Бахшҳо

Талаби 25 соли зиндон барои Бузургмеҳр Ёров

Айбдорунандаи давлатӣ барои Бузургмеҳр Ёров, вакили боздоштшудаи тоҷик 25 соли маҳрумият аз озодӣ талаб кард.

Рустам Тақдирзода, айбдоркунандаи давлатӣ имрӯз, 19 сентябр дар Суди шаҳри Душанбе аз додраси парванда хост, Бузургмеҳр Ёровро 25 сол равонаи зиндон кунад. Тақдирзода аз додрас хост, молу амволи Бузургмеҳр Ёров бо шумули манзил, мошин ва мағозаи ӯ мусодира шавад. Ёров бар пояи бандҳои 189 қисми 2 банди “г”, 247 қисми 2, 307 қисми 2, 307 қисми 1, 340 қисми 2, бандҳои “а”, “б”, “в” айбдор мешавад.

Айбдоркунандаи давлатӣ барои адвокати дигари боздоштшуда Нуриддин Маҳкамов, ки бо моддаҳои 189, қисми 2 банги “г”, 247 қисми 4 банди “б”, 307 қисми 2 банди “г” ва 307 қисми 1 муттаҳам мешавад, 23 соли зиндон талаб кард. Ӯ хост, Ёров ва Маҳкамов ба зиндони низомаш пурзӯр фиристода шаванд.

Бузургмеҳр Ёров рӯзи 28 сентябри соли 2015 баъди эълони азмаш дар бораи таъсиси Кумитаи дифоъ аз аъзои дастгиршудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон аз сӯи мақомоти интизомии кишвар боздошт шуд.

Ёрову Маҳкамов дар барангехтани кинаву адоват муттаҳам мешаванд
Мӯҳр
рп
Инсоф......кани инсоф? Е ин калима дар Точикистон дигар маъное надорад?

аз дидани ин кахрамони хакики милат ба дилам равшани пайдо шуд Худо ба Пешвои бо инсофи милат рахму шафкат ато намоят то ин ду марду шерони ватанро озод кунад.

Ана бигир акнун! На адвакат, руз дора на доктор...

Сарабек
Чи кор мекунен бо ин "чинояткорони хавфнокро" 25 сол зиндони карда бпароненшон тамом! Бпароненшон дигар дар Точикистон хамаи мушкилихо хал! Мисли барк, об, нархои хангуфт, норасоии гизо, шиканчаи боздоштшудахо, ноадолатии судхо, фишор болои апазитсия, кашида гирифтани молу мулки фарзандони мансабдорон, ва садхо мушкилии дигари Точикистонро хамин ду нафар адвакат кардагиян! Шарм намедошта бошанд кормандони макомотхои тафтишоти хамрохи судхо ки бе хичи одама барои 25 сол равонаи зиндон мекунанд!

Агар бо як адвокати қонундон ин хел рафтор кунанд, пас он ашхоси қаторие, ки қонунро намедонанд, дар назди инҳо мурча барин қадр надоранд! Пас, маълум мешавад, ки хизмати адвокатӣ дар ҶТ ҳеҷ будааст. Адвокатҳои нотарсу далерро бо ана ҳамин усулҳо нобуд мекунанд. Ҳарчӣ прокурор хоҳад, ҳамун мешавад. Ана адолату судю мана адолати судӣ!

САРАБЕК КАЙ МАРДОНАВОР РАФТОР КАРДАНРО ШУМОЁН МЕОМУЗЕД?МАГАР ИН РАФТОРАТОН БА ДИЛАТОН НАЗАД?НАХОД ДИЛАТ АЗ САНГ БОШАД?ОХИР ИН АДВОКАТХО НИЗ ОИЛА ДОРАД ФАРЗАНД ДОРАД БЕИНСОФИ ИНХЕЛ НАМЕШАВАД Э МАРДУМ КУЧО РАФТА ИСТОДАЕД БО ИН БЕИНСОФИЯТОН? МАРД ШАВЕН БО ГУРУР ШАВЕД НАНГУ НОМУСИ МАРДОНАРО ФАРОМУШ НАКУНЕД ИН ДУНЁ ДУ РУЗ АСТ ФАРДО ДАР НАЗДИ СОХИ АДОЛАТ АЛЛОХ ЧИ ХОХЕМ ГУФТ

BN
Адолат, конун, инсоф, имон маънои худро гум кардаанд дар нисбати ин масъалахо. Системаи суди побанди кадом як пастию ноадолати гаштаанд ки дидаю дониставу фахмида чунин ноадолатиро раво мебинанд.

нн
гуфтаи акаи амонулло кулухандозро сангандоз дар пеш аст!

Адвокатҳои мӯҳтарами ҶТ! Акнун сохтакорӣ бас будагист. То ба кай шумо аз ҳуд ҳимоятгари мурофиаи судӣ метарошед! Магар намебинед, ки дасту пою забонатон бастааст ва аз тарси прокурорҳо шу муштариятонро пурра ҳимоя карда наметавонед. Агар "аз ҳаб зиёд кӯшиш" кунед, тақдиратон ана ҳамин ду адвокат барин мешавад. Инро шумо нағз медонед! Биноан шумо муштариёни хешро фиреб дода гаштаед. Биёед, корро бас кунед. Аз ҳимояи шумо фойда не, фақат зарар аст. Аз ду сар ҳарчи прокурор хост, ҳамон мешавад. Диктаи давлат дар ҳама ҷо дида мешавад, аз ҷумла дар мурофиаи судӣ.

Э кандаша занад Рустами Такдир. Дар хакикат такдир хама дар дасти шумо будааст. Хай вазифаи баландтар мегири. Бади 3- 4 сол боз дигаргуни ва шумо дар чои Бузургмехру ва ба шумо 25сол ва мусодираи амолатон. Ки медонад, ки чанд соли дигар хамин хел давом мекунад. Дурандеш будан даркор. Бо ин сиёсати пешгирифтаатон дур намеравед. Андеша кунед, ки чойхо бади чанд сол иваз мешавад. Амволхои мусодира шуда азони ки мешавад? Таърих гувох аст. Чунин холатхо хама вакт такрор мешаванд.Барои ду руза кайфу сафо окибататонро дар 2- хаёт андеша кунед.

Чи гуям, ки аз гуфтанам, нагуфтанам, без! Бандҳоро бо худ биёред!

Дар робита ба ин мавзӯъ биёед, саҳнаеро тасаввур мекунем.
Як ё якчанд адвокати далер мехоҳанд барои озрдии Бузургмеҳр Ёров ва шарикаш "кумитае" ташкил кунад. Маълум аст, ки фавран аз ҷониби мақомот дастгир ва ҳабс мешаванд. "Бадбахиона" прокурорҳо ҳар қадар меҷӯянд, "айби" онҳоро ёфта наметавонанд. Ноилоҷ, ин айбро ба сари онҳо мезананд: "Ба мо аз таваллудхона шикоят расид. Ҳардуи шумо дар вақташ дар шиками модаратон баракӣ хобида будед. Дар таваллудатон доядухтурҳо азоб кашидаанд. Ҷазои шумо 25 сол зиндон бо мусодираи молу мулк ба фоидаи духтурҳо!"
Ин қарор аз он далолат медиҳад, ки агар хоҳӣ, аз ҳар кас "айб" меёбӣ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)