Занги Мирзиёев ба Э. Раҳмон ва розигияш аз натиҷаҳои сафари Комилов

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 5-уми октябр бо Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Узбакистон сӯҳбати телефонӣ дошт.
Тибқи итилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум роҷеъ ба масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбакистон мубодилаи афкор анҷом дода, ба дурнамои рушди онҳо таваҷҷуҳ намуданд: “Шавкат Мирзиёев Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрузаш самимона табрик намуд”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки зимни суҳбат аз натиҷаҳои сафари кории ахири вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ахиран Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Абдулазиз Комилов масоили обу энержӣ, ҳамлу нақл, сафари тарафайни шаҳрвандон ва амнияту тиҷоратро баррасӣ карда буд: “Ҷонибҳо изҳор доштанд, соҳаҳо барои ҳамкорӣ хеле зиёданд ва талоши ҳар ду ҷонибро талаб мекунанд. Ниҳодҳои дахлдори ду кишвар бояд фаъолияти муназзам анҷом диҳанд, то робитаҳои байнидавлатии Тоҷикистону Узбакистонро ба масири нав бароранд”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки муносибот бо Узбакистон дар сиёсати хориҷии давлат аз авлавият бархӯрдор аст: “Муносибатҳои хуби ҳамсоядорӣ дар заминаи эҳтирому манфиати тарафайн ва анъанаҳои таърихӣ бояд таҳким ёбанд”.
Ҷонибҳо дар мадди аввал зарур хондаанд, ки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ густариш ёбанд, то барои ҳамкориҳо дар соҳаҳои дигар заминаи хуб муҳайё шавад. Зимни ин мулоқот инчунин масоили обу энержӣ, ҳамлу нақл, сафари тарафайни шаҳрвандон баррасӣ шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон ва Комилов изҳор доштаанд, ки Тоҷикистону Узбакистон бояд дар ин самтҳо ҳамкории созандаро пеша кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |