Ронандаи масти “Митсубисӣ” 5 мусофири “Опел”-ро куштаст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз бархӯрди маргбори “Митсубисӣ” бо “Опел” дар ноҳияи Ҳисор хабар дод, ки 5 кушта ва се маҷруҳ барҷой гузошт.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” иттилоъ дод, ки садамаи маргбор, 22-юми сентябр тақрибан соати 01:30-и шаб рух додааст: “Искандари Абдулло, ронандаи 23-солаи “Митсубиси” дар ҳолати мастӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Навбаҳори ноҳияи Ҳисор бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда, ба самти муқобили роҳ баромадааст ва ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи марди 41-солаи сокини ноҳияи Бохтар бархӯрдааст. Дар натиҷаи ин садама 5 нафар, аз ҷумла ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” ва мусофирони автомашинаи мазкур занҳои 41 ва 47-сола, сокинони шаҳри Сарбанд, зани 53-сола ва марди 53-сола, сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Писарбачаи 12-сола, мусофири дигари “Опел” дар беморхона бистарӣ шудааст”.
Манбаъ афзуд, ки мусофирони ҳалокшуда дар ин садама аъзои як хонавода будаанд: “Бар асоси тафтишоти пешакӣ ронандаи “Митсубисӣ” дар ҳолати мастӣ ба самти муқобили ҳаракат баромадааст ва боиси садама шудааст. Таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад ва хулосаи ниҳоиро тафтишот баъдан эълон хоҳад кард”.
Умарҷони Эмомалӣ дар мавриди мусофирони “Митсубисӣ” изҳор дошт, ки ронанда ва як мусофири 25-сола, сокини ноҳияи Ҳисор ҷароҳат бародштаанд ва феълан дар беморхона бистарӣ мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |