Бахшҳо

Дастури Убайдуллоев: Фаъолияти масҷидҳо “он-лайн” назорат шавад

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе имомхатибони масоҷиди панҷвақтаю ҷомеи пойтахтро маваззаф намудааст, ки дар масоҷид дурбинҳои назоратию дастгоҳҳои кашфи металҳоро насб намуда, тариқи “он-лайн” бо масҷиди марказии ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб пайваст кунанд.

Тавре аз дафтари матбуоти шаҳрдорӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, қарор барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дар масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳри Душанбе қабул шудааст.

Убайдуллоев дархости Саидмукаррам Абдулқодирзода, сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи «Ҳоҷӣ Яъқуб» ва Кумитаи динро ба назар гирифта, дастур додаст, ки тамоми дурбинҳои мушоҳидавии масоҷиди пойтахт мутамарказ ва ба масҷиди марказӣ пайваст карда шаванд: “Сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи «Ҳоҷӣ Яъқуб» ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳри Душанбе баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон бетаъхир дар даромадгоҳ ва нуқтаҳои зарурии масҷидҳо камераҳои мушоҳидавӣ, дастгоҳҳои статсионарӣ ва дастии магнитии кашфи ҷисмҳои металлиро насб намуда, фаъолияти мунтазами самараноки онҳоро таъмин ва баҳри ба маркази ягона дар масҷиди ҷомеаи марказии шаҳри Душанбе ба номи «Ҳоҷи Яъқуб» тариқи реҷаи мустақим (оn-line) ба роҳ мондани назорати доимии онҳо саҳмгузорӣ ва чораҷўӣ намоянд”.

Тибқи қарори Убайдуллоев мақомоти умури дохилӣ ва амният муваззаф шудаанд, ки барои амалӣ намудани ин иқдом мусоидат кунанд.

Раиси Душанбе муовинаш Ҷамила Лангариеваро масъули иҷрои ин қарор таъин кардааст.
Мӯҳр
Рустам
Сталин мешавед муборак сталинизм..

марказхои дилхуширо мустаким назорат кунед.минисахоро гаихоро онлайн тамошо кунед...фахшу зинову зулму пораву чиноят дар кучову камераи назорати дар кучо!!!!!??

ali
Ман ба як чи хайронам барои чи дап масчидхо ин хама металоискателу камераву ину он ?магар шумо гами намозгузоронро мехуред?пас чи хел фахмем чанги эълонношудаи макомот бо масчидхоро?намозгузоронро аз ки мухофизат менамоед?аз худи намозгузорон?хушбахтона байни намозгузорон чангу занозаниву дар масчидхо дузди намешавад аз хама чои ором ва амн масчид хаст ва мебошад ва шумо бо ин ташшабусатон охирон чои чамъиятии амнро ноамн карда истодаед,бехтараш ин дастгохоятонро бурда дар дискоклубу стрипбар васл кунед .аз ин кор ягона максади хукумат назорати пурра аз намозгузорон аст ва шояд ояндаи наздик мо шохиди дар хонахоямон васл кардани дурбинхои он лайн шавем,ачаб замон шуд да.

Хамон дурбинхоро дар казармахои аскари насб мекардед хубтар мешуд.

в
Хайр гиред масчидхоро умуман бандед.

Бебок
Низом асоси пойдории чомеа аст ва мардум онро дуст медоранд. Офарин, Убайдуллоев!

Darvesh
Ajib!!!!!!!!!! Mo ba kujo ravonaem?????? Ba sui davlati huquqbunyod va demokrati vayo ba nazdi Margi sudkhur!!!!!!!

Ъоси
Мо як чизро намефахмем. Хукумат чи максад дорад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)