Барномаи вижаи NHK world radio Japan дар бораи истиқлоли Тоҷикистон
NHK world radio Japan дар бораи 25-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон барномаи вижаеро пешниҳоди шунавандаҳояш кардааст.
Масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Ҷопон ба “Озодагон” гуфтанд, ин барнома тавассути маҷаллаи “Барги сабз”-и бахши форсии ин радио пешниҳод гардид: “Барномаи мазкур 18 сентябр соатҳои 13:10, 17:00, 23:40 ва рӯзи 19 сентябр соатҳои 01:40 ва 11:00 пахш гардид. Сабти барнома дар сомонаи https://www3.nhk.or.jp/nhkworld/fa/radio/listener/201609090600/ маҳфуз аст”.
Дар ин барнома паёми Ҳамрохон Зарифӣ, сафири Душанбе дар Токиё перомуни истиқлоли Тоҷикистон ва суҳбати Зубайдулло Убайдуллоев, профессори Академияи байналмилалии Тсукуба оид ба илмҳои варзиш пешниҳод шудааст.
Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 истиқлол ба даст овард ва имсол аз 25-умин солгарди он ҷашн гирифтанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |