Бахшҳо

Изҳороти идонаи Президент: Аз давлати исломии ҲНИТ то ваъдаи хидмати якумра ба миллат

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 8-уми сентябр зимни ҳамоиш бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлоли кишвар аз нақшаи ташкили давлати исломӣ, харобкориҳои ҲНИТ, қаҳрамонии халқи тоҷик ва ояндаи дурахшони кишвар суҳбат кард.

Раисиҷумҳури зимни баромадаш дар Кохи Борбад баробари шодбош гуфтани мардуми кишвар инчунин аз солҳои аввали Истиқлолият ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ёдовар шуда, гуфт, ки баъзе аз гуруҳҳои харобкор нақшаи ташкили давлати исломиро кашида буданд: “Қувваҳои бадхоҳ ва ашхоси гумроҳ бо нақшаву дастурҳои хоҷагони хориҷии худ, ки мехостанд бар хилофи иродаи мардуми тоҷик фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари халқи мо бор кунанд ва ҳатто саросемавор нақшаи бунёди давлати исломиро кашида буданд, Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги бародаркуш гирифтор карданд”.

Эмомалӣ Раҳмон бо зикри ин нукта, ки истиқлол аз оғоз ба зарбаи ҷонкоҳу ҳалокатбор, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд, гуфт, ки “мутаассифона, дар он айём ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои навтаъсиси кишвари тозаистиқлоли мо фирефтаи мафкура ва нақшаҳои харобкоронаи Ҳизби наҳзати ислом гашта буданд”.

Президенти Тоҷикистон ҷанги дохилиро яке аз омилҳои боздорандаи рушди Тоҷикистон номида, онро боиси ҳалокати ҳазорон нафар шаҳрванд, ятим мондани даҳҳо ҳазор кӯдак, аз фарзанд маҳрум шудани ҳазорон модар ва гуреза шудани беш аз як миллион нафар сокини Тоҷикистон донист.
Дар ин суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон аз он таассуф хӯрд, ки ҷанги шаҳрвандӣ нагузошт, ки Тоҷикистон мисли дигар давлатҳои меросбари давлати абарқудрат ҳаққи худро соҳибӣ намояд, иқтидори давлати ҷавони худро мустаҳкам гардонад ва барои муаррифии он дар арсаи ҷаҳон, ақаллан, рамзҳои давлатии кишвари соҳибистиқлоламонро қабул кунад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки “Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол як сол Парчам ва Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва Конститутсия надошт. Кор фақат ҷангу муноқиша ва тақсими вазифа буд”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олиро дар роҳи ба эътидол овардани вазъи ноороми кишвар таърихӣ номида, гуфт, ки сарнавишти давлатдории тоҷиконро ҳамин иҷлосия муайян кард.

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин дар ин суханронии худ ба маъсалаи қаҳрамони ҷанги шаҳрвандӣ ишора карда, таъкид намуд, ки ин қаҳрамон хурду бузурги халқи тоҷик аст: “Бинобар ин, дар ин рӯзи таърихӣ дар назди халқи қаҳрамони тоҷик бори дигар сари таъзим фуруд меорам”.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ишора кард, ки дар 15 соли охир суръати миёнасолонаи рушди иқтисодии кишвар ба 7,8 фоиз баробар шуда, даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт: “Ҳамзамон бо ин, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар зиёд гардиданд. Сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат қариб се баробар коҳиш ёфта, аз 83 фоизи охири соли 2000-ум то 31 фоиз дар соли 2015 паст карда шуд. Дар даврони истиқлолият шумораи аҳолии мамлакат аз панҷуним миллион то 8 миллиону 700 ҳазор нафар, яъне 1,6 баробар афзоиш ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум куллан беҳтар гардид ва дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 73,5 сол боло рафт”.

Президенти Тоҷикистон инчунин аз корнамоии Дилшод Назров ҳам ёдоварӣ кард ва аз ҷумла гуфт: “Дар бозиҳои олимпии ба наздикӣ дар Бразилия баргузоршуда Тоҷикистони мо дар байни 206 давлати дунё мақоми 54-умро ишғол кард ва варзишгари тоҷик Дилшод Назаров дар байни 12 гурзандози номии ҷаҳон ғолиб шуда, дар баробари соҳиби медали тилло шуданаш ба қатори сад варзишгари беҳтарини сайёра шомил гардид”.

Дар поёни суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон хитоб карда, гуфт: “Халқи азизам! Ман ба қудрати созанда ва нангу номуси ҳар як фарди ту бовар дорам! Миллати бузурги ман! То зиндаам, ман бо номи ту сидқан ифтихор мекунам, туро самимона дӯст медорам ва тамоми ҳастии худро дар роҳи хизмат ба ту бедареғ мебахшам! Халқи бузургу қаҳрамони ман! Мо ҳама даст ба дасти ҳамдигар дода, дар фазои сулҳу оромӣ Ватани азизамон -Тоҷикистонро ба биҳишти рӯи замин табдил медиҳем!”

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба халқ таъкид кард, ки рӯзҳои сангин ва вазнину торикат паси сар шуданд ва афзуд, ки “Акнун, дилпурона ва бо қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи ободу осуда ва қуллаҳои боз ҳам баланд ба пеш!”
Мӯҳр
Чамшед.Дангара.
Бузак Бузак намур бахор меояд.25 сол шуд ин хаохарфхо!!

мехмон
Хизби исломи ё дигар хизбу гурух ташкил кардан дар мамлакате ки 98% мусалмон хаст нодуруст хаст . ,, Муъмин бародари муъмин" бошад ин гуруху хизбхо лозим нест. Хизби халки демократиро низ бояд бархам дод. Дар Точикистоне ки хамаги 8 миллион ахоли дораду 2,5 миллиони кувваи кори берун аз он хаст чи даркор хизб? Хамаи мо бародар хастем. Биёед ба сарконун ва имону инсоф хамаги як со такя карда кор кунем чи мешавад?

Дилшод Назров не Дилшод Назаров. Нукта не нуқта журналист куҷо саросемаен?

фард
Дар ин чоряк асри истиклолият:
Пешрафти иктисоди;
Комёбихои илми технологи;
Нафту гази худ;
Карзи давлат чи микдор?
Сафи мухочирати мехнати камшави дорад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)