Бахшҳо

ВКД: 133 узви “ДИИШ” ва 4 шарики Ҳоҷӣ Ҳалим ба Ватан оварда шуданд (АКС)

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон 19-уми сентябр зимни ҳамоиш дар мавзӯи «Ҷангҷӯёни террористии хориҷӣ: таҳдидҳо ва масъулиятҳо» дар ҳузури намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи 13 кишвари дунё хостори ҳамкории бештару фавритар дар доираи Интерпол шуд.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ ин ҳамоиш дар доираи лоиҳаи «Калкан»-и пулиси байналмилалӣ-“Интерпол” баргузор гардид, ки ҳадаф аз он муборизаи якҷояи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ мебошад.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ташкилоту гурӯҳҳои хусусияти террористию экстремистидошта, аз қабили «Ал-Қоида», «Ҷундулло», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ансоруллоҳ», «Толибон», «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат-ан-Нусра», «Гурӯҳи 24», ҳаракати динии «Салафия», «Ҳизб-ут-Таҳрир», Ҷамоат-ул-Исломӣ», «Бародарони Мусулмон», «Лашкар-ут-Тайиба», Гурӯҳи исломӣ, ҷамъияти «Таблиғот» ва дигарон кӯшиш доранд, дар як ҷабҳа вазъияти ҷамъиятӣ-сиёсии минтақаро халалдор созанд: “Бинобар ин, кишварҳои минтақа бояд механизми ҳамкориро коркард намоянд, ки он ҳаракат ва интиқоли ҷангҷӯёнро ба минтақаҳое, ки дар он ҷо амалиётҳои ҷангӣ мераванд, пайгирӣ карда тавонад”.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ то ҳол беш аз 150 муттаҳам дар терроризму ифротгароӣ аз Сурия, Ироқ, Русия, Қазоқистон, Туркия ва дигар кишварҳо ба Тоҷикистон баргардонда шуданд, ки аз ин миён 133 нафар узви ДИИШ, 5 узви “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, 4 шарики Абдуҳалим Назарзода, собиқ ноиби вазири мудофиаи Тоҷикистон мебошанд.

ВКД афзуд, вохӯрии сатҳи байналмилалӣ дар мавзӯи «Ҷангҷӯёни террористии хориҷӣ: таҳдидҳо ва масъулиятҳо» имрӯз 20-уми сентябр низ идома хоҳад дошт.


ВКД: 133 узви “ДИИШ” ва 4 шарики Ҳоҷӣ Ҳалим ба Ватан оварда шуданд (АКС)

ВКД: 133 узви “ДИИШ” ва 4 шарики Ҳоҷӣ Ҳалим ба Ватан оварда шуданд (АКС)

ВКД: 133 узви “ДИИШ” ва 4 шарики Ҳоҷӣ Ҳалим ба Ватан оварда шуданд (АКС)

ВКД: 133 узви “ДИИШ” ва 4 шарики Ҳоҷӣ Ҳалим ба Ватан оварда шуданд (АКС)

ВКД: 133 узви “ДИИШ” ва 4 шарики Ҳоҷӣ Ҳалим ба Ватан оварда шуданд (АКС)

ВКД: 133 узви “ДИИШ” ва 4 шарики Ҳоҷӣ Ҳалим ба Ватан оварда шуданд (АКС)

ВКД: 133 узви “ДИИШ” ва 4 шарики Ҳоҷӣ Ҳалим ба Ватан оварда шуданд (АКС)

ВКД: 133 узви “ДИИШ” ва 4 шарики Ҳоҷӣ Ҳалим ба Ватан оварда шуданд (АКС)
Мӯҳр
Gурухи 24 ва хочи халим аз кай боз терорист хонда шудааст ??

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)