Бахшҳо

Шӯрои уламо маҳри камтарини занро 500 сомонӣ ва тӯйҳои бодабдабаро ғайриисломӣ хонд

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, маҳри зан дар кишвар набояд камтар аз 500 сомонӣ бошад.

Ин ниҳод дар посух ба суоли Муслим, як корбари сомонааш изҳор доштааст, ки “аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ камтарин миқдори маҳр 10 дирҳами шаръӣ-тақрибан 500 сомонӣ аст ва набояд аз ин миқдор кам шавад. Таъини маҳри аз ин бештар ба зан вобаста асту бо ризоияти тарафайн сурат мегирад. Зан ҳаққи таъйин кардани онро дорад”.

Ба суол, ки тӯй бояд дар доираи шариат чӣ гуна гузаронда шавад, Шӯрои уламо посух додааст, ки “баргузор кардани маросими тӯй, ки дар истилоҳи шариат “валима” гуфта мешавад, бояд дар доираи имконияти шахс бошад ва дар он исроф ва харҷи беҳуда кардан хилофи дастуроти дини мубини Ислом аст, зеро Худованд исрофро дӯст намедорад”.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе аз иҷро нашудани қонун дар бораи танзими расму оин дар пойтахт ва исрофкории гуруҳи одамон изҳори нигаронӣ карда, барои ислоҳи вазъ ба масъулин як моҳ муҳлат дод.
Мӯҳр
е
Мухтарам муфти,

Холо нархи як гусфанд 1000 сомони аст. Наход зан аз гусфанд арзонтар бошад?

точик
Аз ду сар шумо ишкамчаронхоро касе гуш намекунад

туи бадабдабаро ки мекунад? худи шумо ва дигар рохбарон не ми? аник аст ки ин ба одамони оди дахл надорад бояд факат камбагал кори исломи кунад?

мехмон
Танзим умуман риоя намешавад !! Бечора чавонон аз набудани маблаг занхои аз худ чандин сол калони русро мегиранд.

Озод
Бас кунед хамин гуломбозиятонро. Худоро шарманда накунед. Зан дигар мол нест ва махр надорад. Ин суннати бади диниро бояд дар ахлотчои торих андохт. Занон хам бояд бедор шаванд ва худфуруши накунанд.

Донишчуи ДМТ
Маҳр чист? Дар кадом китоб навишта шудааст? Мехоҳам бифаҳмам. Магар одам мол аст, ки дар бозор фурӯхта мешавад ва он нарх дорад. Ин нарх бо мақомоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа шудааст ё на?

Точик
То вакте ки точик аз доми хурофоту торикии асримиенаги ва муллохои фиребгару чохил озод нагардад, мо хеч гох таракки нахохем кард! Наход дар асри 21 бо коидаву меъерхои асри 6-и араби кучманчиву сусморхур зидагони кунем! Озодагон чоп кун!

муслим
Ва ба занон маҳрашонро ба хушдилӣ бидиҳед. Ва агар занон аз баъзеи маҳр барои шумо ба хушдилӣ даргузаранд, пас, онро созгору хушгувор бихӯред. (сурат Нисо ояти 4)

И нархи гуфтаги шумоба факат аз даст мегири б/у.)) Наваша хохи аз 3000$ сар мешавад. Ин аст хакикати Точикистон. Барои хамин аксари мардхо бе зан гашиаанд.

Донишчуи ДМТ,
махр хамоне ки пайгамбар с фармудааст агар кабулаш накунед мудохила накунед

Zar
Тоба кадри занхоро пас задед мо молем ки ба савдо мегузоранд? Ин хел гуед дар 1000сомони ду зан мегиранд ин холат сафи занони талок додаро зиёд месозад

Эй мардум шумо чихо гуфта истодаед акли солим надоред дониши кофи нест шуморо чи хад инчо надониста харфхои бемани бе мантик мегуед.Ин махр нархи бакорати зан аст ки духтари бомани бо маърифат дар ин асри фасод ки тамоми бандагон чи занхо бошад чи мардхо даст ба зино мезанад аммо духтари бо маърифат худашро эхтиёт мекунад боодобу бомани зиндагиашро пеш мебарад Шариати бузурги Ислом ки хамеша гамхори марду занхо мебошад ин корхои занхои бомаърифатро ба назар гирифта махр барои занхо карор додааст ва ин махрро шурои уламмо хак надорад муаян кунад ин махрро танхо худи духтар муаян мекунад агар духтар бо маърифат порсо бошад хазор долар махр монадхам хак дорад зеро у арзанда мебошад.Шумон мардум кадри зан модарро намедонед зани халолии худро монда ба занхои бегона назар мекунед парво намекунед аммо вакте махрро шунидет дар хар хел фикрхо фуру рафтед.шумо сарфахми махр намеред пас хак надоред сухан гуед якбор китобро хонед,ки махраш чист
Махр ин барои духтархои бомаърифат боодоб дода мешавад зеро арзандаанд барои духтархои кучаги панч дирам хайф!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)