Бахшҳо
23 сен 2016 12:04Тоҷикистон / Тема дня

Ширкати ҳиндӣ дар фурӯши доруҳои зараровари шаҳватбарангез муттаҳам мешавад (АКС)

Мақомоти гумруки Тоҷикистон намояндаи 52-солаи ширкатии ҳиндии “Курамакс”-ро дар фурӯши маҳсулоти тиббии пастсифат ва ғайристандартӣ муттаҳам мекунанд.

Тавре аз Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, намояндаи “Курамакс” маҳсулоти дорувориро дар “гараж” нигоҳдорӣ мекардааст, ки хилофи меъёрҳои фаъолият дар соҳаи фармасевтӣ мебошад. Ба иттилои манбаъ аз дохили анбори ғайриқонунӣ аз ҷумла доруҳои шаҳватбарангез барои мардон дарёфту мусодира шудаанд, ки истифодаашон зараровар мебошад: “Аз анбори муваққатиияш ҳабҳои тамғаи «Мефипристон-25 мг», «Мизопростол», «Спазмалгон», хокаҳои «Фарамакс», капсулаҳои тамғаи «Тангкат Али Платинум», «Сила Императора», «Эссенциале форте Н», сӯзандоруи 1 грамма дарёфту мусодира шуданд”.

Хадамоти гумрук бо такя ба хулосаи ташхиси Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Тоҷикистон изҳор медорад, ки маводи дорувории гирифташуда барои ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон зарар дошта, барои истифодаи онҳо иҷозат дода намешавад: “Аз рўи ин ҳодиса нисбати намояндаҳои “Курамакс” парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол карда шудааст”.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Хадамоти гумрук қисме аз ин доруҳо дар дорухонаҳои шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ба фурӯш гузошта шудаанд.


Ширкати ҳиндӣ дар фурӯши доруҳои зараровари шаҳватбарангез муттаҳам мешавад (АКС)

Ширкати ҳиндӣ дар фурӯши доруҳои зараровари шаҳватбарангез муттаҳам мешавад (АКС)
Мӯҳр
Ҳайрон
Доляра гифта кор кардан гиред.
Аз куҷо як инспектори одии таомжня дар шаҳр панҷ квартира мехараду се мошини хориҷӣ дар таги пош аст?

Сокини бе маскан
Агар хамон сохибкори хинд даст ба кисаатон меандохт, албатта, ки дасти холи не, Шумо саломатии миллатро пусти сар мегузоштед. инро хама медонад.

Ҷабрдидаҳо кӣ бошанд.? Очень интересно

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)