Бахшҳо
16 сен 2016 11:45Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

5 шабонарӯз ҳабси ронандаҳое, ки шабона “пойга” мекардаанд (АКС)

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти чор нафар бо иттиҳоми ташкили пойгаи нақлиётӣ дар роҳҳои Душанбе хабар медиҳад.

Бино ба иттилои ин ниҳод, дастгиршудаҳо Бахтиёр Раҳимов (соли тавллудаш 1989), Бахтиёрҷон Ҷабборов (соли таваллудаш 1987), Алишер Камолов (1988) ва Одил Зокиров (1985) шаби 13 сентябри соли равон дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе, воқеъ дар назди Наврӯзгоҳ мусобиқа-пойгаи нақлиётӣ ташкил ва қоидаҳои ҳаракати роҳро дағалона вайрон намудаанд: “Аз ҷумла, сабқати нодуруст, суръати ниҳоят баланд, итоат накардан ба аломатҳои роҳ аз ҷониби онҳо содир гардид, ки ин кирдори онҳо ҳар лахза метавонист ба садамаи нохуши нақлиётӣ боис гардад”.

ВКД мегӯяд, яке аз онҳо сокини шаҳри Душанбе ва се тани дигар сокини ноҳияи Рӯдакӣ буда, кормандони БДА баъди боздошт протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ирсол кардаанд: “Суд парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати ҳуқуқвайронкунандагонро мавриди баррасӣ қарор дода, ба онҳо ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин кард. Айни замон онҳо ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуда, воситаҳои нақлиёташон бошад, дар ҷаримагоҳи ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе қарор доранд”.


5 шабонарӯз ҳабси ронандаҳое, ки шабона “пойга” мекардаанд (АКС)

5 шабонарӯз ҳабси ронандаҳое, ки шабона “пойга” мекардаанд (АКС)

5 шабонарӯз ҳабси ронандаҳое, ки шабона “пойга” мекардаанд (АКС)
Мӯҳр
ном
5сомон чарима карда чавоб тиеншон дигар хеч карда наметонен мисли дигарон

тарзан
ин хамааш аз зиедарави.мошинашро гирифта ба фонди Рогун бояд супорид то дар он чо хизмат кунад

Чобир
Ино падару модар доран мй? Бепадар мй? Мошина харида метиян дигар назората аз болошон фаромуш мекунанд-мй? МВД бояд ба чойи кори падару модаронашон мактуб равон кунанд ва дар назди коллектив мухокима, мухокима! Ва дар хулоса чаримаи калон!. Хамин хел ягон нафарро зада маъюб ё кушанд пас чй мешавад?

Адолат
Мухтарам кормандони БДА, назди бозори Пойтахт 90 баъди соати 23-24 шаб равед чунин нафарон зиёданд, ки оромии шахрвандонро халалдор месозанд ва "гонка"мекунанд, хамаашон писарони сарватмандон ва рохбарон. Илтимос назорат баред! Бигзор чаримаи калон кунед то ба дигарон дарс шавад ва такрор накунанд...

Вафо
Хеч гох ягон фарзанди одди ин корро намекунад. Онхо медонанд ки одамро пахш мекунанд ё не касе пишакошонро пиш намегуяд......

Фикр мекунед, ки ин гургони шабгард ба падару модар итоат мекунанд? Дар ин синну сол соҳиби Мерседес шудаанд, пас хулоса бароред, аз кадом оилаанд. Ҷазои онҳо ҷаримаи калон аст, беҳад калон! То ки пеш аз дубора паси чамбараки мошин нишастан дилашон ваҳм кунад. Танҳо ҷарима метавонад халқи беинтизомро ба чорчубаи қонун дарорад. Дар кишвари Сингопур барои пасмондаи сигаретро дар куча партофтан 50 доллар ҷарима пешбинӣ шудааст. Ҳамин аст, ки мегӯянд Сингопур мисли утоқи ҷарроҳ тозаву озода аст. Он афроде, ки аз Худо наметарсанд, бояд аз қонуни сахти давлат тарсанд. Сипас Худотарс ҳам мешаванд.

Ин аблаххоро бояд на Панч балки 15 сутка дода ва дар хиебонхои маркази соати 3-5 сахар чоруб кашанд то ки мисли онхо аблаххои ширамасти дигар бо хамсин сурат бо мошинхои хоричи онхоро рубанд. Ана баьд ин дарс мешавад!

муйсафед
барои ин аблахон 5 - шабонаруз чи дарси ибрат мешавад ...хоишмандам аз ВКД ба инхо 5-сол диханд . ки дигароба дарс шавад....ин корхо бовар кунед аз руи масти ва серу пуранд

Бародарон ин гапхо хамааш бехуда аст. Озодагон низ тарафи онхо аст. Каме пул тианд дигар хел макола менависанд ва шумо низ дигар хел мехонед. Гапхои шумо дар гуши хеч каси онхо намедарояд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)