Бахшҳо
20 сен 2016 08:55Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Драган Алексоски: Дар Тоҷикистон муҳоҷират дар иқтисод ва рушди миллӣ нақши муҳим мебозад

Душанбеи 19 сентябр Созмони байналмилалии муҳоҷират расман ба низоми Созмони милали муттаҳид пайваст.

Масъулини Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) мегӯянд, пайвастан ба СММ дар шакли “созмони муртабит” сурат гирифта, ҳамкориҳои кориро дар назар дорад ва СБМ тамоми истиқлол ва нишонаҳои муҳими худро нигаҳ медорад. Драган Алексоски, раҳбари дафтари намояндагии СБМ дар Тоҷикистон бо нашри баёнияе гуфтааст, СБМ ба ҳайси созмони пешсафи кор бо масоили муҳоҷират дар ҷаҳон боқӣ монда, ниҳоди мустақил ва байнидавлатии мухтор бо оиннома ва низоми мудирияти худ боқӣ хоҳад монд: “СБМ дар самти муҳоҷират, ҳаракати инсонҳо, ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон ва фаъолиятҳои марбут ба муҳоҷирон, афроди бесарпаноҳ ва ҷомеаҳои аз муҳоҷират таъсирёфта саҳмгузори муҳим боқӣ хоҳад монд”.

Ба гуфтаи ҷаноби Алексоски, дар Тоҷикистон, ки муҳоҷират дар иқтисод ва рушди миллӣ нақши муҳим мебозад, СБМ ба ҳама самтҳои марбут ба муҳоҷират, муҳоҷирон ва аҳли хонадони онҳо сарукор мегирад: “СБМ Тоҷикистон дар ҳамкории наздик бо Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамкорони дигар ҷиҳати риояи ҳуқуқи муҳоҷирон ва тақвияти низоми мудирияти муҳоҷират дар Тоҷикистон кор мебарад. Ҳамакнун, ба ҳайси узви оилаи СММ мо мутмаинем, ки барои мо имкониятҳои нав ҷиҳати пешниҳоди хадамоти беҳтар ба онҳое, ки ниёзманданд, боз хоҳад гардид”.

Бино ба оморҳои ғайрирасмӣ танҳо дар Русия теъдоди муҳоҷирони кории Тоҷикистон ба як миллион нафар мерасад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)