Бахшҳо
22 сен 2016 17:16Тоҷикистон / Сиёсат

Изҳорот аз номи ҷавонони Рашт: САҲА терроризмро пуштибонӣ мекунад

Дар пайи роҳ ёфтани эътирозгарони тоҷик ба ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Варшава аз номи донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт унвонии “Озодагон” изҳороте расид, ки дар он САҲА пуштибони терроризму экстремизм арзёбӣ шудааст.

Дар ин изҳорот, ки имрӯз, 22 сентябр аз номи донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ворид шудааст, гуфта мешавад, ки аз баҳси эътирозгарон бо намояндагони мақомоти тоҷик дар Варшава тариқи расонаҳо огоҳ шудаанд: “Мо донишҷӯёнро дар ин ҷаласа як чиз нигарон кардааст, ки ҳангоми баромади гуруҳи кории Тоҷикистон дар толори баргузории ҷаласаҳо гуруҳҳои зиддиҳукуматиро, ки барои кирдорҳои ҷинояткоронаи худ дар кофтуков қарор доранд, САҲА дидаю дониста, номнавис карда, ба ин ҷаласаҳо роҳ додааст”.

Ба қавли изҳоротдиҳандагон “Полша кишварест, ки аъзои Интерпол мебошад ва бояд ҷинояткорони дар кофтукоби Интерполбударо дастгир намояд, вале аз чӣ сабаб бошад, ки баръакс онҳоро пуштибонӣ намуда, дар ҳудуди худ роҳ додааст”.

Дар изҳорот таъкид шудааст, “як рафтори Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) боиси нигаронӣ аст, ки чаро ин рафторашонро нисбати ҷинояткороне, ки аз кишварҳои абарқудрат ба мисли Амрико, Олмон, Русия, Франсия ва дигарон раво намебинанд. Пурсида мешавад, ки чаро чунин рафтори ноҷавонмардонаро нисбати Тоҷикистон, ки дар марҳилаи тараққиёт қарор дошта ва ҳамаҷониба институтҳои демократиро ҷонибдорӣ менамояд, раво мебинанд”.

Дар идома изҳоротдиҳандагон таъкид кардаанд, ки САҲА дар гуфтор зидди терроризму экстремизм асту дар асл онҳоро тарафдорӣ мекунад: “Агар инхел набошад, пас чаро ҷинояткоронро дар ин ҷаласа роҳ додаанд? Аз ин рӯ, мо донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ба ақидаи дигар донишҷӯёни кишвар ҳамфикр буда, рафтори Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо(САҲА)–ро маҳкум менамоем”.
Мӯҳр
Ин кори чавононро дида асабам тор тор канда мешавад. Ба фикрам ин дарди бедавоест,ки олимон онро дар точикистон кашф кардааст.чавонони дигар давлатхо бо илмашон машхур гашта бошад чавонони точикистон бо шиорбардориашон ки акли солимро авал ба ханда бад ба гиря меорад.

Рости аз кори хами одамо хандам мегира -и студентои бечорара ба зур чаму гирд кардан онхо бисёршон САХА ро намедонанд чи аст .
Бад ин ки ки бояд мардм бе ягон мачбури намераван чунин мачлиси бемаъне
Афсонаи хурдтаракон

барои хукумати точикистон хар кас ки сухани хакро гуяд террорист хаст.

Аммори Ёсир
Чаро бояд ин изхорот аз номи донишчуёни рашт на сугду на кулоб чун ташкил кунандаи ин чаласоти аз пеш матнаш тарохи шуда максадхо худашонро дунболагири мекунанад
Чун аксарияти аъзои аз нохияи рашт аст ин изхорот дихандагон хешу табори онхо.
Бо таввачух ба ахамияти чаласаи САХА ва таъсиси хамчунин созмон ва кишвари азизи морам узви ин созмон чугуна бифахмем ки то имруз касе бар зидди давлатимо дар он чаласот гап назада буд он созмон зидди терарист буд имруз як гурух эътироз кардааст ин созмон хомии терарист шудааст агар ин хакикат дошта бошад чаро намояндаи кишварамон тарики чаласа намекунад чаро дастгохи раёсати чумхури
баёнияи эътирози бар зидди САХА намедихад аз забони донишчуёне изхорот содир мешавад дар синфи дар хакки изхори назар надоранд.

