Хусумати ҳамсоя ва майнӯшии фоҷеабор дар Конибодом
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 31-солаи шаҳри Конибодом хабар дод, ки дар қатли ҳамсояаш муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод 28-уми сентябр, тахминан соати 15:00 марди 31-сола дар хонаи истиқоматиаш нӯшокии спиртӣ истеъмол намудааст, ки дар натиҷа хусумати қаблияш нисбати ҳамсоя авҷ гирифтааст: “Дар ҳолати мастӣ бо сабаби хусумати шахсӣ ба хонаи ҳамсояаш марди 45-сола омада, бо корд як бор ба қафаси синааш зарба задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, феълан алайҳи дастгиршуда, бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ-“куштор” парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |