Бахшҳо

Мактуби Муҳиддин Кабирӣ ба СММ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупо

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аз СММ, САҲА ва Иттиҳодияи Аврупо хостааст, қазияи Ҷамшед ва Бузургмеҳр Ёровҳо, адвокатҳои боздоштшудаи тоҷикро пайгирӣ кунанд. Дар ин бора торнамоҳои марбут ба ҲНИТ хабар додаанд.

Ба иттилои манбаъ, Кабирӣ бо ирсоли номае унвонии Девид Кэй, гузоришгари вижаи СММ, Франк Валтер Штайнмайер, вазири умури хориҷии Олмон ва ҳамзамон раиси амалкунандаи САҲА ва Федерика Могрини, маъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст: “Вазъи зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон мисли пешин ҳамоно нигаронкунанда буда, ҳукумати Тоҷикистон фишор болои хонавода ва вакилони онҳоро бештар кардааст”.раҳбарони ин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гуфтааст: “Вазъи зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон мисли пешин ҳамоно нигаронкунанда буда, ҳукумати Тоҷикистон фишор болои хонавода ва вакилони онҳоро бештар кардааст”.

Дар идомаи нома таъкид шудааст, ки “Ҷамшед Ёров бародари вакили ҳабсшудаи аъзоёни ҲНИТ буда, танҳо ба хотири ҳимоят аз маҳбусини сиёсӣ дучори туҳмат ва зиндон гашт. Бо ҳабс кардани ӯ, ҳукумат ба ҳамаи вакилони кишвар паёми ошкор фиристод, ки ҳимояти ҳуқуқӣ аз зиндониёни сиёсӣ барои озодии онҳо хатарнок аст”.

Ӯ дар охир хостори талош барои раҳойи Бузургмеҳру Ҷамшед Ёровҳо шудааст.

Бузургмеҳр Ёров 28 сентябри соли 2015 баъди эълони азмаш дар бораи таъсиси Кумитаи дифоъ аз аъзои дастгиршудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон аз сӯи мақомоти интизомии кишвар боздошт шуд. Баъдан, Вазорати умури дохилӣ эълон кард, ӯ дар “қаллобӣ” ва “сохтакорӣ” муттаҳам мешавад.

Бародари ӯ – Ҷамшед моҳи августи соли равон дастгир шуда, 26 август барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Ба иттилои наздиконаш нисбати вай бо дастрасии моддаи 311 қисми 1 ифшои маълумоти дорои сирри давлатӣ аз ҷониби шахсе, ки ин маълумот ба ў бовар карда шудааст ё вобаста ба хизмат ё кор ба ў маълум гардидааст, агар ин маълумот дастраси дигар шахсон шуда, дар ин кирдори ў нишонаҳои хиёнат ба давлат мавҷуд набошад) парванда боз шудааст.

Номаи Муҳиддин Кабирӣ бо дархости расидагӣ ба қазияи Ёровҳо дар ҳолест, ки ахиран Пулиси байналмилалӣ ё Интерпол худи ӯро расман мавриди пайгард қарор дод.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)