Бахшҳо
05 окт 2016 08:38Тоҷикистон / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон: Рӯзи забон падидаи таърихии замони истиқлол аст

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи як паёми табрикии телевизионӣ ба ифтихори Рӯзи забон, ки дар Тоҷикистон чанд соли ахир 5 октябр таҷлил мешавад, забони давлатиро муҳимтарин рамзи истиқлоли давлативу сиёсӣ хонд.

То чанд соли пеш, Рӯзи забон дар Тоҷикистон 22 июл, мусодиф ба қабули қонун дар бораи забон аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, таҷлил мегардид. Аммо Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи забони давлатиро яке аз падидаҳои таърихии замони истиқлол номид. Ӯ гуфт, “маҳз истиқлолияти забонӣ пояи истиқлолхоҳии кишварамонро ташкил медиҳад”.

Президенти Тоҷикистон дар идома таъкид кард, дар даврони истиқлоли давлатӣ забони шевое, ки бо он аз қофиласолори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик – Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва адибону олимони муосир осори гаронбаҳои илмиву адабӣ эҷод намудаанд, ба маснади волои худ нишаста, муаррификунандаи ҳақиқии соҳибони худ – миллати тоҷик дар ҷаҳони муосир гардид.

Дар паёми табрикии худ Эмомалӣ Раҳмон ба тозаву ғанӣ гардондани таркиби луғавии забон даъват кард. Дар ин замина аз нақши муассири расонаҳо ёдрас шуд ва ва таъкид намуд, дар ин кор саҳми воситаҳои ахбори омма бояд назаррас бошад ва масъулони он ба покизагии забон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, зеро воситаҳои ахбори омма оинаи пурҷилои забони миллӣ маҳсуб меёбанд.
Мӯҳр
Илохо то чахон боша ту боши Замину
осмон боша ту боши Замину осмон бошад
саломат Дуогуят кунам то рузи киёмат
Мухтарам чаноби оли Шуморо ба муносибати рузи забон ва зодрузатон муборак бод гуфта ба Шумо саломати умри дароз ва чи нияте ки дар калб дошта бошед амали хохад кард, 1000 сола шавен ШохиТочикиони чахон!

Нидои ниёкон
Ин забон ёдгоре аз гузаштагони номдори мо аз Зартушт то устод Айни аст ва хеч боди мухолифе натавонист ин дарахти тановарро ки гохе дари ва форси ва точикияш мегуем аз чо барканад на араби гаддор, на мугули хунхор ва на дигару дигараш. Албатта дар замони Зартушту Испотамон ин забон ба ин шаклаш набуда аммо хеле монанди дошта.. Бинобар ин аз Самарканду Бухоро то Кулобу Хучанду Бадахшон ва Хироту Кобул ва дигар сарзаминхои точикнишин вазифа доранд то ин гавхари тобноки ниёконро пос бидоранд ва албатта Рахмонро рахбари маънавии худ бипиндоранд. Дар хамин хол аст ки мо метавонем бар душманонамон пируз бошем. Чахонбинии араб барои араб чахонбинии турку мугул барои турку мугул ва чахоннигарии точики барои точикон бошаду осудаву ором зиндаги кунем дар руи ин кураи хоки

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)