Бахшҳо

Пешгӯӣ: Трамп президенти Амрико мешавад

Алан Лихтман, устоди таърихи Донишгоҳи Вашингтони Амрико, ки интихоботҳои раёсатҷумуҳурии Амрикоро аз соли 1984 ба ин сӯ дақиқ пешгӯӣ кардааст, Доналд Трампро барандаи интихоботи имсола гуфтааст.

Ин таърихдон, ки дар пешгӯии интихоботҳои Амрико аз 13 шохис ё калид истифода мекунад, дар суҳбат бо “Вошингтон Пост” гуфтааст, он шохисҳо ба пирӯзии Доналд Трамп, номзади ҷумҳурихоҳон ишора мекунанд. Ба таъкиди Лихтман, пешбинии натиҷаи интихоботи имсол ба яке аз душвортарин пешбиниҳо аз соли 1984 то кунун табдил шудааст. Бо вуҷуди ин Алан Лихтман изҳоор доштааст, “ҳама бояд раъй бидиҳанд”.

Алан Лихтман бо ишора ба вижагиҳои Трамп гуфтааст: “Мо қабл аз ин номзаде ҳамчун ӯ надоштем, ки худро аз ҳисоби дигарон бой кардааст. Мо пештар номзаде надоштем, ки дубор дар баробари ҳарифи худ хушунат барангехт. Номзаде надоштем, ки нерӯи хориҷиро барои дахолат дар интихоботи Амрико даъват кардааст. Ин гуна номзад ҳам надоштем, ки таҳдид ба ҷанг кунад, агар киштиҳо дар обҳои Халиҷи Форс ба мо наздик шаванд. Бо ин ҳама истисноҳои Доналд Трамп мумкин аст ӯ улгуҳои 150 соларо бишиканад”.

Шохисҳои мавриди истифода дар системаи Лихтман шомили калидҳое ба монанди амалкарди ҳизбӣ дар интихоботи миёндавраӣ, рақобат ё набуди рақобати раисҷумҳури феълӣ, муваффақиятҳои ахири сиёсати хориҷӣ ва таҳавулоти сиёӣ мебошад. Ин 13 шохиси Лихтман ҷавоби “дуруст ё ғалат”доранд ва ҳар ҷавоби дурусте ба нафъи интихоби дубораи ҳизбе аст, ки раёсати “Кохи Сафед”-ро бар уҳда дорад. Агар ҷавоби 6 шохис ё бештар ғалат бошад, ҳизби ҳукмрон мумкин аст шикаст бихурад.

Доналд Трамп яке аз чеҳраҳои моҷароҷӯи Амрико ба ҳисоб меравад. Ӯро шахсияти “исломситез” ҳам ном мебаранд. Чанд бор алайҳи мусалмонҳо изҳорот дода ва ҳатто пешниҳод карда буд, вуруди мусалмонҳо ба ИМА манъ карда шавад.

Рақиби ӯ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико Ҳилларӣ Клинтон мебошад.
Мӯҳр
Ризвон
Ба назари банда трап 99 раиси чумхури амрико намешавад

Ворис
Дустон Трамп чунин андеша дорад, ки тамоми мушкили Амрико ба василаи тахдид ва чанг хал мегардад, хусусан мехохад баъди ба пирузи расидан бо тахдиду чанг бисёре аз давлатхоро мутеъи Амрико кунад. Ин амали Трамп ба чанги ядроии чахонии сеюм оварда мерасонад. Яъне пирузии Доналд Трамп ба чахон хатар дорад. Боз мегуям ки у ба воситаи яроку чанг давлатхоеро тобеъ кардан мехохад, ки ин амали уба чанги сеюми чахон боис мегардад. (баъди пирузии Трамп ва ноором шудани Аврупо ва чахон баъд ба ин шарх ру биоред)

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)