Бахшҳо
05 окт 2016 14:41Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Гузориши аксӣ аз ифтитоҳи Маҷмааи Нишон ва Парчам дар Кӯлоб

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 5-уми октябр дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб Маҷмааи Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон нишони давлатӣ дар пояи баландияш 27,7 метр насб шудаст, ки аз ин андоза 5 метр таҳкурсии мармарпӯш мебошад: “Фармоишгар ва маблағгузори иншоот Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб мебошад. Пояи асосӣ ва таҳкурсию сутунҳои даромадгоҳи майдони Нишони давлатӣ аз ҷониби ҶДММ "Фаридун" сохта шудааст”.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатиро, ки дар пояи баландияш 52,5 метр барафрохта шудааст, ифтитоҳ намуд: “Парчами давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб бо фармоиш ва маблағгузории ҶСК "Ориёнбонк" бунёд гардида аз матоъи андозаи 14 ба 7 метр омода ва дар пояи аз металли махсус сохташуда насб гардидааст”.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон пояи асосии парчам дар назди панҷ сутуни мармарини бузург ҷойгир аст, ки шакли меъмории қадимиро таҷассум менамоянд: “Таҳкурсии пояи Парчами миллӣ низ рӯйпуш бо мармар буда 2 метр баландӣ дорад ва дар шакли ду чоркунҷаи руйи ҳам бунёд шудааст. Аз ду канори даромадгоҳи асосии майдони Парчами давлатӣ бо намои санъати волои меъморӣ ду муҷассамаи шерони болдор қомат афрохтааст, ки рамзи шоҳони Хатлонзаминро таҷассум менамоянд. Баландии муҷассамаҳои шерони болдор бо таҳсутунҳо 3 метрро ташкил медиҳанд. Муҷассамаҳои шерони болдор аз ҷониби Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва Аъзои иттифоқи рассомон Шамсиддин Одинамадов эҷод ва бо маҳорати хоса оро дода шудааст”.

Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати корҳои сохтмонии он изҳори қаноатмандӣ намуда, масъулони дахлдорро барои пайваста дар ҳолати ободу зебо нигоҳ доштани ин макони тозабунёд вазифадор намудаст.


Гузориши аксӣ аз ифтитоҳи Маҷмааи Нишон ва Парчам дар Кӯлоб

Гузориши аксӣ аз ифтитоҳи Маҷмааи Нишон ва Парчам дар Кӯлоб

Гузориши аксӣ аз ифтитоҳи Маҷмааи Нишон ва Парчам дар Кӯлоб

Гузориши аксӣ аз ифтитоҳи Маҷмааи Нишон ва Парчам дар Кӯлоб

Гузориши аксӣ аз ифтитоҳи Маҷмааи Нишон ва Парчам дар Кӯлоб

Гузориши аксӣ аз ифтитоҳи Маҷмааи Нишон ва Парчам дар Кӯлоб

Гузориши аксӣ аз ифтитоҳи Маҷмааи Нишон ва Парчам дар Кӯлоб

Гузориши аксӣ аз ифтитоҳи Маҷмааи Нишон ва Парчам дар Кӯлоб
Мӯҳр
5, 15, 25, 27 ракамхое хастанд, ки ба инсонхои хубу покдил рост меоянд Имруз 5 ум аст, зодрузи Чаноби Оли аст. Зодрузе, ки хушихои зиндагиро тули чандин солхо барои миллати точик бахшид. Худоё, кушодашави бо дасти мубораки ин абармард 27,7 метри нишони давлати барои мардуми поксирати Кулобшахр хушрузихо биёварад.

исмоил
аксашро гузор иқа таъриф накарда

п
шахрванд,

Агар фардо президент дигар шавад ва рузи таваллудаш 6-ум бошад, ту барин маддохон 6-ро хам раками нагз эълон мекунед. Точикистонро шумо маддохон расво кардед.

Рост гуфти, шахрванд. ИН маддохон холо 70% ахолиро ташкил медиҳанд. Ин одат ба точикон аз бобои мугуламон мерос мондааст...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)