Бахшҳо
08 сен 2016 10:22Тоҷикистон / Тема дня

Шарҳи Душанбе дар бораи шиносномаҳои тоҷикии террористҳои Бишкек

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, шиносномаҳои тоҷикие, ки аз ҷониби террористон ҳангоми ҳамлаи интиҳорӣ дар назди бинои сафорати Чин дар Бишкек истифода шудаанд, ба тоҷикистониҳои узви “ДИИШ” тааллуқ доранд.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таркиши рӯзи 30-юми август дар назди сафорати Чин дар Бишкек аз ҷониби шаҳрванди Қирғизистон Саттибоев Иззотилло Машрапович бо тахаллуси «Алӣ», соли таваллудаш 1991, зодаи вилояти Ош ташкил шудааст, ки ба ҳайси муҷоҳид дар давлати Сурия фаъолият дорад: “Саттибоев шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон, Бобоҷонов Фирдавс Муминҷонович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Ҷ.Балхиро истифода бурда, амали террористиро дар сафоратхонаи Чин роҳандозӣ намудааст”.

Вазорати умури дохилӣ афзуд, террористи маргталабе низ, ки худро дар назди сафорати Чин тарконд, бо худ шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон доштааст: “Террористи худкуш, миллаташ уйғур, узви гурӯҳи террористии «Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ» буда, шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон Халилов Зоир Абдуҳалимович, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Панҷакентро истифода бурдааст”.

Мақомоти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки соҳибони ҳар ду шиносномаи тоҷикӣ, узви “ДИИШ” буда, мавриди пайгард қарор доранд.

Қаблан Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон иттилоъ дод, маргталабе, ки худро дар назди сафорати Чин дар Бишкек тарконд, уйғур бо шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Тибқи иттилоияи ин ниҳод террористи маргталаб узви созмони “Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ” буда, бо худ шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон, рақамаш «М 626881» ба номи Халилов Зоир, санаи таваллудаш 15-уми ноябри соли 1983 доштааст.

Инчунин мақомоти амнияти Қирғизистон Иззатулло Сатибоев, узбаки зодаи шаҳри Ошро мавриди пайгард қарор додаанд, ки бо шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон ба номи Бобоҷонов Фирдавс, соли таваллудаш 1995 санаи 16 июни соли равон вориди Қирғизистон шудааст: “Сатибоев мошин харида, ба Халилов роҳ нишон додааст ва ним соат пеш аз таркиш ба Истанбул парвоз кардааст”.

Ба иттилои манбаъ фармоишгари ин амали террористӣ созмонҳои террористии уйғурҳо мебошанд, ки дар Сурия қарор доранд.

Субҳи 30 август мошини Mitsubishi Delica бо суръати баланд ба дарвозаи самти ғарбии сафорати Чин, воқеъ дар хиёбони Чингиз Айтматов бархӯрда, дар рӯбарӯи қароргоҳи сафир таркида буд. Бино ба иттилои мақомоти қирғизӣ, дар пайи ин таркиш ронандаи мошин кушта ва се корманди сафорат маҷруҳ шудаанд. То ҳол бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамла 5 шаҳрванди Қирғизистону Узбакистон боздошт гардида, 4 қирғизистонии дигар мавриди пайгарди байналмилалӣ қарор гирифтаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)