Бахшҳо

Афғонистон хостори афви Гулбиддин Ҳикматёр аз СММ мешавад

Расонаҳои Афғонистон тафоҳумномаи ҳукумати Афғонистон бо Гулбиддин Ҳикматёр, раиси ҳизби исломӣ ва яке аз чеҳраҳои ҷангсолори ин кишварро нашр кардаанд.

Бар асоси ин тафоҳумнома ҳукумати Афғонистон тавофуқ кардааст, ки дар бадали барқарории оташбас ба Гулбиддин ва дигар раҳбарони ҳизби исломӣ масъунияти қазоӣ медиҳад ва онҳоро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод менамояд. Ҳамчунин дар ин тафоҳумнома омада, ки ҳукумат дар озод кардани зиндониёни ин ҳизб бидуни таъхир иқдом мекунад. Дар баробари ин Ҳизби Гулбиддин Ҳикматиёр тааҳҳуд кардааст, ки тамоми фаъолиятиҳои низомии худро мунҳал мекунад ва асиронашро раҳо менамояд.

Талошҳо барои пайвастани Гулбиддин Ҳикматёрро ба прусаи сулҳ ҳукумати Афғонистон хеле пештар эълон карда буд ва акнун гуфта мешавад дар ҳамин рӯзҳои наздик Ҳикматёр вориди Кобул мешавад.

Тафоҳумнома бо Гулбиддин Ҳикматёр аз се боб ва 24 модда иборат аст ва қарор буд, ки 8 сентябр миёни Шӯрои Олии сулҳи Афғонистон ва ҳайати раҳбарии Ҳизби исломӣ ва баъдан миёни раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашрафғанӣ ва Гулбиддин Ҳикматёр ба имзо бирасад.

Дар ин тафоҳумнома ҳукумати Афғонистон тааҳҳуд кардааст, ки баъди имзо шудани он аз Шӯрои амнияти СММ хостори бартараф кардани тамоми таҳримҳо барои ҳизби Ҳикматёр мешавад.

Ҳамчунин дар бахши дигаре аз ин тафоҳумнома ҳукумати Афғонистон ваъда кардааст, ки тамоми заминаҳо барои фаъолияти сиёсии Ҳизби исломӣ фароҳам мешавад ва ҳизб аз ҳаққи ширкат дар интихоботҳо бархӯрдор мешавад ва намояндаҳои ин ҳизб дар бахшҳои гуногуни ҳукумат гумошта мешаванд.

Дар моддаи дигаре аз ин тафоҳумнома гуфта шудааст, ки “раҳбари Ҳизби исломӣ метавонад ду ва ё се маҳалро дар Кобул барои будубош худ интихоб кунад ва ҳазинаву амнияти он бояд аз сӯйи ҳукумат таъмин шавад”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)