҷикистон мегузорад?

2 сентябр телевизиони давлатии Узбакистон аз даргузашти Ислом Каримов, раисиҷумҳури ин кишвар дар 78-солагӣ хабар дод. Каримов аз соли 1989 зимоми раҳбарии Узбакистонро дар ихтиёр дошт ва яке аз дарозумртарин президенти кишварҳои пасошӯравӣ маҳсуб мешуд. “Озодагон” ин навбат аз соҳибназарони тоҷик пурсид, ки РАФТАНИ ИСЛОМ КАРИМОВ ЧӢ ТАЪСИРЕ БА МИНТАҚА ВА ТОҶИКИСТОН МЕГУЗОРАД?


Хилватшоҳ МАҲМУД, журналист
Аз қудрат рафтани Ислом Каримов (новобаста аз омил) барои минтақа аз ҷумла Тоҷикистон таъсири мусбат ва ё манфиеро дар пай нахоҳад дошт. Сиёсати хориҷии Тошканд ҳамон гуна боқӣ мемонад, ки дар даврони салтанати оқои Абдуғаниевич буд: муносибати хашин бо ҳамсоягон, зӯргӯйӣ, дарҳои пӯшида, марзҳои баста ва ӯзбаккунонии тоҷикон. Зеро ба ҳар шева онҳое зимоми давлатро ба даст хоҳанд гирифт, ки парвардаи мактаби Каримуф ҳастанд ва роҳи ӯро идома хоҳанд дод. Узбакистон ҳам дар замони шӯравии собиқ, ҳам дар ин давр худро "гегемония"-и Осиёи Марказӣ медиду тасаввур мекард, баъдҳо низ ҳамин идея дар сиёсати хориҷии он кишвар меҳвар хоҳад буд. Тағйироти ҷузъиро шояд дар бархе аз ниҳодҳои амниятиву қудратии ин кишвар интизор бошем, дигар ҳамон "шоҳ мурд, зинда бод шоҳ..."

Далер ҒУФРОНОВ, сардабири маҷаллаи “Элита”
Мантиқан ҳеч тағйиротеро набояд мунтазир шуд, зеро ҳамаи ворисони эҳтимолие, ки аз онҳо ном бурда мешавад, дастпарвари мактаби сиёсии Каримов ҳастанд. Яъне эшон тарзи дигари идораи давлатро дар кишвари худ таҷриба накардаанд, махсусан дар ҳоле ки гуфта мешавад, дар кишвари ҳамсоя қудрат дар дасти мақомоти амниятист ва эшон ҳар чеҳраеро пас аз Каримов метавонанд ҳамчун симои рамзӣ барои худ роҳбар интихоб намоянд. Яъне дар гумон аст, ки шахсияте аз миёни ворисони эҳтимолӣ тавонад комилан ҷойгоҳи Каримови диктатурро касб намояд. Аз ин рӯ, ягона умеди кӯчак барои тағйирот ин аст, ки муборизаи воқеӣ миёни гуруҳҳои қудратхоҳ дар ин кишвар шароитро барои рақобат ва рушди солим ба миён оварад, дар натиҷа ақли солим дар ин кишвари ҳамсоя ғалаба кунаду мо ҳамсоягон аз банди сиёсатҳои бехирадона раҳоӣ ёбем.

Муҳаммад Абдурозиқ, соҳибкор
Тошканд баъди фурӯпошии Шуравӣ худро имперотури Осиёи Марказӣ меҳисобад. Воқеан Узбекистон аз назари мавқеияти ҷуғрофиёӣ ҷойгоҳи хубе дар мантақа дорад. Узбекистон аз назари низомӣ ҳам дар Осиёи Марказӣ қавитарин аст. Барои ҳамин Узбекистонро Маскаву Вашингтон гузоштанд, то ҷое ки дилаш мехоҳад яккатозӣ кунаду ба тарафи ҳамсояҳо лашкар бикашад, онҳоро дар муҳосираи иқтисодӣ қарор бидиҳад. Тошканди Каримов маъшуқаи нозпарварду дӯстдоштании Маскаву Вашингтон аст ва агар шабе дар оғуши Кохи Сафед буд, шаби дигар дар қасри Кремлин борои ӯ зиёфат меороянд ва дар баландтарин сатҳ аз ӯ пазироӣ мекунанд. Дар ин солҳо ин қадар амалҳое зидди манофеи Русия анҷом дод, ки ҳама гумон мекарданд, ки як мушти сахте Путин ба сари Каримов хоҳад зад, вале ин бештар дар сари Душанбе ва як каме ба сари қирғизҳо зада шуд. Ислом Каримов агар мурда бошад ва агар қудратро дар ин кишвар каси дигар ҳам бигирад, дар Осиёи Марказӣ таҳавулоти назарасе ба чашм нахоҳад расид.

