Бахшҳо
28 сен 2016 13:47Тоҷикистон / Сиёсат

Илҳом Алиев: Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳанӯз барои кишварҳои ноором пешниҳод мешавад

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар шаҳри Боку бо Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон дидору мулоқот кардааст.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз шаҳри Боку ба “Озодагон” гуфт, ин дидор имрӯз, 28 сентябр сурат пазируфт ва ҷонибҳо бештар масоили ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ намуданд. Ба иттилои манбаъ, Зуҳуров гуфтааст, масоили густариши равобити фарҳангии миллатҳои мо ба ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар марбут аст, зеро алоқаҳои адабӣ ва эҷодии халқҳои мо решаҳои амиқи таърихӣ доранд. “Мо саҳми арзандаи миллати озарбойҷонро дар рушди фарҳанги тоҷикӣ ба хотир дорем. Инҳо муҳаррири аввалин рӯзномаи тоҷикӣ Мирзо Ҷалол, тарҷумони маъруф Раҳим Ҳошим, муаллифи муҷассамаҳои Айнӣ ва Рӯдакӣ, ки дар пойтахти Тоҷикистон қомат афрохтаанд, Фуад Абдураҳмонов мебошанд”,-таъкид намудааст раиси Маҷлиси намояндагон.

Ҷаноби Султонов афзуд, Шукурҷон Зуҳуров дар идома дастовардҳои Озарбойҷонро дар мубориза бо бекорӣ, дар бахши ба даст овардани даромад аз коркард ва истеҳсоли нефт барои кишварҳое ки чунин мушкиолотро доранд, намунаи ибрат донистааст.

Сухангӯи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон мегӯяд, Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон дар навбати худ изщор дошт, ки “корҳои созандагиву бунёдкории бемислу монанди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ба як кишвари дар ҳоли рушд қарор додани Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ сари забонҳост. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон бо гузашти чандин сол ҳанӯз ҳам барои кишварҳои ноором пешниҳод карда мешавад”.

Алиев гуфтааст, доштани таърих, тамаддун, дину мазҳаб ва фарҳанги муштарак ба мо имкон фароҳам меорад, ки робитаҳои худро дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла, сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳанг, варзиш, туризм ва ғайра тақвият бахшем.

“Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин дигар масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла мубориза бо зуҳуроти номатлуби ҷомеа мисли терроризм, экстремизм ва дигар масъалаҳо баҳсу баррасӣ шуданд”,-таъкид намуд Муҳаммадато Султонов.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)