Терарист ватан милат ҳуқуқ надорад чихел наҳзатиҳо худашонро пок мегиранд ман ҳайрон охир инқадар пулҳоро аз ташкилотҳои баном исломи гирифта бар зиди давлат истифода бурдед

ҳақгуй
Оё донишҷӯён аз ин изҳороти аз номи онҳо пахшшуда хабар доранд? Наход донишҷуйи имрузаи тоҷик то ин ҳад мудерн шуда бошад? Андак инсоф ҳам лозим-дия.

Собир
Чавонон ояндаи миллатанд, бояд ба тамоми фитна ва хатархое ки аз хории кишвар рохандози мешаванд мукобили онњо мубориза бурда фикру акидахои худро гуянд. Мардуми Рашт мардуми бо ору номусанд ва чавонони он низ дар кучое, ки набошанд барои ватан ва миллати худ сазовор мебошанд. Дар кучоянд ки чавонони дигар минтакахои ватани азизамон ки мисли ин чавонон фикру акидахои худро гап зананд. Рашт ба пеш!!!

САХА адолатро тарафдори мекунад. Шумо чавонон терористонро тарафдори мекунед ва шумо озод нестед. Озод агар сухан гуфта ва чамъомад карда метонистед, тамоман чизи дигар мегуфтед. Шумо спектакл мегузаронед

Инҳо ҷавонам нестан, вақте чизе гуяншона ҳамура меган, вақте ҷаноб ба ноҳияи мо омад, гуфтан касе мерава ба маҷлиси ҷаноб қатиш гап мезанад, мардамат лек аз рӯи варақе, ки онҳо медиҳанд, ДАР ВАРАҚИ ОНҲО НАВИШТА ШУДААСТ, КИ ҶАНОБИ ОЛӢ ПЕШВОИ МИЛАТ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ТУ ГАРЕНИ ЯГОН САВОЛ АЗ ХУДАТ НАМЕДИҲИ ТАНҲО ҶАНОБА ТАРИФ КУН.

РАШТ БА ПЕШ !!! БА СУИ ДАШТ !!!

«Мубориз»
Ин нафароне, ки дар дохили бинои САХА дар ш.Варшава тазохурот намудаанд, ин нафарон хастии сохти конститутсионии давлати моро этироф намекунанд, мо низ онхоро хамчун шахрванди Точикистон этироф намекунем.

Огоҳ
Аксари ин донишҷӯёни изҳоротдиҳанда ва насли нави тоҷикро пурсӣ, ки САҲА чигуна Созмон аст ва ҳадафи асосиаш аз чӣ иборат аст, мутмаинам намедонанд! Ҳатто ҳамин шакли кӯтоҳшудаи "САҲА"-ро рамзкушоӣ (расшифровка) карда наметавонанд. Пас, онҳо бо кадом донишу ҷуръат алайҳи чунин як Созмони бонуфузи ҷаҳонӣ изҳороти подарҳаво медиҳанд?

бефикр
Чавононро бояд ба сиёсатбози накашем. Дар асл ин чавонон тарсу, бемавкеъ ва дунёбехабаранд.

Вафо
Хой махмадонохо ба тинчию амонии кишварамон худоро шукр гуед .офарин ба донишчуёни н.рашт мо бо асосгузори сулху вахдати милли пешвои миллат
Эмомали
Рахмон хастем.

Ин донишиҷӯён хуб огоҳ ҳастанд,ки САҲА чи маъно дорад. Илова бар ин дар ин гузорише,ки Дар кишвари Лахистон дируз гузашт ва дар инчо ба кавли матбуоти Ғарб мухолифини точик ширкат варзид ва Ҳукумати Тоҷикистон аз иштироки онҳо нороҳат шул ин иштибоҳ ҳаст! Ҳукумати Тоҷикистон аз он нороҳат шуд,ки САҲА гуфтораш ба кирдораш мувофиқат намекунад мутаасифона.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)