Абдуссалом ОДИНАЗОДА, олими тоҷики муқими Австралия
Ягона чизе, ки рафтани ин оқо метавонад барангезад, умедворӣ барои беҳбудист. Мухолифини узбакӣ хеле заъифанд, чӣ исломгароён ва чӣ кофиргароён. Далели заъифияти исломгароёни узбак бесаводии сиёсӣ ва иҷтимоии онҳост. Бесаводии онҳо ба маҳдуд ва кӯчак будани забони узбакӣ иртибот дорад, ки бар сари худ як забони экзотикии ин дунёст ва зарфияти фикрии кофӣ барои таҳаққуқ ва таҳлили муносиби ҳаводиси гирду атрофи ҷаҳони имрӯзаро мутаасифона доро нест. Исломгароёни узбакӣ қодир нестанд, ки аз ҳолати ногаҳонии зоҳиршуда истифода бибаранд. Аз дасти мухолифини кофаргарои узбакӣ, ки фаъъолияти асосии онҳо худнамоӣ ва худфурӯшӣ (барои дарёфти фоидаи молӣ) дар гирдиҳамоиякҳо ва маҷлисакҳои кӯчаку бузурги асосан ғарбиҳост, ҳеҷ чиз намеояд, чун онҳо пояи ҷидии пуштибонӣ дар ҷомеъаи имрӯзаи узбакӣ надоранд. Онҳоро касе намешиносад ва забони асосан русӣ ва ё гибридии русӣ-узбакии онҳоро касе намефаҳмад. Агар ин оқо раисҷумҳури кишвари дигаре мешуд, кишваре кӯчактар ва кӯҳистонитар, он гоҳ шояд паёмади кор ба ҳаводисе табдил меёфт, ки ҷолибтар буд...

Муҳаммадиқбол АТОЕВ, мудири шӯъбаи матбуоти даварии Китобхонаи миллӣ
Таҷрибаҳо нишон додааст, ки баъд аз сари ин ё он сарвар ҳатман дар кишварҳо сиёсатҳо тағйир меёбанд. Мисоли мушаххасро метавонем дар марги Туркманбошӣ бубинем. Гурбонгулӣ на танҳо самти дигарро интихоб кард, балки шояд бо ин тарзи ҳаракат системаи давлатдорӣ ва сиёсати бетарафиро низ тағйир медиҳанд. Ин таҷриба пас аз марги Чавес, Абдуллоҳ ибни Абдулазиз ва дигарон низ рӯшан шуда буд. Каримов низ шахсияте нест, ки ҳам дар ҳукумат ва ҳам дар кишвараш мардум аз фаъолияту аз сиёсати ӯ розӣ бошанд. Махсусан, баъд аз моҷарои ширкатҳои мобилӣ ва даст доштани духтари Каримов дар ин моҷароҳо ва баъд аз ин боздошти дӯстону коршарикони духтари президент ва як муддати муайян ба ҳабси хонагӣ гирифтани ин "духтари додош" маълум мешавад, ки Каримов то андозае таъсири пешинаашро аз даст дода буд. Агар манзури суол тағйирот дар муносибатҳои Узбекистон ва Тоҷикистон бошад, бояд муносибат тағйир биёбад. Зеро Каримов яке аз он нафаронест, ки дар воқеаҳои дохилии оғози истиқлолияти Тоҷикистон дасти дароз дошт ва баъд аз расидан ба Ваҳдати миллӣ кӯтаҳдастии худро эхсос кард. Ин кӯтаҳдастӣ ҳарчанд ба минакории сарҳад, ҷорӣ намудани виза, гарон намудани арзиши газ, баромадан аз системаи барқи Осиёи Миёна, манъи вагонҳои Тоҷикистон, тахриби қитъаи роҳи Амузанг-Хатлон ва дар ниҳоят қатъи фурӯши газ барои Тоҷикистон оварда расонид. Пас хулоса ин аст, бо рафтани Каримов аз сари ҳокимияти Тошканд дар муносибатҳои ду давлати ҳамсоя тағйирот мешавад. Зеро алон кишварҳои Осиёи Марказӣ чун дигар кишварҳои чаҳон дар набарди буҳрони молиявӣ ҳастанд ва ин кишварҳо ба ҳамсоягии хубу шарикии боэътимод ниёз доранд.

Қаноат ЁДГОРӢ, фаъоли маданӣ
Ман пешгӯйӣ кардан намехоҳам, вале ба ҳар ҳол ду фарзия дорам. Аввал ин ки ҳар каси дигар ба ҷойи Каримов ҷойгузин шавад, сиёсати Каримовро пеш хоҳад бурд. Агар Каримов мурд ҳаргиз ба он маъно нест, ки “клан”-и Каримовҳо Узбакистонро аз даст медиҳад. Дувум ҳам ин ки, касе аз ҳамон “клан” роҳбар мешаваду ин деворҳои сиёсие, ки Каримов солҳо сохта буд, мешиканад. Ба фарзияи дуюм он қадар бовар надорам. Таъсираш ба минтақа ҳасостар аз инқилобҳои қирғизӣ ва ё мурдани Туркманбошӣ хоҳад буд. Зеро дар тӯли таърих, ки ин минтақа мустамаъраи Рус буду ҳаст Узбакистон дар сиёсати минтақа ҷойгоҳи калидӣ ва ҳалкунандаро дорад. Аз ин нигоҳ фикр мекунам ин бастагӣ ба чигунагии интиқоли қудрат дар ин кишвар дорад.
Мӯҳр
мехмон
Ягона фикри макбул аз Далер Гуфронов хаст. Мо точикон хамеша дар нокомии худ хамсоягонро гунахкор мекунем. Имруз агар 25 соли хукмронии Каримовро тахлил кунем Узбакистонро то сохтани мошинахои замонави расондааст. Истехсоли дохилии кишвар кариб ба итеъмоли ахоли баробар хаст. Артишаш яке аз артишхои кавии минтака хаст.

Муслим
Ассалому алайкум
Фикр мекунам дигаргуни хатман мешавад, чун ба чои Каримов дигар шахсият меояд, ки дидгохи дигар ,афкори дигар ва афъоли дигар дорад агарчанде .ки аз клани худи Каримов бошад хам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)