Бахшҳо

Хабари раҳо шудани Зарафо Раҳмонӣ, мушовири раиси ҲНИТ

Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии раиси ҳизби дар Тоҷикистон мануи наҳзати исломӣ аз маҳбас озод шудааст. Дар ин бора пойгоҳҳои интернетии марбут ба ҲНИТ иттилоъ додаанд.

Ба хабари онҳо хонум Раҳмонӣ рӯзи гузашта раҳо шуда, ба манзилаш баргаштааст. Аммо ҳанӯз ин хабар расман таъйид нашудааст.

Зарафо Раҳмонӣ ягона зан миёни 13 аъзои фаъоли ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ буд, ки пас аз амалиёти неруҳои ҳукумат алайҳи гуруҳи Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифоъ дар моҳи сентябри соли 2015 боздошт шуданд. Моҳи июни соли 2016 Додгоҳи олӣ хонум Раҳмониро барои 2 сол равонаи зиндон кард. Ин камтарин ҳукми додгоҳ дар қиболи 13 узви Раёсати олии ҲНИТ буд. Афроди дигар аз 14 то 28 ва ду нафар -- Маҳмадалӣ Ҳайит ва Сайидумар Ҳусайнӣ, муовинони раиси ҳизб ба ҳабси абад маҳкум шуданд.

Раҳоии Зарафо Раҳмониро ба қонуни нави афв марбут медонанд. Ҳанӯз қабл аз тасвиби қонуни мазкур сару садоҳо дар мавриди озод шудани Раҳмонӣ расонаӣ шуда буд. Он замон гуфта мешуд, шояд ӯ таҳти фишори байналмилаӣ раҳо гардад.
Мӯҳр
САЛМОН
Апаи Зарафо ба болои сари фарзандонатон хуш омадед!!!
Шукр гуфта дигар ба фиреби гурухои ифроти хамро нашуда каллаи худро кор фармудан лозим.

Хочи
Муборак шавад озоди хохари исломи. Истиклолияти Точикистон чунин меваи ширин дорад. Мо мардуми шарифи точик аз ороми ва ободии кишвари азизамон ифтихор кунем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)