Ҳукумат алюминийро барои худиҳо арзонтар кард
Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки фурӯши алюминийи истеҳсолкардаи “ТАЛКО” барои корхонаҳои коркарди дохилӣ бо тахфиф сурат бигирад.
Тибқи қарори ҷадиди ҳукумат, корхонаҳои коркарди алюминийи Тоҷикистон ин металро аз ТАЛКО бо пули миллӣ бо назардошти қурби доллар дар рӯзи пардохт, харид хоҳанд кард.
Ҳукумат муқаррар кардааст, ки ТАЛКО маҳсулоташро бо нархҳои Биржаи металҳои Лондон, мувофиқи нишондодҳои ҳармоҳаи Metal Bulletin Rotterdam ва CRU Rotterdam фурӯшад.
Алюминий, ки яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон мебошад, феълан дар бозори ҷаҳонӣ як тоннаи он ҳудуди 1550 доллар нарх дорад. Корхонаи алюминийи тоҷик-“ТАЛКО” тайи нимсолаи аввали соли равон 73 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта наздики 9 ҳазор тонна бештар мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |