Бахшҳо

Меҳмоншоҳ Шарифзода: Ғарб рӯзе худро дар Мавлоно пайдо мекунад

Мавлоно, дақиқан дар афкор ва андешаи инсонӣ кореро кард, ки Аттор пешбинӣ карда буд: “Рӯзе шавад, ки ин кӯдак фитна бар олам занад”. Мусоҳибаи Иршод Сулаймонӣ бо андешаманди мавлоношинос Меҳмоншоҳ Шарифзода рӯйи шахсият ва “фитнаҳоест”, ки бар олам зада...

Озодагон: Мавлоно аз камтарин донишмандон ва шоирони форсу тоҷик аст, ки шуҳрати ҷаҳонӣ дорад ва дар қарни ҳозир ҳам дар фазои фикрӣ ва андешаӣ яке аз ҳукком аст. Ба назари Шумо Мавлоно чӣ дорад, ки дунё ин қадар муштоқи ақлу андеша ва шеъри ӯст?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Мавлоно, оинаи тамомнамойи идеолҳои башарият аст. Оинаест, ки ҷаҳону идеолҳои онро зинда, дар ҳоли дигаргунӣ ва ҳаракат аз сӯи хоми ба пухтагӣ менамояд. Ҳар касе вобаста ба зарфияташ ҳақиқати худро метавонад дар Мавлоно бубинад. Аз аҷзу камоли башар огоҳ аст ва ҳар ки дар осори ӯ ҳар чӣ ҷустуҷӯй мекунад, меёбад. Ин на танҳо қудрат, балки равонӣ ва ширинии забони порсист. Чаро ки ӯ он сӯйи калимот ва воқеияти забонии башар аст, дар оламест, ки маъниҳо доранд ба либоси калимаҳо дохил мешаванд. Бале, он маъниҳои баланди фалсафӣ ва ирфониро, ки Ибни Арабӣ, Ғаззолӣ ва дигарон дар осори насрии худ зикр кардаанд, Мавлоно ба осонӣ дар забони шеър бо ишқу дард тасвир кардааст. Дар дунёи Ғарб имрӯз осори Ибни Арабӣ, Ғаззолӣ ва дигар орифону шоирони исломиро ҳам тарҷума карда истодаанд, вале воқеан ошиқони шеъру андешаи Мавлоно бештаранд ва дар ҳоли афзудан мебошанд. Мавлоно барои ҷаҳони бедор “хобдидаест, ки дигар гунг нест”...

Озодагон: Яке аз мутарҷимони инглисии осори Мавлоно дар Амрико замоне дар нашрияи “New York Times” навишта буд, ки “масъалаи маҳбубияти Мавлоно дар ИМА ба гуруснагии ахлоқии мардуми мо бастагӣ дорад”. Агар чунин аст, Мавлоно барои серии ахлоқии башарият, хусусан Ғарби имрӯз чӣ дастархоне густардааст?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Фикр кунам на танҳо касодии ахлоқ, балки бештар ишқу озодӣ, ки дар осори Мавлоно ба зебоӣ ва амиқӣ тасвир мешаванд, ӯро дар Амрико маҳбуб кардаанд. Инчунин технологияи ҳозиразамон имкони зиёд шудани тарҷумаҳоро ба забонҳои гуногун, ба хусус инглисӣ ва паҳншавии онҳоро бештар кард. Рӯз ба рӯз тарҷумаи шеърҳо зиёдтар, сабуктар, суфтатар ва ба асл наздиктар мешаванд. Воқеан Мавлоно ҳанӯз барои башарият паёми зиёд дорад. Рӯзе мешавад, ки Ғарб ё Дунёи Куҳан (Амрикоро Дунёи Нав мегуфтанд) ҳам худ, афкори худ ва ормонҳои худро дар Мавлоно пайдо мекунад. Ғарб дунёест, ки борҳо буҳрони ҳуввияти худро аз сар гузаронида ва ҳамин солҳо ҳам дар буҳрон аст. Фикр кунам пайёми хуби Мавлоно барои сиёсатмадорони ғарбӣ ин паём дар бораи адаб аст.
Беадаб танҳо на худро дошт бад,
Балки оташ дар ҳама офоқ зад...
Ҳар ки бебокӣ кунад дар роҳи дӯст,
Раҳзани мардон шуду номард ӯст.

Озодагон: Имрӯз Мавлоноро гуруҳе шоири ориф, қисме орифи шоир, иддае як сӯфӣ, бархе як андешаманди болотар аз дину мазҳаб ва шуморе як рӯшанфикри исломӣ медонанд. Ҳарчанд Мавлоно бар ин иддаоҳо дар замони худ посухе дода буд:
“Чӣ тадбир, ай мусалмонон, ки ман худро намедонам,
На тарсову яҳудиям, на габру на мусалмонам!
На шарқиям, на ғарбиям, на барриям, на баҳриям,
На аз хоки табииям, на аз афлоки гардонам!”
,вале боз ҳам агар дақиқ кунем, Мавлоно кист?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Воқеан ин нуқтаест, ки барои онро шарҳ додан ва аз ҳолу мақоми Мавлоно огоҳ будан, дар он ҳолу мақом бояд буд. Вале мо мардумем, ки ҳудудҳо, сарҳадҳо ва чорчӯбаҳои гуногун моро аз ҳақиқати ҳоли Мавлоно дур кардаанд. Шояд аз рӯи дарки калимаҳо ҳарфе мезанем, вале ҳанӯз ҳам ҳарфҳо аз шинохти он чи Мавлоно мегӯяд пардае беш нестанд. Ин ҳама ишорати роҳ аст, ки рафтан даркор, то маънии аслии ҳоли Мавлоноро дарёбӣ...

Озодагон: Осори Мавлоно саропо барои башарият ва таҳаввулу тағйири ӯст. Баъзеҳо ҳам муддаӣ ҳастанд, ки манзури Мавлоно аз Худо инсон аст. Мавлоно чӣ инсонеро сохтан мехоҳад ва сарнавишти инсониятро чӣ гуна рақам заданист?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Ба фикрам, манзури Мавлоно аз Худо Худост ва ҳар кадоме дар зинаҳои шинохти худ қарор доранд. Қиссаест аз “Фиҳӣ мо фиҳӣ”-и Мавлоно, ки “марде пеши Шамсиддини Табрезӣ фарёд мекард, ки “Худоро исбот кардам”, то Мавлоно ба ӯ мегуяд, “эй аблаҳ, Худо ба исбот кардан ҳоҷат надорад, худро агар метавонӣ дар баробари Худованд исбот кун”. Инсонро дар ҳоли иртиқо ва камолёбӣ медид, ки ба гуфти ӯ “ҳар замон нав мешавад дунёву мо”. Ин аст, ки аз будани “сустаносирҳо” малул буд ва мисраҳои машҳурро гуфта буд, ки:
...Ди шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.
Гуфтанд, ки ёфт менашавад ҷӯстаем, мо,
Гуфт он ки ёфт менашавад онам орзуст...
Мавлоно мақоми инсонро бисёр аҷиб дарк карда буд, ки дар вуҷуд ва тиннат чӣ гуна тазоддҳоро тавониста якҷо намуд ва бо онҳо зист.
Гаҳ рашк барад фаришта аз покии мо,
Гаҳ бигрезад дев зи бебокии мо.
Ҳамоли ҳақ аст ин тани хокии мо,
Аҳсант ба ҳама чустиву чолокии мо.

Озодагон: Яке аз пурбаҳстарин ҷанбаҳои шахсият ва зиндагии Мавлоно робитаи ӯ бо Шамс аст. Ғарбиҳо ин робитаро фаротар аз ахлоқи шарқӣ баҳогузорӣ мекунанд. Вале дар воқеъ дар ин робита Шамс кисту Мавлоно кист? Инҳо чӣ Шамсу чӣ Мавлоноянд?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Воқеан имрӯз мақолоти Шамс аз шахсияти огоҳ, озод ва инқилобӣ будани ӯ дарак медиҳанд. Шамсиддин худ гуфта буд, “маро дар ин олам, бо авом, ҳеч коре нест! Барои эшон, наёмадаам! Ин касоне, ки раҳнамои оламанд, ба ҳақ, ангушт бар раги эшон, мениҳам!” Ин аст ки марде чун Мавлоноро тавонист дигар кунад. Шамсиддин он “яқини хаёлсӯз”-ро дошт, ки Мавлоно тавсиф кардааст: “Ҳазор хаёл фуруд меояд, ки аҷаб фоида кунад ё накунад ва таъсири ин хаёл ҳазор коҳилию малолат медиҳад. Он яқини хаёлсӯз, ку?”

Озодагон: Ҷомеаи мо имрӯз чӣ қадар ба андешаи Мавлоно садоқат дорад ва оё Мавлоно тавониста, ки дар зиндагии мо асаргузор шавад?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Шояд шахсиятҳои алоҳида андешаи Мавлоноро дарк карда ва ба ин андешаи воло, зебо ва созанда садоқат дошта бошанд, вале на ҷомеа. Ҳанӯз ҳам барои ҷомеаи мо Мавлоно “он гунги хоб дидаву, моем тамом кар” аст. Мо дар ҷомеае ҳастем, ки баръакси Шамсиддин ва Мавлоно бо шиорҳо зист дорем на бо маъниҳо. Шахсияти воқеии Шамсиддин ва Мавлоно ҳанӯз дар ҷомеаи мо шинохта нашудаанд. Тарзи ҳаёти ҷомеаи мо ба пуррагӣ муқобили будани ин гуна мардон аст. Номи Мавлоноро ҳам танҳо чун шиор баланд кардаем вале мардуми дигар, ба хусус дар Амрико, ғарқа дар маънианд ва ба сатҳи зистани бомаънӣ расидаанд...
Мӯҳр
хакикат
Гарб кайхост, ки аз бахри шеьру шоири гузаштааст. Танхо гурухи кучаки донишмандону ва равшанфикрон аз Мавлави хабар доранд. Дунеи Гарб чомеаи истеъмолкунанда (потребительское общество) аст. Мехмоншо каме муболига кардааст))

Сухбати хеле хуб, аммо баъзе никисихо дорад. Суханни Аттор дар хакки Мавлоно тахриф шудааст, Хеч гох нагуфта, ки "фитна дар олам занад". Сухани АТТор дар хакки Чалолуддини худсол ин аст, ки ба Бахоуддини Валад гуфтааст: "«ин фарзандро гироми дор, зуд бошад, ки аз нафаси гарм оташ дар сўхтагони олам занад». "Фитна" комилан маънии манфи дорад. Баъдан оё Амрико "гарка дар маъни" асту мардумаш ба сатхи "зиндагии бамаъни" расидаанд? Истикболи равшанфикрони Гарб аз Мавлоно махз барои андешахои инсонгароёнааш аст, мехоханд бо андешахои Мавлоно касодии ахлокашон ислох кунанд. Аз чумла конуни шудани хамчинсгарои. Кучо шунидам, ки яке аз дастовардхои бузурги Амрико ин буда, ки хамчинсгароиро конуни кардааст. Ин икдом кади чиддист ба суйи хайвони. Гарб, хоса Амрико рох ба суйи хайвоният дорад...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)