Бахшҳо

Бо истиқлол бозӣ нашояд!

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Новобаста аз ин ки гуруҳе истиқлолро “тарошаи аз бом уфтода”, гуруҳе онро “муфт” ва гуруҳе онро “натиҷаи мубориза ва ҷоннисориҳои фарзандони фарзона ва маҳбуби Ватан” медонанд, бузргтарин дошта ва сармояи имрӯзии мост. Истиқлол танҳое вожае барои шиорзанӣ, имтиёзталабӣ ва худнамоӣ нест, балки фурсате барои давлат ва миллат сохтан аст. Ҳар ки дар оғози истиқлол тавонист, ки бунёди давлати худро ба дурустӣ бигузорад муваффақ мешавад, вале агар дар оғоз бо истиқлол бозӣ сурат гирифт, идомааш бозӣ аст. Бозии бисёр нозарур ва музир.

Агарчи тоҷикон дар гӯшае бисёр хурде аз сарзамини бузурги худ истиқлол ёфтанд, вале боз ҳам доштани истиқлол шарафи бузургест. Бо омадани болшевикҳо агар мо, соҳиби давлат шудем, вале руҳи истеъмор тамоми ҷомеаи моро фаро гирифтааст ва имрӯз ҳам Тоҷикистон як кишвари пасоистеъмориест, ки имконоти ба истиқлоли фикрӣ расидан бисёр маҳдуду ночиз мебошад. Истиқлоли як давлат бидуни доштани истиқлоли фикрии шаҳрвандонаш беарзиш аст. Ин гуна истиқлол ҳамеша хатарзо боқӣ мемонад. Истиқлоли ҳар давлат ва худи давлатро сармояҳои фикрияш тавон мебахшанд ва муҳташам мекунанд. Истиқлол бояд фурсати хубе барои решакан кардани истеъмор ва муолиҷаи тафаккурҳои истеъморзада бошад. Дар фарҳанги истиқлол набояд фарҳанги истеъмор ҷо дошта бошад.

Курёи Шимолӣ ҳам як кишвари соҳибистиқлол аст. Бо вуҷуди ин ки ин кишвар яке аз бузургтарин артишҳоро дар дунё (1,1 миллион сарбозу афсар) дорад ва соҳиби силоҳи ҳастаӣ низ ҳаст, ҳамоно истиқлолаш зери хатар аст. Зеро озодиҳои сиёсиву фикриро аз мардумаш гирифтааст. Истиқлол дар ин кишвар танҳо марбут ба хонаводаи Оли Ким аст, мардуми дигар қурбониҳои истиқлоланд.

Пояи асосии истиқлол суботи сиёсӣ ва амният аст. Шукри Худо, мо инро дорем. Вале истиқлолро набояд дар инҳисори гуруҳӣ қарор дод. Балки бояд имкон дод, ки тамоми мардуми кишвар худро дар иҳотаи истиқлол бибинанд ва ҳис кунад. Истиқлол набояд аз мардум дигар доштаҳои арзишӣ ва сармояҳои фикриву зеҳниро бигирад. Истиқлол набояд қурбони таъмини субот ва амният шавад.

Истиқлолро бояд неру бахшид, муқтадир кард. Истиқлолро бояд аз долонҳои ҳукумат ба тамоми марзу паҳнои кишвар бурд. Фаротар аз марзҳои Тоҷикистон ҳам бояд тоҷик худро шаҳрванди як кишвари соҳибистиқлол фикр кунад.

Ҳар замоне ки як муҳоҷири тоҷикро дар Русия ба ин далел, ки дар кишвараш пуштибоне надорад, мекушанд ва ё сар мебуранд ба маънои эҳтиром накардани истиқлоли Тоҷикистон аст. Ва ё ба ин маъност, ки мо иззату шарафи истиқлоли худро ҳимоя намекунем. Мо истиқлолро дар долонҳои ҳукумат ва мақомот маҳдуд кардаем. Албатта, як чиз ошкор аст, ки давлатҳои хурде назири Тоҷикистон истиқлоли худро ҳамеша дар ҳимоят аз абарқудратҳо нигоҳ медоранд. Ин як таҷрибаи ҷаҳони имрӯз ва амре пазируфташуда аст. Вале ҳимоят набояд ба маънои вобастагӣ бошад.

Истиқлол ва нигоҳ доштани он барои мо бисёр гарон афтодааст. Миллати мо барои таҳкими истиқлол 150 ҳазор қурбонӣ додааст. Мо барои ҳифзи истиқлол ва Ватани худ вориди ҷанги нагини шаҳрвандӣ шудем. Гуруҳҳое буданд ва мувофиқа карда буданд, ки вилояти Суғдро бояд ба кӣ бидиҳанду Бадахшонро ба кӣ... Вале, хушбахтона ин аҳдофи шуму нопок дар сатҳи ормон боқӣ монданд. Вале кам нестанд касоне, ки ҳамоно ин ормонро дар сар мепарваранд.

Истиқлоли мо аз хуни шаҳидони ҷанги шаҳрвандӣ ҳамеша сурх боқӣ мемонад. Ин доғе нангин дар парчами истиқлол барои ҳамеша вуҷуд дорад. Онро бо ҳеч собуне: хоҳ идеологӣ ва хоҳ сиёсӣ намешавад шуст.

Истиқлол дигар набояд моро ба ҷанги шаҳрвандӣ бибарад ва ё бикашонад. Дар ҳеч сурат набояд ин саҳфаи нангини китоби таърихи хотироти миллат такрор шавад. Ин аст ки бояд барномарезии истиқлол, илмӣ, мантиқӣ, миллӣ ва замонпазиру ҷаҳонпазир бошад. Истиқлоли илмӣ, забонӣ, энергетикӣ, иқтисод ва фикрӣ бояд дар меҳвари истиқлоли сиёсӣ бичарханд.

Тантанаи истиқлол танҳо “маршировкаву намоишҳои театрикунонидашуда” нест. Тантанаи истиқлол ин тантанаи қонун, тантанаи адолат ва тантанаи ғурури як миллат аст. Ва ин тантана бояд малмус, маҳсус ва дар ҳама ҷойе аз ин сарзамин вуҷуд дошта бошад. Тантанаи истиқлолро мо набояд фақат аз пардаи телевизион бибинем.

Хорӣ ва забунии истиқлоли Ватанро набояд дигар тоҷик дар милисахонаву хиёбонҳои Русия ва таҳхонаву ҷангалҳояш ба намоиш бигузорад. Бояд неру ва шаҳомати истиқлолро мисли Дилшод Назаров дар серҷамъияттарин ҷаласаҳои ҷаҳонӣ ба намоиш гузошт. Ин аст роҳкори истиқлол доштан, давлат сохтан ва миллат будан. То замоне имкони ин пайдо нашавад, ки як тоҷик ба кайҳон наравад ва як баранди Нобел надошта бошем, ҳамаи “саҳнаҳои театрикунонидашуда” дар пардаҳои телевизион кори беҳудаанд. Истиқлол набояд намоишӣ бошад!

Роҳи истиқлоли тоҷик бисёр дароз ва таронаҳои носурудааш давомдоранд...
Истиқлол муборак, ҳамдиёрони азиз!
Мӯҳр
Эхсон
Бале, зери мафхуми "Истиклол" ва "Вахдат" бисёр маънии бузурге хобидааст, ки муттаасифона кам одамон онро дарк мекунанд, ва онро киммат медоранд. Ин фурсатро истифода бояд бурд, чун маврид аст. Ди шаб агар ба касе маълум бошад аз шабакахои руси, боз мехоханд ба Осиёи Маркази фишоре оранд. Бахона марги Ислом Каримову дигар... Маълум, ки ин "Хирси калон" агар дар об заду душвори кашид боз чун солхои 17-и карни гузашта руй меорад ба мову мора боз дар пахтакориву танхо кори чисмони мачбур мекунаду манфиатамонро мегирад. Мо бояд эхтиёт бошем, кадр кунем озодиву истиклолро, лозим не кадом Союзу кадом СССР-и нав! Худо ВАТАНи моро ва истиклоли моро хифз кунад. Бубинед 70-соли СССР барои мо насохтанд онеро, ки мо худ хамаги дар 10-соли охир баъди аз мушкилии умумидавлати (чанги шахрванди) сохтем. Саломат бошед!

авс
То ба дарачаи Куриеи Шимоли расидани мо камаш 500 соли дигар лозим аст

Юсуф
Ташаккур Бародари бисер хам азизу гироми . Худованд нуткат ро боз хам пуриктидор ардонад !

номус
Офарин Иршод, ба иин суханонои дилхарошат.

Мо точикон рузи истиклоли давлати миллии худро бояд аз соли 1924 хисоб гирем, чунки бо омади большевикхо мо аз тахти/зери туркнажодхо озод шудем ва сохиби давлати инруза шудем.
Сохибдавлат шудан муборак!

мехмон
Истиклол? Чи хел? Зиёда аз 20 - сол аст ин идро бо либосхои кори Дар мухочират мегузаронам. Илоче надорам дигар. Сардорон дар Россия идхои,, рамазон"- у,, курбон" ва,, Навруз"- ро эътироф мекунанд аммо истиклолияти Точикистонро не! Кариб 2 миллион мухочири точик ташнаи истиклолияти хаккони мебошанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)