Бахшҳо

Раҳбари клиникаи ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд: Мехоҳам қабри ӯро зиёрат кунам (АКС)

Дар ҷануби Тоҷикистон маркази ҷарроҳии шахсие номи Аҳмадшоҳи Масъуд, аз тоҷикони номовари Афғонистонро дорад.

Саидҷон Мирзоалиев,
раҳбари ин муассиса дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, баъди шунидани хабари марги Аҳмадшоҳ Масъуд клиникаро ба номи ӯ гузошт. “Ман, ки аз рӯи ихтисос ҷарроҳ ҳастам, баъди сафарҳои зиёд ба кишварҳои хориҷ соли 1999 аввалин клиникаи шахсиро дар Тоҷикистон таъсис додам. Баъди як ҳафтаи шунидани хабари марги Аҳмадшоҳ дар соли 2011 Маркази ҷарроҳиро ба номи вай гузоштам”,-афзуд вай.

Ба қавли ҷаноби Мирзоалиев дар бораи қаҳрамониҳои Аҳмадшоҳ соли 1986 вақте дар Афғонистон қарор дошт, шунида буд: “Аз тоҷик будани чунин як шахсият ифтихор мекардам. Мутаасифона имкон даст надод, ки бо ӯ аз наздик шинос шавам, аммо ӯро зиёд эҳтиром мекардам”.

Раҳбари Маркази ҷарроҳии ба номи Аҳмадшоҳ Масъуд мегӯяд, соли 2002 вақте Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг омад, аз клиникаи ӯ ҳам дидан кард: “Ёд дорам, ҳангоми дидани номи Аҳмадшоҳи Масъуд расо 5 дақиқа хомӯш истода, ба фикр фурӯ рафт. Баъдан дар хитоб ба ман гуфт, ки ин ном беҳтарин интихоб аст”.

Ба гуфтаи Саидҷон Мирзоалиев, мизоҷони маркази ҷароҳии ӯ аз ҳисоби шаҳрвандони Афғонистон ҳам кам нест ва бештари онҳо изҳори миннатдорӣ мекунанд, ки номи Аҳмадшоҳро ба клиникаи худ гузоштаам: “Масъулини Вазорати тандурустии Афғонистон пешниҳод карда буданд, ки суратҳисобе бо номи Аҳмадшоҳ Масъуд боз кунам ва маблағи воридшуда ба онро истифода намоям. Ман аз ин пешниҳод сахт ранҷидам, зеро ҳадафи ман даромад аз ҳисоби номи Аҳмадшоҳ нест. Ман аз ифтихоре, ки нисбат ба Аҳмадшоҳ дорам, номашро ба муассисаам гузоштаам. Аз ҳисоби тадовии беморон метавонам ҳам зиндагӣ ва ҳам клиникаи худро сари по истод кунам”.

Ин табиби тоҷик мегӯяд, қасд дорад бо даст додани имкон ба зиёрати қабри Аҳмадшоҳ биравад. Ба гуфтаи вай, тасмим буд, ки бо як ҳайати кормандонаш ба Панҷшер, зодгоҳи Аҳмадшоҳ бираванд, аммо аз сафорати Афғонистон гуфтаанд, шояд ин иқдом ба Толибон ё гуруҳҳои ифротӣ хуш наояд: “Гуфтанд, мо наметавонем амнияти шуморо таъмин намоем”.

Аҳмадшоҳи Масъуд, 9 сентябри соли 2001 аз ҷониби ду арабтабор, ки ба ҳайси хабарнигор меҳмони ӯ буданд, кушта шуд. Онҳо маводи мунфаҷираро дар дастгоҳи наворбардорӣ насб карда, аснои дар рӯбарӯи дурбин нишастани Аҳмадшоҳ онро тарконданд. Баъди марг ба Аҳмадшоҳи Масъуд дар Афғонистон расман унвони “Қаҳрамони миллӣ” дода шуд. Аҳмадшоҳ дар Тоҷикистон ҳам ҳаводорони зиёде дорад. Чанд сол қабл пешниҳодҳое низ буд, ки дар Душанбе як кӯча ё хиёбон ба номи ӯ гузошта шавад.


Раҳбари клиникаи ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд: Мехоҳам қабри ӯро зиёрат кунам (АКС)

Раҳбари клиникаи ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд: Мехоҳам қабри ӯро зиёрат кунам (АКС)

Раҳбари клиникаи ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд: Мехоҳам қабри ӯро зиёрат кунам (АКС)

Раҳбари клиникаи ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд: Мехоҳам қабри ӯро зиёрат кунам (АКС)
Мӯҳр
ЗИНДА БОШЕД, ДОКТОР МИРЗОАЛИЕВ БЕХУДА НАГУФТААНД . БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД....

мехмон
Подоши икдоми неки Шуморо Аллох ч.ч дихад!! Инша Аллох насли оянда номи неки Шуморо низ вирди забонхо меоранд

Ин одам як шахси чашмгурусна хаст инро тамоми мардуми нохияи Ховалинг медонанд. "максадам аз номи Ахмадшох пул кор кардан нест" хмммм рост мегуяд!!!

Сапап
Офарин ба ин табиби бе хамто рости ман ки сокини хамин нохия хастам хеле аз фаъолияти хамин дармонгох розиям чунки агар худое накунаду ягон одамат дар шаб бемор шавад дар беморхонаи марказии нохия дигар касеро намеёби ин беморхона бошад шабонарузи фаолият менамояд як мувафакияти чанооби Сайдчон М дар он аст, Фарзндашхам касби уро итихоб намудаасту дар хамончо фаъолият менамод. Ногуфта намонад, ки шахсан ман ки дар нохия зиндаги намеунам ва ягон хешам нестки таъифаш кунам дар хакикат фаъолияти хуб дорад...............

РУХАТ ШОД БОД ШЕРИ ХУДО, ШЕРИ МАРДУМИ ФОРС, ШЕРИ ПАНЧ,ШЕР, АХ,МАДШОХИ МАСЪУД .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)