Бахшҳо
20 сен 2016 16:34Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Ҳабси Мавлуда барои қатли ду кӯдаки 1,5-солаи хонаводааш (АКС)

Кормандони милиса Мавлудаи Зиёдулло, сокини 23-солаи шаҳри Истаравшанро боздошт намудаанд, ки дар қатли ду кӯдаки хурдсол, писари хоҳаршӯй ва духтарчаи бародари худ муттаҳам мешавад.

Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин ду ҷиноят тайи як ҳафта рух додаанд ва асрори ин ҷиноят баъди марги кӯдаки дуюм ифшо шудааст: “Дар ҳар ду ҳолат волидон фарзандони хурдсоли худро муваққатан барои нигаҳбонӣ ба Мавлуда супоридаанд”.

Ба иттилои манбаъ марги хурдсол Шафиев Абубакри якунимсола 29-уми августи соли 2016 дар хонаи бобои модариаш, ки Мавлуда келини ин хонадон аст, ба вуқӯъ пайвастаст: “Пайдо кардани ҷисми беҷони кӯдаки солим, дар дохили гаҳвора ҳарчанд ҳодисаи ғайричашмдошт буд, аммо шубҳаи касе аз наздиконро ба вуҷуд наовард ва бо гумони он, ки ҳалокати хурдсол марги табиист бе хабар додан ба ягон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро ба хок месупоранд”.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар пайи ин қазия 4-уми сентябр дар хусуси бедарак гум шудани хурдсол Бобоева Фотимаи 1,5-сола ба мақомоти милиса ариза ворид шудаст: “Баъди як рӯз ҷасади хурдсол дар дохили ҳуҷра зери курпаҳо дарёфт гардид. Ҳарчанд ин ҳолат шабоҳати ҳодисаи нохуш ва беэҳтиётӣ дошт, дари қулфкарда дар ҷойи ходиса шубҳаовар менамуд. Хурдсол ба Мавлудаи Зиёдулло фарзанди бародар мебошад. Дар ин ҷиноят гумонбаршаванда бо истифода аз курпача роҳи нафаси хурдсолро баста ба ҳалокат расонидааст”.

Манбаъ афзуд, кушодани қабр ва ташхис нишон додааст, ки марги кӯдаки якум низ маҷбурӣ буда, тариқи бастани роҳи нафас кушта шудаст.
Мақомоти умури дохилӣ таъкид мекунанд, ки сабаби даст ба ҷиноят задани Мавлудаи Зиёдулло рӯшан нест ва бо волидони кӯдакони кушташуда низ муноқишае надоштааст. Ба иттилои тафтишот зоҳиран ҳам нуқсе дар саломатии ҷисмонӣ ва равониаш дида намешавад: “Васвосӣ ё ба истилоҳ “маняк” ва доштани ҳиссиёти бадбинӣ нисбати кӯдаконро тафтишот ба гумонбаршаванда нисбат медиҳад. Ҷоизи қайд аст, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ хулосаи ташхиси мутахассиси равоншинос гирифта хоҳад шуд. Феълан аз рӯи далелҳои мазкур нисбати Мавлудаи Зиёдулло бо моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбаршаванда ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст”.


Ҳабси Мавлуда барои қатли ду кӯдаки 1,5-солаи хонаводааш (АКС)

Ҳабси Мавлуда барои қатли ду кӯдаки 1,5-солаи хонаводааш (АКС)

Ҳабси Мавлуда барои қатли ду кӯдаки 1,5-солаи хонаводааш (АКС)

Ҳабси Мавлуда барои қатли ду кӯдаки 1,5-солаи хонаводааш (АКС)

Ҳабси Мавлуда барои қатли ду кӯдаки 1,5-солаи хонаводааш (АКС)

Ҳабси Мавлуда барои қатли ду кӯдаки 1,5-солаи хонаводааш (АКС)
Мӯҳр
зебо
Хайвон инсон нест бояд хукми паррон диханд

Тоба кардам баьди хондан сар дардба даромад.Астағфируллоҳ.

Аз кадом куча ё дехаи Истаравшан будааст? менавистед хуб мешуд то ки мо аз хамон тараф боэхтиёт бошем

Тоҷик ориё
Ин қиёфая бинед. О ин маняки таппа таёр ку!
Дар чеҳреш аломатҳои муғулсонӣ дида мешуд. Хуни муғулеш боло гифтос да.

Аҷаб ҳодисаи даҳшатангез. Ин зани бадбашара ё одам нест, ё аз ин олам нест... Ба волидайни кӯдакони хурдсол ҳамдардии худро баён мекунам...

Али
Аз афташ маълум, ки ин зан аз лихози равони сок нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)