Бахшҳо

Эълони беҳтаринҳо: Данғара, оилаи Саъдуллоевҳо, Вазорати хориҷӣ, деҳаи Янгибоғ ва...

Озмуни эълонкардаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои муайян намудани беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ 6-уми сентябр дар Душанбе ҷамъбаст гардид. Миёни беҳтаринҳо оилаи Саъдуллоевҳо аз Душанбе, шаҳраки Данғара, Вазорати умури хориҷӣ, Додситонии кул, шаҳри Хуҷанд ва деҳаи Янгибоғу Раҳмонобод ҷой гирифтаанд.

Азим Иброҳим, ноиби сарвазир ва раиси Комиссияи мусобиқаи мазкур гуфт, дар озмун 412 ҳазор оила аз 300 ҳазор хонавода, 4144 деҳа, 370 деҳот, 57 шаҳрак, 52 ноҳия, 16 шаҳр, 3 вилоят ва 60 мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ иштирок доштанд.

Тибқи иттилоияи расмӣ Қоҳир Расулзода, сарвазири мамлакат ба 35 ғолиби мусобиқа аз номи Эмомалӣ Раҳмон шоҳҷоизаи “Ҷоми Ҷамшед”, Шоҳҷоизаи “Ҷоми Истиқлолият”, нишонҳои хотиравӣ, шаҳодатномаҳо ва мукофотҳои пулӣ тақдим намуд: “Мувофиқи шартҳои пешбинишуда Вазорати корҳои хориҷӣ, вилояти Хатлон, шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Ёвон, шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара, деҳоти ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакии ноҳияи Восеъ, деҳаи Янгибоғи деҳоти Ҷўра Раҳмонови шаҳри Турсунзода, маҳаллаи ба номи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хонаи Рустамов Исмоил дар шаҳри Норак, ҳамчунин Оилаи Саъдуллоевҳо дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз беҳтаринҳо эътироф шуда, бо ҷоиза ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд”.

Манбаъ афзуд, ки ҷойи якум ба Прокуратураи генералӣ, шаҳри Турсунзода, ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт, деҳоти Гули сурхи шаҳри Истаравшан, деҳаи Раҳмонободи деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон, маҳаллаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кўлоб, хонаи Шариповҳо аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва оилаи Сафаралӣ Ҳалимов аз шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Бохтар дода шуд: “Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, шаҳри Қўрғонтеппа, ноҳияи Рўдакӣ, шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов, деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон, деҳаи Ваҳдати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон, маҳаллаи Зардолузори шаҳри Панҷакент, хонаи Аброр Шамуратов аз деҳоти Ҷиргатоли ноҳияи Лахш ва оилаи Маҷид Олимов аз ноҳияи Спитамен сазовори ҷойҳои дуюм гардида, шаҳри Хоруғ, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор, деҳаи Диловарони шаҳри Конибодом, маҳаллаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рўдакӣ, хонаи Нозимҷон Усмонов аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва оилаи Наботбегим Тавакалова аз шаҳри Хоруғ ҷойҳои сеюмро гирифтанд”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)