Бахшҳо

Растаҳои “инфексия”- фурӯшии Душанбе ва амнияти миллӣ

Агар ба талаботи санитарие, ки барои фурӯшандагони маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла маҳсулоти шир ва гӯшту таъом гузошта шудааст, бовар кунем, пас бозорҳои Душанбе “инфексия” низ мефурӯшанд. Инро мушоҳидагари “Озодагон” ин ҳафта дар растаҳои таъомфурӯшии бозорҳои “Саховат”ва “Шоҳмансур” ба мушоҳида гирифт. Ба қавли худи “бозоракиҳо” дар “рияди ишкамбафурӯшҳо”.

Ҳар касе мактаб хондааст ва одитарин бардоштҳоро аз илми биология дорад, медонад ки баъзе маҳсулотро дар ҳавои кушод, хусусан дар гармойи шадид ва ҷойи серодаму серҳаракати бозорҳо фурӯхтан хеле хатарнок аст. Ҳамин аст, ки ниҳоде бо номи “СЭС” бояд фурӯшандагони ин гунаи маҳсулотро таҳти контроли шадид қарор бидиҳад. Ин масъла ҷузъе аз амнияти миллӣ ба ҳисоб меравад. Бале, зеро амнияти миллӣ танҳо таъмини сиёсии амният нест, балки роҳ надодан ба ҷанги бактерологӣ ва аз роҳҳои биологӣ гирифтори ноамнӣ шудани миллат ҳам, масъалаи амнияти миллист.

Хонандаҳои азиз, агар фурсат дошта бошед, як саре ба растаҳои таъомфурӯшии бозорҳои “Саховат” ва “Шоҳмансур” бизанед. Агар вақт надошта бошед, метавонед дар бозорчаҳои маҳали иқомаи худ дар шаҳри Душанбе, аз ҷумлаи бозорчаи маҳалли “33” ва амсоли он шоҳиди ин манзараҳо бошед. Дар “Шоҳмансур”, ки дар дили Душанбе ҷойгир аст ва бештарини гардишгарону хориҷиҳо ҳам аз ин бозор харид мекунанд, шурӯъ аз дарвозаи марказӣ, қад-қади роҳ то дарвозаи муқобили Кумитаи дин... ва Кумитаи занон... растаи таъомфурӯшӣ, одатан аз нисфирӯз ба баъд хеле фаъол аст. Ҳатман дар даруни тосҳо болои газ ва “керосинка”-ҳо балақ-балақ ҷӯшидани дилу ҷигару шуш ва ё ишкамбаву калапочаро шунидаед. Агар нашунида бошед, ҳатман боло паридани як ишкамбапора ва ё пораҳое аз гурдаву дилу ҷигарро ҳангоми ҷӯшидани ин таъомҳо дидаед. Агар донишҷӯй буда бошед, ин манзараро бисёр самимӣ ва аз таҳти дил мушоҳида кардаед.

Ин таъомҳо дар сари роҳи одамгузар, ки гарду чанги пасгарди одамҳо ҳатман ба таъомҳо менишинад, фурӯхта мешаванд. Хусусан, дар назди дарвозаи муқобилаи Кумитаи дин..., ки ҷойи аз ҳама серодами ин мавзеъ ҳаст, ҳатман ҳар тағораи таъомдоре пур аз гарду чанг ва .... мебошад. Инҷо ба иловаи бозоракиҳо, ҳамчунин мардикорбозори Шоҳмансур ҳам воқеъ асту ба ҷуз ин, минибасҳои мусофирбари 4, 8, 18 ва 67 аз ин мавзеъ одам “бор” мекунанд. Рӯзе аз ин мавзеъ дар мусофирбари 18 савор шудам ва тақрибан, баъди чанде мусофирон лаб ба шиква кушоданд, ки дохили “ғизол” бӯйи безеб мекунад. Ҳар мусофире як бор ним бор ин сӯ он сӯ ҷунбиду боз ором шуданд. Вале зане хитоб зад, ки наход нақлиёти ҷамъияти ҳамин хел бӯйи бад кунад. Яке аз мусофирон гуфт, шояд ҳамин ишкамбаҳои харидааш бӯй кунанд ва покети дасташро як бӯй карду бинияшро бо ду ангушташ дошт. Аз ҳама мусофирон узрхоҳӣ кард ва минибасро қарор дод, то ишкамбаҳоро дар ҷойи муносибе партояд. Мусофири ҳамсафари мо гуфт, ки ишкамбаҳо пухташуда мебошанд ва аз ҳамон растаи бозори “Шоҳмансур” харидааст. Қазоват пеши Шумост, хонандагони азиз. Вақте дар дохили покети полиэтиленӣ ин қадар буйи бад мекард, паст вақти хӯрдан ва ё... Худо нигаҳ дорад!

Дар бозори “Саховат” вазъ бадтар аст. Инҷо ҳам сари роҳ, ки дар канор як ҷуйбори хеле ифлос мегузарад, холаҳои ишкамбафурӯш бо тосу тағораи худ нишастаанд. Ин ҷо ҳам як мавзеи серодам буда, мусофирбарҳои 28, 54 ва “тангем”-у таксиҳои Саховат–Гипрозем аз мусофир савор мекунанд. Дар муқобили роҳ таксиҳои масири Душанбе–Хатлон қарор доранд. Ва гузашта аз ҳамаи ин, роҳи ин мавзеъ хеле ҷазиру лойолуд аст, ки ба эҳтимоли зиёд ягон-ягон лойу хокпораҳое аз пасгарди равандаҳо ба тосу тағораи холаҳо мепарад. Ин ҷо ҳам холаҳо гурдаву ҷигару шуш, ишкамбаву калапоча, мантуву самбуса ва нону ҳасиб ва пиражкиву қаҳва мефурӯшанд. Замоне чиниҳои коргари сохтмонҳои Душанбе аз харидорони аршади ин холаҳо ва ин растаҳо буданд. Хусусан, манзари ишкамбахӯрии чиниҳо дар бозорчаи маҳаллаи “33” хеле қобили мушоҳида буд. Бегоҳирӯзӣ, чиниҳо фавҷ-фавҷ меомаданд ва дар дохили ҳамон тағораҳое, ки таъом пухта шуда буд ба ишкамбаву дилу ҷигархурӣ мепардохтанд.

Аз “мухлисон”-и дигари ин растаҳои ишкамбафурӯшӣ милисаҳои нозир ё ба истилоҳ “учаскоквой”-ҳо мебошанд. Ҳоло ман намедонам, ки ин милисаҳо пули ишкамбаро медиҳанд ё не, вале мушоҳида мешавад, ки “крыша”-и ишкамбафурӯшҳо дар Душанбе ҳамин нозирони минтақавӣ ҳастанд.

Баъзан, як инсон бо вуҷуди ин ки медонад хӯрдани ин гуна таъомҳо аз нигоҳи беҳдоштӣ дуруст нест, вале нигоҳи музтар, чеҳраи бечорагуна ва симоҳои толиби имдоди холаҳои инчунинифурӯш раҳмро меоварад. Аммо бечорагии мардум наметавонад сабаб бошад, ки мо бигзорем дар миёни чангу хоку лой ва “микробу инфексия” таъом бифурӯшанд.

Маълум аст, ки намояндаҳои “СЭС” ҳатман холаҳои ману Шуморо хабар мегиранд. Аз нигоҳи санитарӣ, дақиқан дар ҷойе, ки холаҳои ману Шумо бизнес мекунанд, фурӯши таъом мумкин нест, вале “СЭС” онҳоро иҷоза медиҳад?! Мо намедонем, шояд “доля” мегиранд... Вале як дӯстам мегуфт, мо як ҳамсояи коргари “СЭС” дорем, гӯшту сабзиҷоту салату ...-ро аз ӯ бо нархи арзон мехарем. Мегуфт, ки ӯ барои ташхис аз ҳар савдогаре мегирад ва ба озмоишгоҳ мебарад. Озмоишгоҳаш мо – ҳамсояҳо ҳастем, ки то ҳол ба касе чизе нашудааст.

Алабатта, бисёр ҷойи шарм нест, ки масъулони шаҳрдории Душанбе, Вазорати тандурустӣ ва хусусан роҳбарони “СЭС” аз ин растаҳо гузаре кунанд ва холаҳои ману Шумо ҳам мумсик нестанд. Агар ҳеч коре накунанд, ҳатман мегӯянд, ки “ака (ё апа), марҳамат ишкамбаи фасон, ҷигари оргинал, шуши ... ва ...”.

PS. То ҳол иттилои расмӣ ва омори дақиқе вуҷуд надорад, ки аз хӯрдани ин гуна таъомҳо касе сироят шуда бошад. Манзури мо аз растаҳои “инфексияфурӯшӣ” як манзури эҳтимоливу рамзӣ аст ва барои ҳамин дар “” (нохунак) гирифтем.

Мушоҳидагари Озодагон
Мӯҳр
.
Муттасифона ахвол хамин аст. Сатхи маданият хеле паст аст. Кисми зиеди мардум, ки аз кишлокчойхо хастанд, ин гуна ахволро хамчун чизи мукаррари кабул мекунанд. Як фикр кунед, ки мардуми хоричие, ки ин ахволро мебинад, нисбати мардуми точик чи таассуроте мебардорад. Хамин гуна ифлосиро дар Хиндустон ва мамлакатхои Африка дидаам.

Ишкамбафуруш
Э журналисте, садкаи хамин ишкамбахои мо шави, ин кадар танкидмон кади! Як бори дигар маколанависи биёи, бо хамин почакхои пухтаги дар бехи гушат якта мезанам!

Солех
Офарин! Бехтарин мушохидахоро руи мавод овардаед. Дар хакикат хамаи мо онро мебинем, вале бепарвоем. Агар хамагй садо баланд накунем ягон руз партовхоро ба фуруш мебароранд. Озодагон масъалахои догро мебардорад. Бинед як пулчини бефархангро навишт, чй гуна вокунишхо аз чониби макомоти дахлдор сурат гирифт. Хатто чаримаи калон ситонда шуд аз он гунахгорон. Озодагон ба пеш!!

Ин хама аз он даврае омад, ки ба шахри Душанбе фавч фавч холаю тагоихое ки аз кишлокхои дуру наздик дохил шуданд. Инхо одат кардаанд, ки дар кишлок дар сояи дарахтон бе малол нишаста хурок мехурану мефурушанд. Рости гап намедонам чаро мардуми точики мо чунин бе хаё ва бе шарм шудаанд. Дар хакикат агар дар бозори Саховат дарои худро дар асри 15- хис мекуни ё дар Афгонистон. Лавзи кабех ва чангу чанчол аар чихати санитариро гуем, аз Хиндую африкоихо газарондем.

in kor dar hama dunyo ast.na fakat dar tojikiston.in khurokhoi milii most.fakat tozagi zarur ast.

харидор
ин холат дар хамаи бозорхо мушохида мешаванд, дар баробари макомоти дар макола зикршуда рохбарияти бозорхо низ мутасаддияд. Чаро онхо ба ин рох медиханд. Ман доим фикр мекунам, ки харидори ин хурокхо кихо бошанд. аз макола бармеояд, ки сар карда аз нозирони минтакави то чинихо талабгори ин хурокхо будаанд. Пас барои ин шикамбафурушхову .... шароит бояд фарохам овард, ки хам аз чихати санитари хуб бошаду зиндагии хамон холахо низ пеш равад. Танхо бо манъ кардан масъала халли худро намеёбад

а
харидор,

Манъ кардан лозим аст, чунки ишкамба хеле бадбуй аст. Ин чо пойтахт аст, на огилхона.

54
Дар хакикат ин масалаи доги руз аст.Пойтахт бояд нисбат ба дигар чой намуна бошад,солхои шурави мардум барои ба пойтахт омадан як хафта тайери медиданд хозир бошадбаракс шудааст.Дар мо мисли роспотребнадзор чаро чунин ташкилот нест ки назорат барад.Вактхои охир дугоб гуфтаги чиз баромадааст ду чойник дар хавои гарму чанголуд рехта истодаасту мардум бошад аз он нуш мекунанд.Мардум асосан барои ин хам гунахкоранд агар истеъмол накунанд ин чизхоро онхо низ ин гуна чизхоро намефурушанд.

NB
Маън не, балки дастгири кардан лозим. Дуконхои махсуси замонави бо кондиционер сохтан лозим. Албата сифаташро низ аз назорат берун мондан лозим нест. Онхо низ дар паи риску рузии хешанд! Бе ин хам чои кори аник надорад аксарияти мардум.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)